Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нафақадуздӣ" ва ҳамлаи гургон дар матбуоти тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бештари нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта мисли маъмулӣ хабарҳои расмиро дар саҳифаҳои аввали худ ҷой карда, бештар ба мавзуъҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Натиҷаи сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Аврупо ва мулоқоташ бо президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва таҷлили Рӯзи милиса бахше аз ин мавзуъҳост.

Рӯзномаи "Имрӯз News" дар нашри рӯзи ҷумъаи худ сафари президент Эмомалӣ Раҳмонро ба Аврупо бозтоб дода, мулоқот бо Оқохони 4 ва президенти Радиои Озодиро дар меҳвар қарор додааст. Рӯзнома навиштааст, "Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Шоҳзода Карим Оқохони 4 аз сатҳу муҳтавои ҳамкории воқеии миёни Тоҷикистон ва ташкилоти шабакавии Хазинаи Оқохон оид ба рушд изҳори қаноатмандӣ кардааст”.

Дар матлаби дигар аз сафари президент дар бораи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ хабар нашр кардааст. Ин мулоқот рӯзи 7-уми ноябр дар шаҳри Сюрихи Швейтсария баргузор шуд.

Сафари раиси ҷумҳур ба Аврупоро ҳамаи нашрияҳои расмӣ, аз ҷумла “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” дар шумораи навбатии худ ҷой кардаанд. Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба фарқ аз нашрияҳои дигар сафари президентро дар як матлаби доманадор нашр кардааст. Муаллифи он навиштааст, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо Ҷеймӣ Флай таъкид намудааст, ки “имрӯз дар Тоҷикистон 18 корманди он ба қайд гирифта шудаанд ва озодона фаъолият мекунанд...”

"Зимнан, рӯзи 31-уми октябр вазорати умури хориҷӣ ба 7 хабарнигори Радиои Озодӣ иҷозаи фаъолият дод, вале шаш нафарашон фақат ҳаққи фаъолияти нимсола ва як нафар барои се моҳ иҷозаи кор гирифтаанд. Ин дар ҳолест ки бар пояи муқарароти Ҳукумати Тоҷикистон аккредитатсия ба хабарнигорони доимӣ барои 1 сол дода мешавад", -- навиштааст нашрия.

Зердаст 37 ҳазор сомонӣ “дуздид”, роҳбар ҷарима шуд

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи навбатии худ дар бораи “нафақадуздӣ” дар яке аз ноҳияҳо матлаб навиштааст. Ба навиштаи ин нашрия, баъд аз фавти Галина Блинова, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соли соли 2016 дубора номаш дар рӯйхати нафақагирон шомил шуда, то ҳол ба корти бонкии вай ҳаққи бознишастагиаш ворид мешудааст.

“Аз тарафи сармутахассиси шӯъбаи таъйини нафақаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Рӯзибой Ҷумъаев дубора номи Блиноваи фавтида дар рӯйхати нафақагирон ҷой дода шудааст”, -- навиштааст ҳафтанома. Муаллиф менависад, Ҷумъаев нафақаи Галинаи фавтидаро аз 485 сомонӣ то 748 сомонӣ боло бурда, дар умум 37 ҳазору 673 сомонии давлатро "ба ҷайби худ задааст".

Аммо Рӯзибой Ҷумъаев чанде пеш фавтида ба ҷойи вай додгоҳ Хуршед Саломов, сардори шуъбаи таъйини нафақа, яъне роҳбари Ҷумъаевро барои “хунукназарӣ” 8 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима ва аз вазифа сабукдӯш кардааст.

Мавзӯи азхудкардани маблағҳои буҷаи давлат дар Тоҷикистон ҳамоно доғ аст ва пайваста мавриди интиқоди расонаҳо қарор мегирад. Вале барқарор нашудани маблағ ва ҷазои сабук гирифтани мансабдори гунаҳкор боис ба нигаронии ҷомеа аст.

"Гургҳо ҳам ба ҳуҷум гузаштаанд"

Аз он сӯи Ому ҳоло гуруҳҳои ифротгаро ягона хатар барои Тоҷикистону минтақа набудааст. То ҳол аз вуҷуди силоҳбадастони террористу ифротгаро аз он сӯи марз бо Афғонистон хатар эҳсос мешуд, ҳоло ҷонварони ваҳшӣ ҳам хатарнок гуфта мешаванд.

