Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давлат боқӣ бимонад ё намонад?" Эътироз дар Ироқ ба хушунат кашида шуд


Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи ҷумъаи 4-уми октябр зимни суханронӣ тариқи телевизионӣ давлатӣ аз мардум даъват кард, ки оромиро ҳифз кунанд ва ваъда дод, ки ҳукумат талабҳои машруъи эътирозгаронро пайгирӣ хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин ваъда додааст, ки ҳукумат талош хоҳад кард, то бо пешниҳоди тарҳе ба порлумон, ба хонаводаҳои фақир кӯмак намояд.

Суханронии телевизионии Одил Абдулмаҳдӣ пас аз се рӯзи эътирозҳои васеъ ва саросарӣ дар шуморе аз шаҳрҳои Ироқ, анҷом шуд. Нахуствазири Ироқ гуфт, дархостҳои эътирозгарон барои бархӯрд бо фасод, талаби дуруст аст, аммо бояд ба ҳукумат кӯмак кард, то вазифаҳои худашро анҷом диҳад.

Одил Абдулмаҳдӣ гуфтааст, акнун кишвари Ироқ бо ду гузина -- "давлат боқӣ бимонад ё "давлат боқӣ намонад", рӯбарӯ аст. Вай дар идома таъкид кардааст, "иддаи каме" боис шудаанд, то эътирозҳои сулҳомези мардум ба хушунат кашида шавад.

Одил Абдулмаҳдӣ рӯзи чаҳоршанбе дар пайи кушта шудани ҳафт нафар дар Бағдод, муқаррароти манъи рафтуомадро эълон кард. Ба гузориши хабаргузории "Ал-Ҷазира", бо вуҷуди ҷорӣ кардани ин муқаррарот, рӯзи панҷшанбе ҳадди ақал чаҳор ҳазор эътирозгар дар кӯчаву хиёбонҳои Бағдод даст ба тазоҳурот заданд ва алайҳи бекорӣ, фасоди давлатӣ ва заъфи хадамоти умумӣ, шиор сар доданд.

Ин тазоҳуркунандагон, ки дар Майдони Тайрони Бағдод ҷамъ омада буданд, талош карданд то ба тарафи Майдони Таҳрир ҳаракат кунанд, аммо бо вокуниши нерӯҳои зидди шӯриш рӯбарӯ шуданд. Пулис бо истифода аз гази ашковар ва тирандозӣ, монеи ҳаракати ин эътирозгарон шудааст.

Тибқи гузоришҳо, дар ҷараёни ин даргириҳо як нафар кушта шудааст ва тазоҳурканандагони хашмгин низ як мошини нерӯҳои амниятиро ба оташ кашиданд, ки дар пайи он як сарбоз кушта шудааст. Ҳадди ақал панҷ тазоҳуркунанда дар ҷануби Бағдод ва шаш нафари дигар дар шаҳри Носирия дар 320-километрии пойхтахти Ироқ, кушта шуданд.

Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, Ироқ дар байни кшиварҳои дорои захираҳои исботшудаи нафти хом дар ҷаҳон, дар ҷойи чаҳорум қарор дорад. Аммо қисмати зиёди аҳолии 40-миллионнафарии ин кишвар бо мушкилоте чун фақр, дастрасӣ надоштан ба таҳсили ройгону беҳдошт ва оби ошомидании пок, рӯбарӯ ҳастанд.

Дар пайи густариши эътирозҳо, интернет дар бисёре аз шаҳрҳои Ироқ қатъ шудааст. Дар шаҳрҳои Носирия ва Аммора муқаррароти манъи рафту омад эълон шудааст, аммо гуфта мешавад, ки эътирозгарон бо нодида гирифтани ин муқаррарот дар кӯчаву хиёбонҳо ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG