Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6000 сомонӣ ҷарима... барои фоҳишахона кардани хонаи иҷора


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро ба ҷурми ба фоҳишахона табдил додани манзили иҷорааш шаш ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан ҳазор доллар ҷарима кард ва афв намуд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт як сокини шаҳри Душанберо барои "ташкили фоҳишахона" муҷрим шинохта ва ба пардохти 6 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан ҳазор доллар ба фоидаи давлат муваззаф кардааст. Мошариф Раҳмонзода, додраси парванда гуфтааст, А.М. барои ҳар соаташ панҷоҳ сомонӣ манзили иҷораи худро дар ихтиёри сокинон гузошта, ба равобити номашрӯи онҳо шароит фароҳам овардааст.

Додраси Додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар ҷараёни мурофиа аз ду ҳолати ба ихтиёри сокинон гузоштани манзили иҷораи А.М. барои алоқаи ҷинсӣ низ ёдоварӣ намудааст. Ӯ гуфтааст, "16 январ ва 24 феврали соли ҷорӣ А.М. бар ивази 50 (панҷоҳ) сомонӣ барои як соат ба алоқаи ҷинсӣ машғул шудани шаҳрвандон манзили иҷораашро пешниҳод намудааст. Худи ҳамон рӯз ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони РВКД-и шаҳри Душанбе дастгир карда шуда, аз дасти ӯ 50 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст."

Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт мегӯяд, алайҳи А.М. бар асоси моддаи 239-и Кодекси ҷиноӣ, яъне ташкили фоҳишахона, парванда боз шуда, тафтиш ӯро ба ҳайси муҷрим эътироф кардааст. Аммо ҳоло ин сокини Душанбе бо пардохти 6 ҳазор сомонӣ ҷарима мавриди афв қарор хоҳад гирифт. Ин мавриди нахустини муҷозоти сокинон барои ба фоҳишахона табдил додани манзили шахсӣ ё иҷораашон нест.

Тайи тақрибан як соли охир мақомоти умури дохилӣ ба дунболи ҷилавгирӣ аз фаъолияти занони танфурӯш ё рӯспӣ ба “шикор”-и соҳибони фоҳишахонаҳо низ сар карда, то кунун чанде аз онҳоро боздошт намудаанд. Моҳи ноябри соли гузашта, дар авҷи дастгир кардани занони танфурӯш ва соҳибони фоҳишахонаҳо, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт як сокини 36-солаи шаҳри Душанберо бо ҷурми ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона 40 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Х. Т., ки моҳи августи соли ҷорӣ бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне ташкили фоҳишахона аз тарафи мақомот боздошт шуда буд, дар тамоми тӯли мурофиа рӯяшро бо рӯймоли калоне мепӯшонд, ки касе ӯро нашиносад. Ӯ рӯзи 11 ноябри соли 2014 дар толори додгоҳ ба гуноҳи худ иқрор карда, аз додситони ин парванда хост, то ӯро бар асоси қонуни афв аз пардохти ҷарима озод кунанд. Абдулмӯъмин Кабирзода, айбдоркунандаи давлатӣ ба дунбол аз додрас парванда хост, то дархости Тоҷибоева ба инобат гирифта шуда, нисбат ӯ қонуни афв татбиқ гардад.

Ғайрат Сангинзода, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки баррасии ин парвандаро ба дӯш дошт, дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт: “Х. Т. бо ғарази ба даст овардани даромади муфт хонаи истиқомоти воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакиро ба иҷора гирифта, он ҷо шароит фароҳам оварда, хонаро мунтазам ба ивази маблағҳои пулӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан пешниҳод мекардааст. Яъне фоҳишахона ташкил намудааст.”

Дар ҷараёни мурофиа дар бораи чанд мавриди аз ҳисоби ба танфурӯшон иҷора додани ин манзил пул кор кардани Х.Т. низ ёдоварӣ карданд. Додрас аз ҷумла гуфт: “Чунончӣ ӯ санаи 4 августи соли 2014 ба шаҳрванданон Ш. Давлатов ва Н. Хоҷаева ба маблағи 120 сомонӣ, санаи 5 августи ҳамон сол ба шаҳрвандон Б. Муҳиддинов ва Фирӯзаи Д. ба ивази 100 сомонӣ ва санаи 7 август ба шаҳрвандон М. Мирзоев ва Ҷ.Маҳкамова бар ивази 80 сомонӣ барои анҷом додани алоқаи ҷинсӣ супоридааст.”

Ба гуфтаи Сангинзода, ин зан ҳангоми баррасии парванда ва ҳам дар толори додгоҳ ба гуноҳи кардааш иқрор карда ва изҳори пушаймонӣ кардааст. Додрас зимни ироаи ҳукм нисбат ба Х.Т. ҷинояти содиркардаи ин занро “дараҷаи миёна” ва ноқасдона дониста, қонуни афвро нисбат ба ӯ татбиқ намуд.

Х.Т., ки миллаташ узбак гуфта мешавад, ба иттилои додгоҳ, 36 сол дошта, дар танҳоӣ 3 фарзанди ноболиғро тарбия мекардааст. Ӯ маълумоти миёна дошта, ҷое кор намекунад.

Аз моҳи июни соли ҷорӣ ба ин тараф дар Тоҷикистон як маъракаи зидди ҷиноятҳои ахлоқиро ба роҳ андохтаанд. Танҳо баъд аз ҳафтаи авввали шурӯи ин маърака Вазорати умури дохилӣ гузориш дод, ки 506 нафарро бо гумони танфурӯшӣ, даллагӣ, ташкили фоҳишахона ва кирдорҳои дигари, ба гуфтаи мақомот, “бадахлоқона” дастгир кардаанд. Аз моҳи июн ба ин тараф ахбори Вазорати корҳои дохилӣ қариб ҳар рӯз моломоли хабару гузоришҳо дар бораи боздошти ин ё он нафар бо гумони танфурӯшист.

XS
SM
MD
LG