Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Путин ба Қирғизистон: 17 созишнома ва тавсеаи пойгоҳи низомӣ. ВИДЕО


Дар Бишкек сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба охир расид, ки дар ҷараёни он 17 созишнома ба имзо расид.

Тавре интизор мерафт, барномаи дидори президентони Русияву Қирғизистон – Владимир Путин ва Сооронбой Ҷеенбеков хеле густарда буд: аз гуфтугуи дуҷониба то иштирок дар конфронси бахшида ба ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар.

Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки Бишкек дар ҳоли ҳозир сиёсати хориҷи яксамтаро ба манфиати Маскав дар авлавият қарор додааст

Ҷеенбеков дар суханронии худ гуфт, ки дар Қирғизистон раҳбари Русияро як “дӯсти самимӣ ва шарики боэътимод” медонанд ва эҳтиром мегузорад. Ба гуфтаи вай, Русия як шарики наздику боэътимоди Қирғизистон ва шарики стратегии дарозмуддати ин кишвар аст. “Мо ҳамеша ба муносиботи худ бо Федератсияи Русия арзиш қоил ҳастем. Бо шарофати пуштибонии шахсии шумо ҳамкории дуҷонибаи мо ба сатҳи сифатан баланд расид”, — гуфт Сооронбой Ҷеенбеков.

Владимир Путин дар навбати худ таъкид кард, ки сафари давлатиаш дар воқеъ дар фазои созанда ва дӯстона ҷараён гирифт. Ба гуфтаи вай, тарафҳо дар ҳайати васеъ тамоми маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои ҳамгироӣ дар доираи фазои Авруосиёро баррасӣ кардаанд.

17 созишнома ба имзо расид

Дар рафти сафари давлатии Путин ба Қирғизистон 17 созишнома ба имзо расид. Протокол ва меморандумҳои марбут ба ҳамкории низомӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, рушди шабакаи роҳҳои оҳан, маориф, илм ва ғайра.

Ба ҷуз ин, маълум шуд, ки Русия ба Қирғизистон 30 миллион доллар кӯмаки бебозгашт мекунад. Мабалағҳо барои пуштибонии буҷаи давлатии Қирғизистон ихтисос дода мешаванд.

Ҳудуди пойгоҳи низомии муштарак бо Русия тавсеа меёбад

Тибқи тағйироти ворида дар созишномаи муттаҳид кардани пойгоҳи низомии Русия, васеъ кардани ҳудуди ин иншоот пешбинӣ шудааст ва ҳамчунин қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин мушаххас карда шудаанд. Хабаргузории русии ТАСС менависад, ки сухан дар бораи то 60 гектар васеъ кардани майдони пойгоҳ меравад.

Ҳамчунин ҳаҷми иҷорапулии пойгоҳ боз 291 ҳазор доллари дигар боло меравад ва ба ҳамин тартиб аз 4,5 млн доллар ба 4,79 млн доллар мерасад.

Путин барои тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ба Қирғизистон рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00

Сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон Райимберди Дуйшанбиев ба рузноманигорон ҳадафи тағйири мақоми пойгоҳро шарҳ дод.

Протоколи мазкур таълими низомиёни Қирғизистон дар заминаи истифодаи дастгоҳҳои ҳавоии бидуни сарнишин ба хотири таъмини муқовиматпазирии Қирғизистон ва пойгоҳи муштараки низомиро дар бар мегирад. Инчунин хати парвоз дар фурудгоҳи шаҳри Кант навсозӣ мешавад, ки аз он муштаракан истифода хоҳад шуд”, гуфт ӯ.

Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 28 март навишт, ки дар қаламрави Қирғизистон чандин муассиса ё объекти марбут ба Русия вуҷуд дорад. Калонтарини он – фурудгоҳ дар Кант аст. Соли 2012 ҳамаи ин муассисаҳо ба як пойгоҳи муштараки низомию ҳавоӣ муттаҳид карда шуданд. Ба ин пойгоҳ фурудгоҳи Кант, пойгоҳи низомию баҳрии Иссиқкӯл, нуқтаи зилзиласанҷӣ дар шаҳри Майлуу-Суу ва нуқтаи мухобиротии Чалдовар дохил мешавад.

«Русия – шарики асосии сиёсӣ»

Сиёсатшиноси Қирғизистонӣ Игор Шестаков мегӯяд, ки барои Қирғизистон Русия ба унвони як шарики асосии сиёсӣ дар таъмини амният боқӣ мемонад.

“Буҷаи Қирғизистон тамоми ин ҳама давра барои таъмини амният ва мудофиа маблағ ихтисос намедиҳад. Ин пойгоҳ ба сифати кафил ва кумаки фанниву моддӣ баромад мекунад ва дар ин маврид Русия мақоми аввалро соҳиб аст”, - таъкид мекунад Шестаков.

Ба ҷуз соҳаи амният, коршинос ҳамчунин руйи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо, ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва муҳоҷират таъкид кард. Ин соҳаҳо, ба гуфтаи вай, дар равобити дуҷониба бисёр муҳим боқӣ мемонанд.

Русия яке аз шарикони асосии стратегии Қирғизистон ҳисобида мешавад. Дар ин кишвар ҳудуди як миллион муҳоҷирони қирғиз кору зиндагӣ мекунанд. Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки Бишкек дар ҳоли ҳозир сиёсати хориҷи яксамтаро ба манфиати Маскав дар авлавият қарор додааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG