Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи боғбони тоҷик дар Ҷопон


Мирзошоҳи Акобир
Мирзошоҳи Акобир

Мирзошоҳи Акобир, як боғдори тоҷик, дар анҷумане дар Ҷопон соҳиби ҷоиза шуд. Вай рӯзи 5 ноябр, баъди бозгашт аз Ҷопон, ба Радиои Озодӣ гуфт, Анҷумани байналмилалии осиёӣ дар мавриди гуногунии биофарҳангӣ шеваи боғдории ӯро “Модели беназир” эътироф кардааст. Ин анҷуман аз тарафи ЮНЕСКО ташкил шуда, аз 26 октябр то 1 ноябр дар Ҷопон гузашт.

Мирзошоҳи Акобир аз чеҳраҳои хеле фаъол дар саҳнаи сиёсии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон буд ва раҳбарии ҷунбиши Растохезро дар водии Рашт бар ӯҳда дошт.

Бунёди боғи ботаникӣ, эҳёи дубораи дарахтони нодир, ҷамъоварии осори таърихӣ, таъсиси маркази ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Мирзошоҳи Акобир дар деҳаи Ҷафри ноҳияи Рашт дар ин конфронс баҳои баланд гирифтааст. Мирзошоҳи Акобир гуфт, “бо эътироф кардани фаъолияти мо ҳамчун “Модели беназир” ин анҷумани осиёӣ онро барои дигар кишварҳо тавсия дод.”

Мирзошоҳи Акобир беш аз 30 сол дар ноҳияи Рашт ба ҷамъоварӣ ва ҳифзи дарахтони нодир ва осори фарҳангиву таърихӣ машғул аст. Ӯ гуфт, шеваи эҳёи намудҳои нодири мевагиҳо ва ҷамъоварии осори таърихиву фарҳангӣ бо шакли фарқкунанда мавзӯи тоза барои иштирокдорони анҷумани Ҷопон будааст.

Гузориши видеоӣ дар бораи кору зиндагии Мирзошоҳ:

Марде, ки дунёро дигар кардан мехоҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Вай афзуд, "барояшон аз тавлиди сохти навъи муруд бо номи “Акобиршоҳ”, ки худам эҷод кардаам, гуфтам. Бахши дигар бунёди ландшафтҳои маданӣ дар баландкӯҳҳо буд. Дар 16 гектар ландашфтҳои маданӣ бо кашидани нақшҳои миллӣ боғ бунёд кардаем. Бунёди осорхона дар як деҳаи кӯҳистонӣ, ки зиёда аз ду ҳазор осори таърихӣ нигаҳдорӣ мешавад, таваҷӯҳи онҳоро ба худ ҷалб кард."

Ин боғдори тоҷик гуфт, дар ҷараёни сӯҳбатҳояш дар Ҷопон аз ҳунармандӣ ҳам ҳарф задааст. Мо ҳунарҳои аз байнрафтаи мардумиро дубора эҳё кардем ва маркази ҳунарҳо таъсис додем. Инчунин эҷоди Парки меваҷот дар масоҳати сад гектар ва нигаҳдории навъҳои маҳаллии рустаниҳои нодиру дарахтони дар ҳоли нобудӣ қарордошта барои иштирокдорон аҷиб буд”, - гуфт Мирзошоҳи Акобир.

Мирзошоҳи Акобир
Мирзошоҳи Акобир

Мирзошоҳи Акобир аз чеҳраҳои хеле фаъол дар саҳнаи сиёсии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон буд ва раҳбарии ҷунбиши Растохезро дар водии Рашт бар ӯҳда дошт. Дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои фаъолиятҳои сиёсиаш чанд муддат зиндонӣ шуда, баъдан чанд сол дар муҳоҷират, асосан дар Алма-Атои Қазоқистон зистааст.

Баъди бозгашт оромиши худро дар сохтани ҳамин боғ пайдо кард. Ӯ мегӯяд, ин боғаш ҳам бахше аз ҳамон ормонҳои миллиест, ки барояшон мубориза мебурд.

Мирзошоҳи Акобир барои ин боғи нодираш аз сӯи ҳукумат низ бо нишони давлатӣ ва ифтихорнома қадрдонӣ шуда, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафараш ба водии Рашт бо ин боғдори номдор мулоқот карда буд. Мирзошоҳи Акобир гуфт, “Эмомалӣ Раҳмон боре гуфта буд, ки “канӣ он себҳои машҳури Ғарм, ки ҳоло бозорҳоро себи Хитой зер кардааст? Ман ба ӯ гуфтам, ки мана, 63 навъи себи Ғарм ҳаминҷост – дар боғи ман.”

Маҷаллаи сайёҳии “Atlas Obscura” дар як гузориши муфассал боғи дар рустои Ҷафри ноҳияи Рашт бунёдкардаи Мирзошоҳи Акобирро “маъруфтарин боғи Тоҷикистон” ном бурда буд. Соли 2016
Маҷаллаи сайёҳии “Atlas Obscura” дар як гузориши муфассал боғи дар рустои Ҷафри ноҳияи Рашт бунёдкардаи Мирзошоҳи Акобирро “маъруфтарин боғи Тоҷикистон” ном бурда буд. Соли 2016

Ӯ аз муваффақтарин кишоварзони ноҳияи Рашт, шарқи Тоҷикистон аст. Соли 1959 дар деҳаи Ҷафри ноҳияи Рашт ба дунё омадааст ва хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон аст. Пас аз хатми Донишгоҳ бо вуҷуди имкониятҳои зиёд зиндагӣ дар шаҳрро ба зиндагӣ дар деҳ бартар дониста, ба зодгоҳаш баргашт.

XS
SM
MD
LG