Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдумалик Абдуллоҷонов.Озодӣ пас аз ду моҳи ҳабс


Додситонии кулли Украина қарор кард, ки собиқ сарвазири Тоҷикистон ба Душанбе истирдод намешавад ва шоми панҷшанбе, 4 апрел аз зиндони украинӣ раҳо гашт.

Вакили мудофиаи Абдумалик Абдуллоҷонов Андрей Федур дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки бар пояи бахши 2-уми моддаи 590 Кодекси ҷиноии Украина Додситонии кулли ин кишвар аз истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон худдорӣ мекунад. Абдуллоҷонови 64-сола рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи байналмилалии "Бориспол", дар канори Киев боздошт ва рӯзи 7 феврал ба ҳабси муваққат маҳкум шуд. Тибқи ҳукми додгоҳ, рӯзи 15 март ӯ ба мӯҳлати то 12 моҳ ба ҳабси истирдодӣ гирифта шуд. Боздошти ӯ тибқи дархости Тоҷикистон тавассути полиси байналмилалӣ - Интерпол сурат гирифта буд.

Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 5-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки мақомоти Укроин дар мавриди тасмими раҳо шудани Абдумалик Абдуллоҷов ба таври расмӣ Додситонии кулли Тоҷикистон ё дигар мақомоти тоҷикро дар ҷараён нагузоштаанд.

Абдумалик Абдуллоҷонов – собиқ вазир, собиқ сарвазир, собиқ сафир, собиқ “наҳанги ҷумҳурӣ” ва номдортарин мухолифи Эмомалӣ Раҳмон дар ғурбат худ кист?

Абдумалик Абдуллоҷонови 64-сола 1 январи соли 1949 дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанди кунунӣ) ба дунё омадааст. Худи ӯ иддао мекард, ки аз як хонаводаи пурнуфузи ашрофони Хуҷанд аст ва бобояш Абдураҳмон ибн Аш-Шайх Муҳаммадсултон ал-Маъсумӣ рӯҳонии маъруфе будааст, ки соли 1922, дар пайи истилои Осиёи Марказӣ аз сӯи Артиши Сурх фирор карда, дар Арабистони Саудӣ то ба мақоми мушовири малики ин кишвар расидааст.

Абдумалик Абдуллоҷонов соли 1971 донишкадаи технологии Одессаро хатм карда, аз ҳамон сол дар корхонаи орди Қайроқум ба ҳайси раҳбари шифт (смена) ба кор пардохт. Бо гузашти андак вақт ӯ то мақоми раиси ин корхона “сабзид” ва соли 1980, вақте ҳамагӣ 31 сол дошт, ба Душанбе кӯчида, муовини вазири ашёи хоми Тоҷикистон таъйин шуд. Аз соли 1986 муовини аввали вазир ва соли 1987, дар синни ҳамагӣ 38 вазири маҳсулоти орду ғаллаи Тоҷикистон шуд.

Абдумалик Абдуллоҷонов намояндаи насли охирини клани дар аҳди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳокими Хуҷанд аст, ки ба фарқ аз намояндагони кланҳои дигар хеле зудтару осонтар аз зинаҳои мансаб боло мерафт ва дар як муддати кӯтоҳе дар солҳои 80 ба узвияти кабинаи вазирон расид.

Ӯ бо корчаллониаш аз боқӣ аъзои ҳукумати вақт фарқ мекард ва имконотеро, ки сиёсати бозсозии раҳбари вақти Шӯравӣ Михаил Горбачёв фароҳам сохта буд, ба суди худ хуб истифода ҳам мебурд. Исми Абдуллоҷонов дар оғози солҳои 1990 расонаӣ шуд. Дар матбуот силсилаи мақолаҳо дар бораи пулҳои будҷаро барои харидории орду гандуми гарон аз Канада масраф кардани вазорати Абдуллоҷонов ва корчаллониҳои дигару ҳатто фосидии ӯву ёрони наздикаш нашр шуд ва як матлаби ҳафтаномаи “Сухан” лақаби “Наҳанги ҷумҳурӣ”-ро барои ҳамеша ба ӯ часпонд. Ҳарчанд баъдан дар Тоҷикистон "наҳанг"-ҳои наву чунон бузурге пайдо шуданд, ки Абдуллоҷонов бо он ҳама "наҳангӣ"-аш дигар дар назарҳо мисли "моҳича" менамояд.

Додгоҳи Абдумалик Абдуллоҷонов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00


Дар пайи мухолифатҳои гирдиҳамоиҳои ду майдони Шаҳидону Озодӣ дар баҳори соли 1992 ва ташкили ҳукумати муросои миллӣ Абдумалик Абдуллоҷонов як муддат тарки Душанбе кард. Аммо аллакай 21 сентябри соли 1992, вақте оташи ҷанги шаҳрвандӣ қаламрави ҳарчи бештари ҷануби Тоҷикистонро фаро гирифт, раҳбарони ҳукумати муросои миллӣ ба хотири ҷалби ҳимояти клани Хуҷанд, ки аз барканории намояндааш Раҳмон Набиев аз мақоми раисиҷумҳур дар таърихи 7 сентябр сахт нороҳат шуда буданд, Абдуллоҷоновро ба мақоми кафили сарвазирӣ даъват карданд.

Маҳз дар аҳди раҳбарии ӯ бар ҳукумат иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоби Хуҷанд доир шуд ва бар асоси тавофуқи тарафайн, Эмомалӣ Раҳмонов – раиси Шӯрои олӣ ва Абдуллоҷонов бо касби салоҳиятҳои зиёдтар сарвазир интихоб шуд. Худи ӯ дар мусоҳибаи ахираш бо Озодӣ дар ноябри соли 2012 иқрор кард, ки ба ин мақоми дувум ба осонӣ тан надода буд ва чанд дафъа ба нишони эътироз иҷлосияро ҳам тарк гуфт.

Умеди Абдуллоҷонов ва клани ӯ ин буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов баъди муддате ба муҷарради ором шудани вазъ дар ҷануби кишвар канор хоҳад рафт ва қудрат ба дасти онҳо бармегардад. Аммо аллакай дар соли 1993 байни ин ду ёри муваққат “пишаки сиёҳ” гузашт ва Абдуллоҷонов аз мақоми сарвазирӣ истеъфо дода, ба ҳайси сафир ба Маскав “бадарға” шуд.

Ӯ дар моҳи ноябри соли 1994 бо охирин талошаш барои касби қудрат ва мақоми аввал дар Тоҷикистон худро дар муқобили Раҳмонов дар интихоботи президентӣ номзад кард. Душанбе таҳти фишори Узбакистону Русия маҷбур шуд, номзадии ӯро сабтином кунад, вале дар ниҳоят Раҳмонов барандаи интихобот эълон шуд. Абдуллоҷонов ин пирӯзиро эътироф накард ва ҳамеша мегуфт, ки интихоботро ӯ бурда буд. Ӯ дар мусоҳибаи ахираш бо Озодӣ ҳам чунин гуфт: "Ман медонам, ки дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ман пирӯз шудам. Ҳамон шаб маро сафирони Амрико ва Русия телефонӣ табрик карданд, аммо рӯзи дигар Раҳмонов худро пирӯз эълон намуд. Русия ва Узбакистон, ки кафили расмии интихобот буданд, ба ман ишора карданд, ки як муддат эътироз накунам. Ба ҳар ҳол ман шахсе ҳастам, ки аксар мардуми Тоҷикистон ба ман раъй доданд."

Ҳукумати Раҳмонов баъди ин пирӯзӣ ба Абдуллоҷонов дигар мақоме пешниҳод накард ва ӯ аз ҳамон замон дар ғурбат ба сар мебурд. Чандин бор ба сохтани ҳизбу ҷунбишҳои мухолиф, чун ҳизби Тоҷикистони озод, блоки ҳамдилии миллӣ, ҷунбиши тамаддуни миллӣ талош кард, вале зиёд муваффақ нашуд. Як муддат маҳфили сарвазирҳои собиқи Тоҷикистон дар ғурбатро ҳам ташкил дода буд, ки ба ғайри худи ӯ, Ҷамшед Каримов ва Абдуҷалил Самадовро дар бар мегирифт. Вале Самадов баъди чанде даргузашт ва Каримов ҳам дар Душанбе вазифа гирифту баргашт ва ин маҳфил ҳам пош хӯрд.

Исми ӯ як бори дигар дар соли 1997, дар пайи сӯъиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмонов дар Хуҷанд, дар забонҳо уфтод. Бо ҷурми даст доштан дар ин ҳамла бародари ӯ Абдулазиз Абдуллоҷоновро ҳам, ки устоди донишгоҳ буд, ба қатл маҳкум карданд. Ҳамлаи моҳи ноябри соли 1998-и нирӯҳои сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ба Хуҷандро ҳам мақомот ба номи Абдуллоҷонов мебастанд.

Абдуллоҷонов дар солҳои охир аз фаъолиятҳои сиёсӣ ва сӯҳбатҳо бо матбуот канораҷӯӣ мекард. Танҳо дар поёни солҳои 1990 номаи саркушодае ба Эмомалӣ Раҳмонов навишта буд, ки “Чароғи рӯз” бо номи “Мӯҳтарами номӯҳтарам” нашр кард. Мусоҳибаи охирини ӯ бо матбуот сӯҳбати моҳи ноябраш бо Озодӣ буд, ки дар он гуфт, азбаски солҳо дар хориҷ ба сар бурдааст, ҳаққи номзад кардани худ дар интихоботи имсолаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро надорад, вале омода ҳаст, бо “барномаҳои хуби инноватсионӣ” ба ватан баргардад. Ба ватане, ки дар ин 18 соли зиндагиаш дар ғурбат исми Абдуллоҷоновро қариб фаромӯш кардааст.
XS
SM
MD
LG