Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин 15 сентябр ба Душанбе меравад


Уфа, 8 июли соли 2015
Уфа, 8 июли соли 2015

Имрӯз дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд.

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, моҳи сентябр бо ҳадафи ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон меравад. Зимни мулоқоташ бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Уфа, ки дар остонаи нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор шуд, Путин аз Тоҷикистон ситоиш кард, ки нақши худро дар мавқеи раҳбари давраии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ «босифат» иҷро кардааст. Вай гуфт, дар кори нишасти сарони аъзои ин созмон дар таърихи 15 сентябр дар Душанбе ширкат хоҳад кард. Вай, аз ҷумла, аз машқҳои низомии нирӯҳои ин созмон ситоиш кард.

Владимир Путин ҳамчунин дар сӯҳбат бо президент Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Русия ҳам изҳори қаноатмандӣ кард. Вай гуфт, бо вуҷуди мушкилоти иқтисодие, ки дар Аврупо, ҷаҳон ва Русия мушоҳида мешавад, дар равобити Душанбеву

Маскав рушди 2,5-дарсадии гардиши мол мушоҳида мешавад. Путин гуфт, ки бо вуҷуди баъзе тағйироти хурду реза, "ҷараёни ин пешрафтҳо" қобили таҳсинанд. Мулоқоти Путину Раҳмон баъди музокироти президенти Русия бо раҳбари Чин - Сӣ Ҷинпин барпгузор шуд.

Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия ба радиои Озодӣ аз маҳалли мулоқоти президентон дар Уфа хабар дод, ки дар ин музокирот таваҷҷӯҳи хос ба мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа зоҳир шуд. "Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Русия дар муқобили таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муқовимат ба муборизаҳои иттилоотӣ бояд ҳамгироии устувору муттасил дошта бошанд. Изҳори умед карда шуд, ки нақшаю барномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар самти расондани кумакҳои техникӣ ба қувваҳои мусаллаҳ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро мешаванд". Ба иттилои Эгамзод,
президент Раҳмон аз рушди ҳамкории иқтисодӣ бо Федератсияи Русия ёдовар шуда, аз ҷумла “Русияро шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон" номид, ки "қариб 50% сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон" аз ҳамин кишвар меояд.

Эгамзод гуфт, яке аз дигар масъалаҳо - мушкилоти муҳоҷирон буд. Президенти Тоҷикистон бо изҳори сипос ба Путин "барои иҷозати дубораи воридшавӣ ба Русия гирифтани як зумра шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан донишҷӯёни тоҷик, таъкид кард, ки корҳо барои додани сабукиҳои дигар ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва ҳам танзими ҳуқуқии ин раванд бояд идома ёбад".

Муҳаммад Эгамзод
Муҳаммад Эгамзод

Дар як соли охир бо сабаби шурӯи низоъҳо дар Украина Русия аз ҷониби Аврупову Ғарб таҳрим шуд ва ин вазъ ба иқтисоди Русия ва кишварҳои вобастаи иқтисоди ин кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон таъсиргузор шуд. Дар семоҳаи аввали соли 2015 ҳаҷми пули интиқолии муҳоҷирон ба Тоҷикистон 42 дар сад коҳиш ёфт. Ин пастравӣ ҳам ба шиддатёбии вазъи иқтисоди Русия ва ҳам беқурбшавии пули милии ин кишвар - рубл иртибот дорад.

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ширкат дар кори нишасти сарони узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистон сафар кард. Нишасти ин созмон қарор аст рӯзи 10 июл баргузор шавад. Ҳамчунин қарор аст дар Уфа мулоқоти дуҷонибаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони кишварҳои Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай, Эрон - Ҳасани Рӯҳонӣ ва Ҷумҳурии Чин - Сӣ Ҷинпин баргузор шавад.

Нишасти сарони СҲШ рӯзи 10 июл барпо мешавад

Юрий Ушаков, ёвари президент Путин дар Маскав дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки рӯзи 9 июл нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви се созмон - БРИКС, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва Евразес баргузор мешавад ва саммити расмии раисони ҷумҳуриҳои СҲШ рӯзи 10 июл ҷараён мегирад. Созмони БРИКС як ташаккули ғайрирасмии кишварҳои дар ҳоли рушд мебошад, ки ба ҳайати он Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ шомил мебошанд.

