Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соддагии Зафар бародарашро бехона кард


Як иштибоҳ ва соддагии бародар тиҷорати пирожкифурӯшро барбод дод ва ӯ аз хонаи бо пули заҳмати худ харидааш маҳрум шуд.

Рустам Холов 20 сол пирожки фурӯхт ва тин ба тин маблағ ҷамъоварӣ карда, хона харид. Ин хона ягона сарпаноҳи ӯ ва шаш фарзандаш буд. Аммо ӯ мегӯяд, ки аз пушти як иштибоҳи бародараш хонаро аз даст дод ва аз фикри бисёр дигар наметавонад, ки ба кори пирожкифрӯшӣ идома диҳад ва зиндагияшро пеш барад. Ҳоло ин мард аз бемории дил бистарӣ шудааст.

Рустам Холов, сокини 50-солаи маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб рӯзи 24 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз хона маҳрум шуданашро қисса кард ва гуфт, ки ҳоло дигар намедонад, ки чигуна хонаашро бозпас гирад. Ба гуфтаи ҷаноби Холов, ба суханҳои бародар гӯш дод ва худу шаш фарзандашро бе хона кард. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло дар як хонаи иҷора ба сар мебарад, ки аз хунукӣ фарзандонаш қариб ба бемории сил гирифтор шудаанд.

«Сад офарини ин кӯдакони ман, ним соат қувваи барқро хомӯш шавад, хона тамом хунук мешавад ва дар он дигар имкони зиндагӣ кардан намемонад. Дар ин хона ҳар моҳ 800 сомонӣ иҷора медиҳем, аммо ба ягон шароит ҷавобгӯ нест. Кӯдаконро бо кӯрпа мепечонем, ки ба беморӣ гирифтор нашаванд,» - гуфт мусоҳиби мо.

Биное, ки хонаводаи Рустам Холов ба сар мебарад, дар паҳлӯи хонаи худи онҳост. Аммо дари он хона ба рӯи онҳо дигар баста аст.

Содагии Зафар Рустамро бехона кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Ҳамсари Рустам Холов мегӯяд, се моҳ қабл бародари ҳамсараш бо чашмони ашколуд омад аз онҳо тавалло кард, ки хонаро ба фурӯш гузоранд ва ӯро аз қарз наҷот диҳанд, вагарна ҳолаш бад мешавад.

Зафар, бародари Рустам Холов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ додани хонаи бародарашро тасдиқ кард ва гуфт, ки иштибоҳи ӯ буд, ки ба ҷои як ҳамсояааш шоҳид гузашт ва қарзи ӯро ба гардан гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, шахсе ки аз нафаре бо номи Рустам Темуров қарз гирифта буд, фирор кард ва қарзи он ба гардани ӯ ҳамчун шоҳид монд. Ӯ мегӯяд, ки соҳиби маблағ ба ӯ мӯҳлат дод, то ин 30 ҳазор доллар қарзро саривақт биорад, вагарна ӯро ба додгоҳ мекашонад.

«Ман ба ҷои як нафари дигар шоҳид гузаштам, ин кор ба сари худам зад ва соҳиби пул маро маҷбур кард, ки пулро гардонам. Ман аслан қарз нагирифта будам, аммо вақте ки вай фирор кард, ман маҷбур шудам пулро пардохт кунам ва аз бародарам хоҳиш кардам, ки хонаро ба номи Рустам Темуров гузаронад. Дар баробари хона боз 5 ҳазор доллари дигар қарз карда додам. Ин гуноҳи ман буд,» - гуфт Зафар Холов.

Зафар мегӯяд, Рустам аз ҳолати нодонии ӯ сӯиистифода карда, дар гарданаш 35 ҳазор долларро бор кард. Аммо ҳоло Зафар иддао дорад, ки аз болои Рустам шикоят мебарад, то хонаи бародарашро барқарор кунад.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ки бештари мардуми аз ҷиҳати надонистани қонун тӯъмаи чунин моҷароҳое, ба мисли қазияи омада ба сари хонаводаи Холовҳо мешаванд.

Низомуддин Комилов, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ки одамон бештари вақт аз бесаводии мардуми оддӣ истифода карда, онҳоро фиреб медиҳанд. Ба гуфтаи ҷаноби Комилов, ин хонаводаро низ аз камсаводияшон истифода карда, ба ин ҳол дучор кардаанд.

Ҳоло хонаводаи Холов талош дорад, ки аз Рустам Темуров - соҳиби кунунии хонаи онҳо - шикоят барад. Рустам Холов мегӯяд, агар бародараш то моҳи январ хонаашро пас нагардонад, маҷбур аст, ки худи бародарашро ба додгоҳ бикашад.

XS
SM
MD
LG