Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Мо дар самти дуруст ҳаракат мекунем. ВИДЕО


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар як сӯҳбати телевизионӣ ба суолҳои сокинон посух гуфт. Дар чунин сӯҳбатҳо, ки бо исми рамзии “Сӯҳбати мустақим” маъруфанд, Путин 15 дафъа, аз ҷумла, 11 бор дар мақоми президент ва чаҳор дафъа ба ҳайси раиси ҳукумат иштирок кардааст. Ташаббускорони нишаст мегӯянд, ба унвонии Путин ҳадди ақал ду миллион суол расидааст.

Суолу ҷавоби Путин як моҳ баъди интихоботи чаҳорумаш ба мақоми президенти Русия баргузор мешавад ва дар лаҳзаҳои аввали ин нишаст

Иттиҳомоти беохири зидди Русия ба хотири пешгирӣ аз пешрафти ин кишвар аст. Онҳо мегӯянд, ки Русия хатар аст, вале онҳо дар симои Русия як рақибро мебинанд

ӯ гуфт, Русия "дар самти дуруст ҳаракат мекунад". Вай афзуд, кишвар баъди ду соли рукуд ба худ меояд, вале ҳамоно "мушкилот зиёд аст". Путин дар бораи баъзе ҳадафҳои азими худ дар амри беҳбуди вазъи иқтисоди кишвар хабар дод ва изҳори умед кард, ки имкони боло бурдани нишондодҳои Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, хароҷоти дуруст ва ҳам ба танзим даровардани низоми молиёт вуҷуд дорад. Ӯ гуфт, бонки марказӣ пешгӯӣ кард, ки рушди иқтисодӣ дар соли 2018 метавонад, 1,5-2 дарсадро ташкил кунад.

Вай аз тасмимаш дар амри тақрибан бетағйир мондани аъзои ҳукумат ҳимоят кард ва гуфт, тағйирот метавонад фурсати корро ба қафо партояд ва ҳам ҳайати амалкунандаи ҳукумат "айни муддао" мебошад.

Нахустин суол аз забони як ронандае садо дод, ки аз қимати баланди бензин интиқод кард. Путин ин ҳолатро "ғайри қобили қабул" хонд. Вай барои посух додан ба ин суол вазири энержӣ Александр Новак ва муовини нахуствазир Дмитрий Козакро даъват кард, ки тавассути хатти интернет аз утоқҳои кориашон ба мардум ваъда доданд, ҳукумат барои ислоҳи вазъ кор хоҳад кард.

Дар идомаи сӯҳбат, Путин Амрико ва кишварҳои дигари ғарбиро гунаҳкор кард ва гуфт, онҳо мехоҳанд пеши роҳи рушди Русияро бигиранд, чунки, ба гуфтаи ӯ, ҷорӣ шудани таҳримҳо ба хотири пешгирӣ аз қавитар шудани Русия мебошад. ​"Иттиҳомоти беохири зидди Русия ба хотири пешгирӣ аз пешрафти ин кишвар аст. Онҳо мегӯянд, Русия хатар аст, вале онҳо дар симои Русия як рақибро мебинанд”, - гуфт Путин. Вай афзуд, ин андеша хато аст, чунки, ба қавли ӯ, иқтисоди пурқудрати Русия танҳо ба манфиати иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад.

"Ман мефаҳмам, ки ҳар кишвар дар фикри манфиатҳои худ аст аз ҷумла дар масоили манфиатҳои иқтисодӣ. Вале онҳо набояд аз роҳи худхоҳӣ пеш раванд”, - гуфт ӯ ва афзуд, "рӯшан аст, ки Русия ҳимояи манфиатҳои худро ҳам дар бахши иқтисодӣ ва ҳам дифоӣ идома медиҳад, то замоне ки ҳамкорони мо дарк накунанд, тадбирҳои зидди мо бефоидаанду натиҷаи баръакс медиҳанд."

ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба хотири фаъолиятҳои, ба гуфтаи онҳо, “зиёновари Русия дар саросари ҷаҳон” ин кишварро таҳрим карданд. Соли 2014 Русия нимҷазираи Қримро ишғол кард ва аз ҷудоиталабони украинӣ пуштибонӣ намуд. Нақши Русия дар Сурия ва ҳам дахолаташ ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 мавриди интиқоди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Ҳамаи инро Русия рад мекунад.

Владимир Путин рӯзи 7-уми июн таҳрими олигархҳо ё сарватмандони русро “як хато” номид ва бори дигар гуфт, дар пушти ҳодисаи заҳролудкунии ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтараш дар Бритониё дар моҳи март Маскав қарор надорад. Вай гуфт, Русия мехоҳад дар тафтиши ин қазия иштирок кунад.

Гуфтугӯи Путин аз пеш танзимшуда аст ва то чаҳор соат идома кард. Ин гуфтугӯро телевизиону радиоҳои давлатӣ ба таври мустақим пахш карданд.

Ташкилкунандаҳои сӯҳбат гуфтанд, ки аз 27-уми майи имсол ирсоли саволу пурсишҳои мардум ба Путин шурӯъ шуд ва муроҷиатҳои мардум телефонӣ, тавассути интернет ва СМС ба дасти мақомот расид.

Путин 65 сол дорад ва соли 2000-ум ба сари қудрат омад. Аз соли 2001 ӯ сӯҳбатҳои мустақим бо сокинони Русияро шурӯъ кардааст. ​

XS
SM
MD
LG