Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин шартҳояшро барои хатми ҷанг дар Украина гуфт


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия гуфт, ҳамин ки Украина нерӯҳояшро пурра аз вилоятҳои Донетск, Луҳанск, Запорожйе ва Херсон берун бароварда, аз нияти пайвастан ба НАТО (паймони низомии Атлантикаи Шимолӣ) даст кашад, Маскав сари мизи музокироти сулҳ хоҳад нишаст.

Владимир Путин рӯзи 14-уми июн дар суҳбат бо масъулони Вазорати корҳои хориҷии кишвараш гуфт, агар ин шартҳо пазируфта ва иҷро шаванд, Русия "фавран" ҳамлаҳоро дар Украина бас мекунад.

Вай дар идома эътироф ё ба расмият шинохтани нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ва чаҳор минтақаи дигари Украинаро аз тарафи Русия аз шартҳои асосӣ барои созиши сулҳ донист. Мақоми бетараф ва бе силоҳи ҳастаии Украина ва бекор кардани тамоми таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав аз пешниҳодҳои дигари ӯст.

Путин гуфт, тарҳи созиши сулҳе, ки соли 2022 ба Украина пешниҳод шуда буд, вилоятҳои Запорожйе ва Херсонро дар бар намегирифт, вале ҳоло Маскав омода нест, ки аз онҳо даст кашад.

Изҳороти раиси ҷумҳури Русия дар остонаи нишасти Швейтсария дар мавриди Украина садо дод. Нишаст рӯзҳои 15 ва 16-уми июн ва бо ҳузури намояндагони даҳҳо кишвару созмони байнулмилалӣ мегузарад. Намояндагони Чину Русия нестанд.

Эҳтимол дар нишаст шартҳои Киевро, ки бо номи тарҳи сулҳи президент Владимир Зеленский низ машҳур аст, баррасӣ кунанд.

Хуруҷи комили нерӯҳои Русия аз қаламрави Укриана ба шумули Қрим, муҳокимаи Русия ва ҷинояткорони ҷангӣ ва пардохти ҷуброн аз тарафи Маскав аз шартҳои ин тарҳ аст, ки баъд аз озод кардани як қисми муҳими вилояти Харков ва Херсон таҳия кардаанд.

Чанде аз расонаҳои ҷаҳонӣ хабар доданд, ки дар нишасти Швейтсария нусхаи мухтасари тарҳро баррасӣ мекунанд, ки муҳокима ва ҷубронро дар бар намегирад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО шартҳои Владимир Путинро дар бораи хатми ҷанг дар Украина танқид карданд. Киев онро пучу бемаъно, ғайри қобили қабул, баробар ба таслим шудан ва баёнгари идомаи низоъ донист.

XS
SM
MD
LG