Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ПСЖ бори дувум ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шуд

Бошгоҳи ПСЖ (Пари Сен-Жермен)-и Фаронса, ки дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА (Созмони футболи Аврупо) дар мавсими 2025/2026 тими “Арсенал”-и Лондони Англияро аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:3 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод, барои дувумин бор паёпай ба унвони қаҳрамони ин мусобиқот мушарраф гардид.

Бозӣ миёни тимҳои ПСЖ ва “Арсенал” шаби 30-уми май дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена”-и шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) баргузор шуд.

Кай Хавертс, ҳамлагари “Арсенал”, дар дақиқаи 6-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Усмон Дембеле, ҳамлагари ПСЖ, дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 63-юм зад.

Аммо ҳисоб дар замони асосӣ ва изофа тағйир наёфт – 1:1. Ғолибро силсилаи пеналти муайян кард. ПСЖ бо ҳисоби 4:3 ғолиб шуд.

Ба ин тартиб, ПСЖ зери раҳбарии сармураббӣ Луис Энрике барои дувумин бор дар финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо пирӯз гардид.

Соли гузашта порисиҳо дар финали Лигаи қаҳрамонҳо дастаи “Интер”-и Милани Италияро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дода буданд.

Ҳамин тавр, ПСЖ баъди «Реал»-и Мадриди Испания дувумин бошгоҳест, ки дар Лигаи қаҳрамонҳо ду бор паёпай пирӯзӣ ба даст овардааст. Дарвоқеъ, “Реал” се бор дар ин мусобиқот (солҳои 2016-2018) ғолиб шудааст.

Нимҳимоятгари бошгоҳи ПСЖ Витиняи 26-солаи португолӣ беҳтарин бозигари финали Лигаи қаҳрамонҳо эътироф гашт.

Финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА-2025/2026

ПСЖ – “Арсенал” - 1:1 (силсилаи пеналти: 4:3)

Голҳо: Дембеле, 63 – аз пеналтиХавертс, 6

ПСЖ – Сафонов, Маркинос, Пачо, Мендеш, Ҳакимӣ, Невеш, Витиня, Руис, Дуэ, Кваратсхелия (Барколя, 83), Дембеле (Рамуш, 90+6).

“Арсенал” – Райя, Салиба, Габриэл, Люис-Скелли, Москера (Тимбер, 66), Инкапие, Троссар (Мартинелли, 83), Райс, Эдегор (Гокереш, 66), Сака (Мадуэке, 83), Хавертс.

XS
SM
MD
LG