Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон алами Аблязовро аз расонаҳои мустақил мегирад


Идораи нашрияи "Голос Республики" дар Алмато.
Идораи нашрияи "Голос Республики" дар Алмато.

Мақомоти Қазоқистон маъракаи бесобиқаи фишор ба матбуоти мухолифонро оғоз кардаанд.

Додситони кулли ин кишвар тасмим дорад, фаъолияти ҳудудан 30 расонаи мустақил, бо шумули шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои интернетӣ ва нашрияҳои чопиро бо иттиҳоми экстремизм ва талоши сарнагун сохтани ҳукумат қатъ кунад.

Фаъолияти ду ҷумбиши сабтиномнашудаи мухолифон бо номи “Алға” ва “Холиқ Майдонӣ” низ бо ҳамин иттиҳом дар ростои хатар қарор гирифтааст.

Рӯзи чаҳоршанбе додгоҳ баррасии парвандаи “Алға”-ро баррасӣ мекунад ва рӯзи панҷшанбе мурофиаи додгоҳии нашрияи “Голос Республики” баргузор мегардад. Эҳтимол меравад, ки ин ду ниҳод аз аввалин қурбониҳои маъракаи фишор ба мухолифон ва матбуоти мустақил шаванд. Владимир Козлов, раҳбари ҷумбиши мухолифони “Алға” бо ҷурми ташкили тазоҳуроти ғайриқонунии кормандони соҳаи нафт ва кӯшиши сарнагун кардани ҳукумати раисиҷуҳмур Нурсулмтон Назарбоев ҳафтуним сол ҳукми зиндон гирифтааст.

Мухолифони ҳукумати президент Назарбоев талошҳои решакан кардани оппозисюнро, ки аз тазоҳуроти соли гузашта дар Жаноузен ва Шетпе сарчашма гирифтааст, маҳкум карданд. Дар тазоҳуроти соли гузаштаи кормандони соҳаи нафт, ки дар он ба ҳимояти ҳуқуқҳои коргарон даъват мешуд, пулис дасти кам 17 нафарро кушта ба ҷой гузошт. Ин ҳодиса аз бадтарин таҳаввулоти Қазоқистони пасошӯравӣ унвон шуд ва ба обруи ин кишвар, ки президент Назарбоев бо эътидолу суботи он ҳамеша ифтихор мекард, ҳам дар хориҷ ва ҳам дар қаламрави шӯравии собиқ латма зад.

Бо он ки мақомот баъдан исми шаҳри Жаноузенро иваз карданд, вале ҳанӯз осуда нашудаанд ва ҳоло ҳам аз имкони такрори чунин ҳаводис ҳарос доранд. Ба гуфтаи нозирони авзо дар ин кишвар фишор ба матбуоти Қазоқистон низ аз ҳамин ҳаросҳо маншаъ мегирад.

Тамара Калеева, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи башари Қазоқитстон мегӯяд, ки ҳодисаҳои Жаноузен чашми мақомотро сахт тарсонд ва иқдомоти онҳо дар ҳама сатҳ ба ба хотири ҷилавгирӣ аз сар задани чунин тазоҳурот пиёда мешаванд.

Сомонаи интернетие, ки гуфта мешавад, ба Аблязов тааллуқ дорад.
Сомонаи интернетие, ки гуфта мешавад, ба Аблязов тааллуқ дорад.
Додситони кулли Қазоқистон шабакаи телевизионии “Стан-TV” ва нашрияи “Голос Республики”-ро низ дар ташкили хушунатҳо дар Жаноузен масъул медонад. Мақомот ҷамъулҷамъ бастани 8 нашрия ва 23 сомонаи интернетиро тақозо кардаанд, ки зери чатри “Республика Медиа Групп” фаъолият мекунанд. Ба ин гурӯҳ Шабакаи Телевизионии "К+" ва нашрияи оппозисюнии «Взгляд» низ шомиланд.

Додситони Қазоқистон ба ҳамкории матбуоти мустақил бо раҳбарони ҷумбишҳои мухолифон ва ҳамчунин ба Мухтор Аблязов, як бонкдори сарватманд ва соҳиби васоити ахбори ом дар Қазоқистон ишора мекунанд. Мухтор Аблязов аз душманони ашадии Назарбоев буда, аз соли 2009 ба ин тараф дар Британия ба сар мебарад. Вай аз моҳи феврали соли равон ба ин су дар ҳоли фирор қарор дорад, зеро додгоҳи Британия ӯро бо ҷурми пинҳон доштани ҷузъиёти боигарии худ ба 22 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳ парванди Аблязовро бо дархости бонки собиқи ӯ боз кард, ки мегӯяд, Мухтор Аблязов ҳангми раҳбариаш дар ин бонк 5 миллиард долларро ба яғмо бурдааст.Матбуоти мустақил ин иттиҳомро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG