Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қавми қаршилик дар Тамошогаҳи мири Кӯлоб


Маҳаллаи қаршиликҳо дар Кӯлоб
Маҳаллаи қаршиликҳо дар Кӯлоб

Қаршиликҳо, як қавми хоси узбактабор дар Кӯлоб аз зиндагии худ дар паҳлуи тоҷикҳо розианд, вале канда шудани иртибот бо ҳамтаборонашон дар Узбакистон онҳоро сахт нигарон кардааст.

Дар ҷараёни таҳияи барномаи «Як рӯз бо шумо» мо бо зиндагии ин мардум ошно шудем ва аз онҳо пурсидем, ки чӣ тавр дар Кӯлоб муқимӣ шудаанд.
Ҳоло наздики 400 хонаводаи узбактабор, ки бештар бо номи қаршилик маъруф ҳастанд, дар маҳаллаи Тамошотеппаи шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунанд. Ин мардум ҳанӯз 90 соли пеш бо шутурҳои худ ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон ба Кӯлоб омаданд ва ин ҷо муқимӣ шуданд.

Корвоне, ки аз Қаршӣ то Кӯлоб омад

Камол Қодиров
Камол Қодиров
Камол Қодиров, сокини ин маҳалла мегӯяд, гузаштагонашон аз Қаршии Узбакистон дар аввали солҳои 1920 ба Кӯлоб омадаанд. Ӯ аз дидаву шунидаҳои худ дар мавриди гузаштагонаш чунин қисса мекунад: «Бобоҳои мо корвонкаш буданд. Вақте ки инқилоби Октябр дар соли 1917 дар Русия ғалаба кард ва ҳудуди Узбакистони имрӯза низ ба Русияи шӯравӣ ворид шуд, «Узбактранс» ташкил ёфт. «Узбактранс» мисли автобаза буд ва фақат фарқаш ҳамин буд, ки нақлиёташ шутурҳо буданд. Бобоҳои мо бо шутурҳояшон ба «Узбактранс» ба кор даромаданд ва аз Тошканд то Душанбе бо шутурҳо бор мекашиданд.»

Тоҷикистон то соли 1929 ҳамчун ҷумҳурии автономӣ дар ҳайати Узбакистон шомил буд ва аз ин рӯ дар қаламрави ин кишвар низ «Узбактранс» хизмат мерасонд. Соли 1929, замоне ки корвонҳои «Узбактранс» дар ҳудуди Кӯлоби имрӯза қарор доштанд, Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ба ҳайси як ҷумҳурии алоҳида расман эътироф кард. «Узбактранс» ба «Тоҷиктранс» табдил ёфт ва аз 60 то 80 шутури он бо соҳибонаш ба хидмати ҷумҳурии нави сотсиалистӣ камар бастанд.

Вақте ки шутурдорӣ аз байн рафт…

Ута Қаҳҳоров
Ута Қаҳҳоров
Ута Қаҳҳоров, сокини дигари маҳаллаи маъруф бо номи Қаршиликҳо сӯҳбатро идома медиҳад: «Дигар бобоҳои мо бо шутурҳояшон дар Кӯлоб монданд. Аз Кӯлоб ба Балҷувону Ховалингу Сарихосору Даштиҷум маводи хӯрока мебурданд ва аз он ҷо меваи хушку тарро ба Кӯлобу Душанбе меоварданд. Дар кӯчонидани мардум аз кӯҳистон ба водиҳо низ саҳм доштанд. Бо ҳамин мо инҷо ватандор шудем.»

Боркашонии мардуми ба истилоҳ қаршилик тариқи шутурҳо то охири солҳои 1930 идома кард. То замоне ки мошинҳои муосири боркаш пайдо шуданд ва дар кӯҳистон роҳҳои мошингард сохтанд. Бо ҳамин шутурдории ин мардум ба поён мерасад ва онҳо шуғлашонро тағийр медиҳанд.

Умар Шарипов, яке аз дигар қаршиликтаборон аст, ки мегӯяд, шутурдории бобоҳояшро ҳанӯз ёд дорад: «Дигар шутурҳоро ба колхозу совхозҳо доданд. Мардуми мо ба дигар корҳо гузаштанд. Баъзеашон мошин гирифтанд ва касби бобоиро бо дигар тарз идома доданд. Бештари мардуми мо чорвопарвариро идома доданд.»

«Бо тоҷикон ягон мушкил надорем»

Ин мардуми узбактабор, ки бештар бо номи қаршилик маъруфанд, акнун беш аз 90 сол боз дар Кӯлоб дар паҳлӯи тоҷикон зиндагӣ доранд. Онҳо дар Кӯлоб бо ҳунари соҳибкории худ маъруфанд ва ҳамеша сатҳи зиндагии нисбат ба мардумони дигар хубтар доштаанд.

Теша Давлатов
Теша Давлатов
Аммо Теша Давлатов, сокини кӯҳансоли тоҷиктабори ин маҳалла мегӯяд, умуман ёд надорад, ки онҳо бо ин мардум дар масъалае мушкил дошта бошанд: «Аз соли 1956 мо бо ҳамин узбакзабонҳо зиндагӣ мекунем. Мо умуман ҳамдигарро ҷудо намекунем ва ҳоло дигар хешу табор шудаем. Ҳеҷ фарқият намондааст. Дар гузашта ин мардум чорабиниҳои калон дар ҳамин Тамошотеппа мегузарониданд. Дар бузкашиҳояшон шутурро солим мемонданд. Аз аввал то имрӯз мо дар ғаму шодии ҳамдигар паҳлӯи ҳам ҳастем.»

Дар замони шӯравӣ қаршиликҳо дар хоҷагиҳои умумӣ(колхозҳо) фаъолият мекарданд, аммо пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ онҳо пурра ба тиҷорати чорпо гузаштанд. Ин касб то ҳадде маъруф шуд, ки ҳоло ҳам ҳар нафаре, ки дар Кӯлоб ба фурӯши гову мол даст мезанад, аз ӯ «қаршилик» ном мебаранд.

Камол Қодиров мегӯяд: «Мо ҳар коре, ки мекардем, ҳеҷ гоҳ гову молпарвариро напартофта будем. Шутур барҳам хӯрд, ба молпарварӣ гузаштем. Дар ҳар коре ки будем, чорвопарвариро идома медодем. Хоҳ кори давлатӣ буд ва ё ғайридавлатӣ, мо ҳеҷ гоҳ аз чорвопарварӣ даст накашидем ».

Қаршиликҳо сохти Шӯравиро қабул надоштанд

Қаршиликҳо маконеро ҷои зист интихоб карданд, ки тамошогаҳи мири Кӯлоб будааст. Ин мавзеъро ба хотири баргузор шудани чорабиниҳои мири Кӯлоб Тамошотеппа ном мебурданд, вале пас аз барқароршавии Шӯравӣ, ки мир ба Афғонистон фирор кард, ин мавзеро қаршиликҳо макони зист интихоб карданд.
Назаре низ вуҷуд дорад, ки қаршиликҳо ихтиёран ба Кӯлоб наомадаанд. Инҳо мардуми аз Иттиҳоди Шӯравӣ норозие будаанд, ки гӯё мехостанд ба Афғонистон фирор кунанд, вале дар роҳ боздошт мешаванд.

Назирмад Дӯстёров, сокини ин маҳалла мегӯяд: «Ин мардум сахт диндор буданд. Вақте инқилоб ғалаба кард, инҳо нахостанд, дар ин сохт зиндагӣ кунанд. Нақл мекунанд, ки вақте инҳо хостанд, ба Афғонистон бираванд, сарҳадбонон боздошташон карда, пас гардониданд ва бо шутурҳояшон онҳоро ба хизмат ҷалб карданд. Калонтарҳо мегуфтаанд, ки ин сохт оқибат надорад ва дар охир гапи ҳамонҳо шуд.Савод надоштанд, лекин оқибат надоштани ҳамин сохтро мефаҳмиданд.»

