Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адои мӯҳлати зиндон дар... хонаи раис (ВИДЕО)


Вақте додгоҳи Пактико Фавзияро барои фирор бо марди номаҳрам ва ҳам иртиботи ҷинсӣ бо ӯ ба 18 моҳи зиндон маҳкум кард, ин духтари маҳкумшуда барои адои мӯҳлати зиндон на пушти панҷара, балки ба хонаи раҳбари қавми маҳаллӣ фиристода шуд. Халил Задрон, як раҳбари қабилаи маҳаллӣ барои Фавзия утоқеро дар ҳавлии хонаи худ ҷудо кард ва ин духтар ҳамакнун 18 моҳи маҳкумиятро бо иҷрои корҳои хонаи раиси қабила сипарӣ мекунад.

Ҳар вақте як зан ё духтар ҷиноят содир мекунад, раис ё фармондеҳи пулис ба ман занг зада мегӯянд, ки барои занҳо зиндон надорем, агар иҷозат бошад, ин занро дар хонаи Шумо нигоҳ дорем. Ман ҳам ба онҳо як макони амне пешниҳод мекунам.
Халил Задрон

Ҳукми Фавзия соли 2015 содир шуд. Кори ӯ аз тоза кардану иҷрои корҳои дигари хона иборат аст. Фавзия исми воқеии ин духтар нест. Вай метарсад, ки шикояти ӯ метавонад бар зарараш анҷом шавад.

Фавзия гуфт, "вақте Шуморо дар хонаи раиси қабила нигоҳ медоранд, мардум ҳамоно аз пушти шумо гап мезананд. Гапҳои бад мезананд. Аъзои оилаи ман – модарам, хоҳар ё бародарам ба инҷо барои дидани ман омада наметавонанд. Ин зиндони маъмулӣ нест, ки модар ё хоҳарат биёяду бароят чизе биёрад. Ҳеҷ нафари онҳо ба назди ман намеоянд, чунки чунин иҷозат надоранд."

Дар зиндонҳои Афғонистон 95 дар сади духтару 50 дар сади занҳо барои, ба истилоҳ, содир кардани ҷиноятҳои ахлоқӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар бештари ҳолатҳо онҳоро барои равобити ҷинсӣ бо мардони дигар маҳкум кардаанд. Дар ин бора соли 2014 созмони Human Rights Watch ҳам навиштааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Адои ҷазо дар хонаи ... раис
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Халил Задрон, як шахсияти боэътибори маҳаллӣ дар Пактико, мегӯяд, бо инки занони зиндониро дар хонаи худ қабул мекунад, ҳеҷ гоҳ бо онҳо равобити баде накардааст. Зимнан, ҳамсари дувуми худи ӯ занест, ки дар манзилаш ҳукми зиндонро пушти сар кардааст. Задрон гуфт, ​"ҳар вақте ки як зан ё духтар ҷиноят содир мекунад, раис ё фармондеҳи пулис ба ман занг зада мегӯянд, ки мо барои занҳо зиндон надорем, агар иҷозат бошад, ин занро дар хонаи Шумо нигоҳ дорем. Ман ҳам ба онҳо як макони амне пешниҳод мекунам ва то анҷоми мӯҳлати зиндонашон дар ҳамин ҷо мемонанд."

Пактико як вилояти нодору хеле муҳофизакор ва рушднокарда дар марзи Афғонистону Покистон аст. Ин ҷо барои занҳои ҷинояткор аслан ҳеҷ зиндон ё боздоштгоҳе вуҷуд надорад. Аксари занҳое, ки муҷозот мешаванд, аз роҳи додгоҳҳои суннатӣ, яъне бо қарори шӯрову раҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ ҷазо мегиранд ва дар бисёр ҳолатҳо, ҳукми онҳо берун аз чаҳорчӯби низоми додгустарӣ содир мешаванд. Аз ҳамин хотир, маҳкумшудаҳо имкони хеле ночизи муроҷиат ба вакилони дифоъ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ё дигар сохторро доранд.

Як манзараи Пактико
Як манзараи Пактико

Бибӣ Ҳаво, масъули умури занон дар ҳукумати маҳаллии Пактико, мегӯяд, маҳкумшудаҳо ҳамчунин ба хонаи заноне фиристода мешаванд, ки дар сохтори пулиси маҳаллӣ кор мекунанд. Вай гуфт, соли гузашта танҳо 16 парвандаи ҷиноӣ бо иштироки занон то додгоҳҳои Пактико расид, вале даҳҳо қазияи дигари марбут ба занон, ки даст ба ҷиноят задаанд ва ё худи онҳо қурбонии ҷинояту бадрафторӣ шудаанд, аз ҷониби шӯроҳои қабилаӣ ҳал шудааст.

Зиндонҳои Афғонистон серодаманд ва аз ҳамин ҷиҳат ҳам зиёд мавриди интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ қарор мегиранд. Ҳазорҳо занҳои муҷрим, бахусус дар рустоҳои дурдаст бидуни мурофиаҳои расмии додгоҳӣ муҳокима ва муҷозот мешаванд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG