Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Азия Плюс»: «Рӯзноманигоронро дар соли интихобот чӣ интизор аст?»


Фишорҳои эҳтимолӣ ба рӯзноманигорон, тақдири мухолифони ҳукумат, талаби истеъфои чанд мансабдор, изҳороти раиси сотсиал-демократҳову раддияи мақомоти масъул, бепулии ҳизби коммунист ва оқибати танзимгароӣ дар меҳвари матолиби нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор гирифтааст.

«Азия Плюс» бо ишора ба баргузории интихоботи президентӣ дар моҳи ноябри имсол дар Тоҷикистон суолеро матраҳ кардааст, ки дар арафаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолияти воситаҳои ахбори омма чӣ гуна хоҳад буд? Ба таъкиди Нуриддин Қаршибоев, роҳбари АМРМТ, «фаъолияти барои журналистон мушкил хоҳад шуд.» Зеро дар арафаи баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ «ҳама чизро интизор шудан мумкин аст.» Аммо профессор Иброҳим Усмонов муътақид аст, ки баргузории интихоботи президентӣ ба воситаҳои ахбори омма таъсире нахоҳад дошт. Зеро нерӯи воситаҳои ахбори омма одатан аз қувваи ҳизбҳои сиёсӣ маншаъ мегирад ва азбаски ҳизбҳои мо чандон тавоно нестанд, таъсирашон низ ба воситаҳои ахбори омма камтар хоҳад буд.

“Озодагон” тақдири имрӯзу фардои Умаралӣ Қувватов ва Абдумалик Абдуллоҷоновро бозтоб дода, дар матлабе бо унвони “Қисмати охирин мухолифини Раҳмон” ба муштаракоти қазияи ин ду нафар дахл кардааст. Ба иддаои нашрия, ҳарчанд онҳо аз як маҳал нестанду баробарии синнусолӣ ҳам надоранд, аммо ҳар ду ҳам шахсияти сиёсӣ шудаанду мухолифи ҳукумат. Аз ҷониби дигар, коршиносон боздошти Умаралӣ Қувватовро ба интихоботи президенти Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли равон рабт медиҳанд ва дар мавриди боздошти Абдумалик Абдуллоҷонов низ ҳамин иддаоро пеш мегузоранд. Бар замми ин, нашрия менависад, маҳз дар фурудгоҳ ва аз ҷониби интерпол боздошт шудани ин ҳарду 2 филми аз рӯи сужа монандро ба хотир меорад.

“Фараж” дархости волидони маҳбусони норозиро, ки бо ирсоли номаи дастҷамъонае ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ёвари вазири умури хориҷии ИМА Роберт Блейк ва сафорати Британия дар Тоҷикистон истеъфои сардори Раёсати ислоҳии Вазорати адлия Тоҷикистон Иззатулло Шарипов, сарпрокурори назоратӣ Толиб Азимов ва раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоевро талаб кардаанд, меҳвар қарор дода, аз чанд коршинос пурсидааст, ки “Иззатулло Шарипов ба истеъфо меравад?” Раҳматилло Зоиров, раиси ҲУСДТ, ба ин бовар аст, ки Иззатулло Шарипов ба истеъфо намеравад, зеро ӯ худро бегуноҳ меҳисобад. Баъдан, аз кор рафтани сардори раёсат на ба вазир вобаста асту на ба худи ӯ, балки ин дар салоҳияти президент аст. Маҳмадалӣ Ватанов, вакили Маҷлиси намояндагон, бо зикри “ин ба салоҳияти мо дахл надорад” андешаи Раҳматилло Зоировро дастгирӣ кардааст. Ба иддаои Ватанов, аз рӯи тартиби ҳуқуқӣ касе, ки Иззатулло Шариповро ба вазифа таъин кардааст, ҳамон нафар ҳуқуқи баррасии ин масъаларо дорад ва муроҷиат ҳам ба ҳамон ҷониб бояд ирсол шавад. Аммо ба гуфти коршинос Маҳдӣ Собир, “чунин одамоне, ки имиҷи Тоҷикистонро дар миқёси байналхалқӣ паст мекунанд, лозим нестанд. Имрӯз садҳо ҷавонҳо ҳастанд, ки мактабҳои ҳарбиро тамом кардаанду бекор мегарданд. Бигзор, онҳо ба кор оварда шаванд.” Рӯзноманигор Ҳарамгули Қодир бошад, аз Иззатулло Шарипов ҷонибдорӣ кардааст. Зеро вай “борҳо шоҳиди муносибати неки сардори раёсат бо маҳбусон будааст” ва Иззатулло Шарипов ҳам доимо ба рӯзноманигор мегуфтааст, ки “зидди шиканҷа аст ва маҳбусонро мисли фарзанд эҳтиром дорад.”

“Чархи гардун” баёнияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро дар мавриди изҳороти ахири Раҳматилло Зоиров, раиси сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, меҳвар қарор дода, ба нақл аз сухангӯи ВКД Маҳмадулло Асадуллоев навиштааст, ки дар паи санҷиши масъулини ин ниҳод даъвои Зоиров тасдиқ нашуд. ВКД муайян кардааст, ки Бахтиёр Сафаров ва Заринаи дар изҳороти раиси сотсиал-демократҳо номбаршуда дар ин вазорат кор намекунанд ва инчунин, ягон шаҳрванд бо номҳои Сапарова У. ва Сапаров Ю. ба ВКД оварда нашудаанд. Нашрия дар идома аз изҳороти ахири Зоиров ёдрас шудааст, ки вай зимни он гуфта буд, мақомот ба ҳар васила ба ӯву наздикон ва ҳамкоронаш фишор меоранд. Ба иддаои Зоиров, аз 17-уми феврал инҷониб кормандони давлатӣ, аз ҷумла маъмурони милиса, ҷои зист ва телефонҳои ҳамкорони собиқ, ҳамзист ва ҳамсояҳояшро муқаррар намуда, ба назди онҳо омадаанд ва аз чанд нафари онҳо талаб кардаанд, ки алайҳи Зоиров ба мақомоти қудратӣ ариза пешниҳод намоянд.

«Миллат» зимни баррасии равобити Тоҷикистону Узбакистон роҳбандиҳои ҳамсоякишварро «фишор ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон» гуфтааст. Ба иддаои нашрия, Узбакистон аз маҳрумиятҳои Тоҷикистон баҳра меҷӯяд ва бо ҳар роҳ мехоҳад маҳсулоти худро вориди бозори ин кишвар кунад. Ҳарчанд роҳбандиҳо ба оғози маъракаи муҳими саҳмияфурӯшӣ ва ҷиддан аз сар гирифтани сохтмони нерӯгоҳи Роғун рост омаду бисёриҳо фикр карданд, ки ин боиси мухолифати Узбакистон гардид, вале, ба таъкиди нашрия, дар асл чунин набуд. Зеро дар муддате, ки роҳҳо баста буду маҳсулоти дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид намешуд, «бозор пур аз либос ва маҳсулоти нассоҷии истеҳсоли Узбакистон шуда буд ва онҳо аз ин рақобати носолим ва холигии бозор истифода бурда, молҳои худро ба осонӣ фурӯхтанд ва маблағи зиёде фоида диданд.»

“Нигоҳ” бепулии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ошкор кардааст, ки ин сирро Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизб, ба нашрия гуфтааст. Исмоил Талбаков гуфтааст, ки ҳизб дучори мушкили молӣ асту имкони пардохти гаравпулии номзад ба вакилии парлумонро надорад. Аз ин рӯ, агар номзаде пайдо шавад, ки худаш имкони пардохти гаравпулиро дошта бошад, номзади мушаххас эълон мешавад. Аммо ба таъкиди Талбаков, номзад дар баробари имкони пардохти гаравпулӣ бояд дар пленуми ин ҳизб дастгирӣ ёбад. Вале дар мавриди аз ҷониби кӣ ва чӣ гуна дастгирӣ ёфтани номзади пардохтпазир муовини раиси коммунистҳо чизе нагуфтааст. Дар идомаи суханаш Талбаков номзадҳои эҳтимолии ҳизбро то ҷое умедвор ҳам кардааст, ки “шояд номзаде пайдо шавад, ки қисми гаравпулиро худаш пардохт кунад, қисми дигарашро ҳизб кумак кунад.” Лекин аз кадом ҳисоб пайдо карда тавонистани ин “қисми дигар”-и маблағ барои ҳизби “дучори мушкили молӣ, ки ҳатто як нашрияи худро базӯр нашр мекунад,” барои хонанда ҳамоно норӯшан боқӣ мондааст.

“СССР” ин ҳафта иддао кардааст, ки бо баҳонаи танзим “ширинтарин тарсими ориёӣ, бо шумули арӯсбинон, саршӯякони арӯс маҳв гардид. Ин чист, ки ҳатто маросими Сартарошон, ки бузургтарин гунаи маъракаи бахт дар Ориёно маҳсуб мерафту маҳз ба шарофати андешаи мардумӣ, хиради аждодӣ ва далерии сардамдорони вақт барои Тоҷик ҳифз шуда буд ... Танзимонида барҳамаш задем!” Ба пиндори муаллифи матлаб, “агар вазъ ҳамин тавр давом кунад, дур нест соате, ки зидди Наврӯз ҳам тасмим гирем.”
XS
SM
MD
LG