Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин сафири Русияро дар Қирғизистон иваз кард


Бинои Сафорати Русия дар Бишкек.
Бинои Сафорати Русия дар Бишкек.

Президенти Русия Владимир Путин сафири кишвараш дар Қирғизистонро иваз кард. Сергей Вакунов ба ҷои Николай Удовиченко сафири Русия дар Бишкек таъйин шудааст.

Удовиченко аз соли 2019 сафири Русия дар Қирғизистон буд. Вазорати умури хориҷии Русия сабаби барканории ӯро шарҳ надодааст.

Вакунов ҳамчун ёвари раиси дастгоҳи президенти Русия оид ба робитаҳои байниминтақавӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ кор мекард. Манбаъҳои боз нишон медиҳанд, ки ӯ соли 2019 бо ҳайати Путин ба Бишкек сафар карда ва ҳадди ақал аз соли 2013 дар вохӯриҳо бо ҳайатҳои Қирғизистон дар Русия ширкат кардааст.

Тибқи таҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ, Қирғизистон баъди ҳамла ба Украина ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи молҳои таҳримшуда ба Русия табдил ёфтааст. Чандин соҳибкори наздик ба мақомоти Русия шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт кардаанд.

XS
SM
MD
LG