Ба таъкиди Ушаков, дар нишасти СҲШ яке аз масъалаҳои мавриди баррасӣ - вазъ дар Украина хоҳад шуд. Вай гуфтааст, ки дар поёни нишаст аъзои ин созмон бояд зери як эъломия имзо кунанд, ки дар ба ҳалли "ғаринизомии низоъҳои Украина ва даъват ба риояи созишномаҳои Минск" таъкид хоҳад шуд. Илова ба ин, дар ҷараёни нишаст, раҳбарон атрофи масъалаҳои марбут ба таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла чолишҳои гурӯҳи тундрави "Давлатӣ Исломӣ" ба минтақаи таҳти контроли СҲШ, муқобила бо қочоқи маводи мухаддир сӯҳбат карда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиро низ баррасӣ хоҳанд кард. Инчунин дар ин нишаст мавзӯи узвияти ду кишвари нав - Ҳинд ва Покистон баррасӣ мешавад. Тасмими ниҳоӣ дар ин замин соли 2016 гирифта хоҳад шуд, гуфтааст Ушаков. Ҳамчунин дар ин нишаст Рашид Олимов, дипломати тоҷик ба мақоми дабири кулли СҲШ интихоб мешавад.

Ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой - Русия, Чин, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбакистон шомил буда, Муғулистон, Ҳинд, Эрон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозирро доранд.

Пешвозгирии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Уфаи Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00

Раҳмон ба донишҷӯён: Фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои ифротӣ нашавед

Президенти Тоҷикистон дар мулоқоташ бо донишҷӯёни тоҷики муҳассили мактабҳои олии Бошқирдистон онҳоро аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва ҷангҳои хориҷӣ ҳушдор дод. Дар мулоқоташ бо донишҷӯёни мактабҳои олии Бошқирдистон, ки рӯзи 8 июл дар донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа баргузор шуд, президент Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёни тоҷикро дар баробари чолишҳои имрӯза ба ҳушёрӣ даъват кард. Ба иттилои Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав, президент Раҳмон баъди гирифтани унвони

профессори фахрии ин донишгоҳ бо донишҷӯёни тоҷики муҳассили донишгоҳҳои Бошқирдистон сӯҳбате орост. «Вай, аз ҷумла, дар бораи таҳдидҳои гурӯҳҳои ифротгаро ва даъватҳо барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ сӯҳбат кард ва аз ҷавонҳо хост, ки аз ҳушёрӣ кор гиранд ва фирефтаи даъватҳои бардурӯғи ифротӣ нашаванд», гуфт Эгамзод. Ин сӯҳбат тахминан 15 дақиқа идома дошт ва президенти Тоҷикистон ба ҷавонҳо таъкид кард, ки таҳсили худро хуб анҷом дода ба ватан баргарданд: «Шумо бояд бидонед, ки барои Тоҷикистон даркоред ва аз ин фурсати хуб истифода бурда, илму ихтисос омӯзед ва ба ватан баргашта барои давлати худ хизмат кунед», гуфтааст президент Раҳмон дар ин мулоқот.

Ба иттилои Эгамзод, дар ин мулоқот дасти кам 150 шаҳрванди Тоҷикистон иштирок карданд, ки бо ҳадафи кор ва таҳсил дар донишгоҳҳои маҳаллӣ дар Бошқирдистон ба сар мебаранд. Ба иттилои Эгамзод, ин нахустин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар Уфа дар чаҳорчӯби сафари кории президент ба Русия буд.

ширкатдорони мулоқот бо президент Раҳмон дар донишгоҳи Уфа
ширкатдорони мулоқот бо президент Раҳмон дар донишгоҳи Уфа

Дар мактабҳои олии Бошқирдистон 126 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд ва 50 нафари онҳо дар ҳамин донишгоҳ таҳсил мекунанд. Интизор меравад, ки имсол ба мактабҳои Бошқирдистон боз 20-25 донишҷӯи дигар ҳам дохил шаванд. Аксар сокинони ҷумҳурии Бошқирдистон мусалмон мебошанд ва таваҷҷӯҳи ҷавонон ва муҳоҷирони кории тоҷик ба ин минтақа аз сӯе маҳз ба ҳамин хотир ҷалб шудааст. Аз рӯи нақша, дар баробари ширкат дар нишасти сарони СҲШ, як барномаи дигари фарҳангӣ ҳам дар назар аст. Фардо дар меҳмонхонҳаи “Шератон-Уфа” намоишгоҳи нигораҳои рассомони тоҷик ифтитоҳ мешавад, ки дар мавзӯи “Мусавварҳои ҷаззоби сарзамини кӯҳистон. Тоҷикистон - қаламрави ҳамкориҳои Шонгҳой” созмон дода шудааст. Ин намоишгоҳро ҳам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ хоҳад кард.

Ҷумҳурии Русия солҳои охир ба маҳалли аслии кори шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шудааст. Солона ҳудудан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар машғули кор ҳастанд.

XS
SM
MD
LG