Куртаи мардона дар сар

То панҷ соли пеш занони қаршиликро бо либоси хосашон мешинохтанд. Онҳо аксаран як куртаи мардона ба сар мекарданд.

Ҳар духтари қаршилик, ки шавҳар мекард, куртаи мардро болои сар мекард. Ҳар касе ки бо ин либос духтарро медид, мефаҳмид, ки ӯ шавҳар кардааст ва дигар ба ӯ кордор намешуд ва бо чашми бад нигоҳ намекард.Аз тарафи дигар, ки дар замони Шӯравӣ ҳиҷоб мумкин набуд, ин як навъ сатр ҳисоб мешуд. Ҳоло ин анъана аз байн рафтааст ва баъзе аз пиронсолон онро иҷро мекунанду тамом, -мегӯяд ҳамсӯҳбати ман Назирмад Дӯстёров.

Талоши мо барои аксабрдорӣ аз занҳои сокини ин маҳалла натиҷа наовард, зеро аксари мардон иҷоза намедоданд, то бо ҳамсаронашон сӯҳбат намоем ва аз онҳо акс бардорем. Танҳо ба ду зани ин маҳалла иҷозаи сӯҳбат шуд.

Хонум Сайлигул, зане аз хонаводаи қаршиликҳо мегӯяд, то чанд соли пеш маросимҳои тӯйи онҳо комилан дигар буд: «Арӯсро шабона болои намад ва ё қолин меоварданд. Анъанаи дигар буд, ки домод як шаб дар хонаи арӯс меистод. Сару либоси арӯс низ фарқ дошт. Дар тӯйи ҳар нафаре, ки меҳмон мешуд ва ҳар чизе, ки наздаш меоварданд, онро бояд бо худ мебурд. Ҳоло ин ҳама анъанаҳо аз миён рафтааст.»

Адолат, хонуми дигари қаршилик мегӯяд, онҳо гулдӯзиҳои хос доштанд, вале замони ҷанги шаҳрвандӣ афроди ношиносе онҳоро харидорӣ карда бо худ бурданд.

Таҳсил дар мактаби 52

Умар Шарипов
Умар Шарипов
Феълан, фарзандони мардуми қаршилик дар мактаби рақами 52-и шаҳри Кӯлоб таҳсил мекунанд. Барот Одинаев, мудири ин мактаб мегӯяд, дар ин мактаб беш аз ҳазор нафар хонанда таҳсил мекунад, ки зиёда аз 300 нафараш узбактабор ё худ аз мардуми қаршилик ҳастанд.

Ба гуфтаи мудир, бо дархости худи ин мардум солҳост, ки онҳо пурра бо забони тоҷикӣ таълим мегиранд: «Онҳо дар ҳамаи корҳои ободкории мактаб саҳмгузор ҳастанд. Дар ҳашарҳо дастаҷамъона иштирок мекунанд. Фарзандонеаш, ки дар корҳои давлатианд, доимо ба мактаб кумак мекунанд. Аз ҷумла, Эргаш Даминов, мушовири вазири кишоварз, ба мактаб компютер тақдим кард. »

Маҳаллаи қаршиликҳо дар канори шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст ва аз дигар маҳаллаҳои Кӯлоб бо ҳавлиҳои бузург ва деворҳои баландаш фарқ мекунад. Тапакҳои овезон дар пушти деворҳо ва поруи чорпоён дар назди ҳавлиҳо аз алоқаи ин мардум ба чорводорӣ дарак медиҳад. Ҳоло дар ин маҳалла наздики 400 хонаводаи қаршилик ба сар мебаранд, ки бештар аз ҳама аз мушкили иртибот бо хешовандонашон дар Қаршии Узбакистон шикоят доранд.
XS
SM
MD
LG