Ҳафтаномаи "Тоҷикистон" бо омадани фасли сармо аз ҳамлаи ҷонварони ваҳшӣ ба маҳалли аҳолинишин ҳушдор додааст. Лутфишоҳи Додо, муаллифи матлаб навиштааст, ҳамасола дар моҳҳои январ-феврал аз сардии зиёд ва гуруснагӣ ҷонварони ваҳшӣ ба манзили сокинон ҳамла мекарданд, вале имсол аз аввалҳои октябр ин корро мушоҳида кардаанд. Ба навиштаи вай 8-уми октябр даррандагон ба оғили яке аз сокинони деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, ки чорвои деҳа дар онҷо нигоҳдорӣ мешудааст, даромада ва 10 бузу гӯсфандро куштаанд.

Ҳамлаи ҷонварони ваҳшӣ ба сокинони куҳистон ҳамеша дар фасли зимистон расонаӣ мешавад. Зимистони гузашта гургҳо модару духтарро дар деҳаи Поршнев ҳалок карда, ду кӯдаки дигаро дар деҳаи Сучони Бадахшон захмӣ намуданд.

Ба навиштаи ин ҳафтанома, имсол омадани селаи гургон аз он сӯи дарёи Панҷ, яъне аз Афғонистон зиёд мушоҳида шудааст. Муаллиф аз қавли роҳбари Ҷамъияти шикорчиёни вилояти Бадахшон навиштааст: "Гургҳои ҷойдорӣ (муқимӣ) дар вақти чиллаи зимистон то 5-6-сарӣ ва дар фаслҳои дигари сол танҳо мегарданд. Гургҳое, ки аз Афғонистон омадаанд, ҳамаи фасли сол то 20-25 сар якҷояанд ва ба одамон хеле хатар доранд."

Нашрияи таърихӣ-тадқиқотии "Самак" ин ҳафта дар саҳифаи дувуми худ аз чорабиние бахшида ба Рӯзи милиса гузориши тасвирӣ нашр кардааст. "Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронии худ аз таърихи бою ғании милитсияи тоҷик ёдовар шуда, зикр кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар тӯли фаъолият рӯзҳои сахту сангинро аз сар гузаронидаанд. Аз ҷумла, баҳри барқарорсозии сохти конститутсионӣ зиёда аз якуним ҳазор нафар кормандони милитсия ҷони худро аз даст додааст", -- навиштааст ҳафтанома.

Смс-паёмакҳои “хатарнок”

Ҳафтаномаи “Фараж” ин навбат аз “фиреб”-и ширкатҳои мобилӣ ва гаронии нархи интернету бесифатии он матлаб навиштааст. Ҷамила Мирбозхонова, хабарнигори он дар сутуни нашрия навиштааст, аз рӯи шикояти сокинон ва ҳам таҷрибаи худаш, "ширкатҳои мобилӣ бо ҳар баҳона смс-паёмакҳо фиристонда маблағи муштариҳоро мегиранд2.

Муаллиф навиштааст, барои 4-5 дақиқа харҷи интернет берун аз пакет ё бастаи мавриди истифодааш 124 сомонӣ гирифтаанд. “Истифодабарандаи дигари шабакаҳои мобилӣ - Мансур Қаландаров менависад, ки 1гб бастаи Интернет дар Тоҷикистонро ба 512 сомонӣ харидааст, ки албатта дар шароити кишвари мо хеле гарон аст”, -- навиштааст ӯ.

"7 нафарро олудаи ВИЧ карду 9 сол зиндонӣ шуд"

Ин ҳафта нашрияи “Пайк” дар бораи зане матлаб навиштааст, ки 7 мардро бо вируси норасоии масунияти бадан олуда карда, бо ҳукми додгоҳ 9 сол зиндонӣ шудааст. Ба навиштаи “Пайк”, О.Г.-и 23-сола бо вуҷуди аз бемории худ огоҳ будан, ба воситаи иртиботи ҷинсӣ ҳафт нафарро ба ин вирус мубтало кардааст. Муаллиф дар матлаби худ мисол меорад, ки О.Г. дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон солҳои 2018 ва 2019 дар меҳмонхона ва манзили иҷора “бо мардони бегона” вохӯрдааст.

Дар Тоҷикистон огоҳона ба дигарон гузарондани ин вирус ҷиноят аст. Гирифторшавӣ ба вируси норасоии масунияти бадан солҳои охир ба гуфтаи масъулон тамоюли зиёдшавӣ дорад. Аз рӯи омори расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон 10,7 ҳазор нафар ба ин вирус гирифторанд, ки аз ин ҳудуди 7 ҳазор мард ва бештар аз 3 ҳазори онро занон ташкил мекунанд.

“Барои бой хона ҳаст, барои камбағал не!”

Ҳафтаномаи “СССР” ин ҳафта ба мушкили бехонагиву гаронии нархи иҷора пардохтааст. Дар матлабе бо сарлавҳаи “Хонаҳои беодаму одамони бехона” навиштааст, нархи хона назар ба як соли пеш ба маротиб афзудааст. Муаллиф, ки як ҳафта ин мавзуъро пайгирӣ кардааст, сабаби инро аз қавли соҳибкорон дар изофаи андози 18 дарсадӣ дар аввали имсол донистааст. "Нархи хонаи якутоқаи 46 метри мураббаъ, ки соли гузашта 250 ҳазор сомонӣ буд, ҳоло 290 ҳазор сомонист", -- навиштааст муаллиф. Бо вуҷуди гарм будани бозори хонасозӣ дар Душанбе нархи он ҳамасола гарон мешавад. Муаллифи матлаб мегӯяд, "аҷоиб ин буд, ки аксари хонаҳо дар биноҳои навсохт холиянд ва бештар ба иҷора супорида мешаванд."

Ӯ муайян кардааст, ки нархи иҷораи як хонаи 3-4-ҳуҷраӣ аз 2 ҳазор сомонӣ дар канораҳои шаҳри Душанбе то 18 ҳазор сомонӣ дар биноҳои навсохти марказ барои як моҳ аст.

Дар ҳоле “СССР” аз гаронии нархи хонаву иҷораи он нигаронӣ кардааст “Боҷу хироҷ” навиштааст, сокинон андози манзили иҷораро пардохт намекунанд. Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии Кумитаи андози Тоҷикистон дар шумораи нави худ навиштааст, на ҳамаи иҷорадиҳандагон моликияти худро дар нозироти андоз сабт кардаанд ва аз он андоз месупоранд. Тибқи иттилои ин нашрия ҳоло дар ҷумҳурӣ соҳибони 1966 манзил ҳамчун иҷорадеҳ сабти ном шудаанд ва андоз месупоранд. Маблағи миёнаи андоз аз як метри мураббаъ барои ҳамагуна иншоот дар ҷумҳурӣ 14,9 сомониро ташкил медодааст. Дар охири матлаб аз нозироти андози шаҳру ноҳияҳо талаб шудааст, ки ҳамаи иҷорадиҳандагонро “ба барномаи компютерӣ ворид карда, барои таъмини пурраи эъломияҳои андозӣ чораҳои иловагӣ андешанд”.

Ҳоло маълум нест, ки пушти равзанаи идораи андоз овардани соҳибмулкон нархи хонаҳои иҷора чанд мешаванд.

Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи охирини худ роҳҳои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбиро матраҳ карда пешниҳод кардааст, ки бояд хизмати аскарӣ яксола карда шавад. Муаллиф аксари кишварҳои дунёро мисол меорад, ки дар онҳо хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз 4 то 18 моҳ аст. Яке аз бартариҳои хизмати яксоларо аз байн рафтани меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ донистааст.

Дар Тоҷикистон хизмати ҳатмии ҳарбӣ ду сол буда, дар як сол ду дафъа ҷавонон ба хизмат ҷалб мешаванд. Ҳамасола бо шурӯи мавсими даъвати ҳарбӣ ҷалби иҷбории ҷавонон ё “облава” ҳам ба назар мерасад. Амале ки аз тарафи ҳомиёни ҳуқуқ пайваста интиқод мешавад.

XS
SM
MD
LG