Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Фараж»: “Душмани матбуоти тоҷик кист?”


Таҷлили 8 март – Рӯзи модар дар Тоҷикистон, бурду бохт ва тақдири имрӯзу фардои матбуоти тоҷик дар арафаи иди касбӣ дар меҳвари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор дорад.

“Миллат” барои аввалин бор дар Рӯзи модар рейтинги бонувони таъсиргузор дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро дар як назархоҳии кӯчак дар доираи намояндагони аҳзоби сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ, донишгоҳӣ ва рӯзноманигорӣ мушаххас кардааст. Нашрия “бо камоли эҳтиром ба тамоми бонувони кишвар аз миёни ҳазорон гул 8 шоҳгулро, ки аксарияти ороро ба даст овардаанд ва гули сари сабади маҳфилҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва варзишии Тоҷикистонанд” муаррифӣ кардааст. Ҳаштгонаи бонувони соҳибэҳтироми рейтинги “Миллат” ба ин тартиб аст: 1.Гулрухсори Сафӣ, 2.Бӯринисо Бердиева, 3.Ойниҳол Бобоназарова, 4.Фарзона, 5.Марям Исоева, 6.Зебуннисо Рустамова, 7.Саъдинисо Ҳакимова, 8.Гавҳар Ҷӯраева.


“Нигоҳ” дар бастагӣ ба ин мавзӯъ аз ду бону пурсидааст, ки “Оё 8-уми март барои шумо ид аст ва Шумо онро ҷашн мегиред?” Шоира Адибаи Азиз гуфтааст, ки “оре, барои ман ин ҷашни ниҳоятан бузургу зебост”. Аммо Матлуба Абдуллоева, сокини пойтахт, ба ғайр аз “иди Рамазон ва иди Қурбон” ҳеҷ идеро қабул надорад ва 8 март барои вай рӯзи муқаррарист. Зеро, ба иддаои Матлуба, барои мусалмонон таҷлили идҳои Рамазону Қурбон хос аст, на дигаре аз онҳо ва андешаашро кинояомез анҷом бахшидааст, ки “аслан барои тоҷикон ҳар рӯз ид ҳаст-ку барои мисол иди харбузаву каду ва ғайра”.


“СССР” дар арафаи Рӯзи модарон “Асрори 8 март”-ро кашф кардааст. Ба иддаои Шерафкан Ҳаётов – “кашшофи” асрори ин рӯз, 8 март “атриёту упои муҳлаташон кайҳо гузашта” ба фурӯш мерафтаанду “дарду алами” мардони дар ин рӯз тавлидёфта “ҳам туҳфа ва ҳам ташкилие дар тарабхона” будааст.


“Фараж” бо ишора ба фарорасии моҳи март, ки дар Тоҷикистон “натанҳо чун моҳи аввали баҳор, балки ба ҳайси “моҳи идҳо”-ю оғози рӯшаниву гармӣ маъруф аст” гарм шудани фазои сиёсии кишварро пешгӯӣ кардааст. Ба таъкиди рӯзноманигор Хуршеди Атовулло, “моҳи март аз табрики якдигар ва шукргузорӣ аз он ки “ба баҳори нав расидем, зи баҳор шукр гӯем” оғоз мешавад” ва “ба думболаи он ҳаштуми март таҷлил мегардад” ва ин рӯз “чун ҳамҳамаю дамдама ва ситоиши васфи зан” истиқбол мешавад. Вале ба иддаои рӯзноманигор, фарорасии иди матбуот барои “ҳар журналисти воқеие шодиву нишот намеорад”. Зеро он “пешорӯи баҳсҳои судӣ алайҳи нашрияҳо” таҷлил мешавад.

Дар зимн, нашрия дар арафаи иди матбуот бо суоли “Душмани матбуоти тоҷик кист?” ба суроғи чан тан аз “соҳибҷашну соҳибкасбон” рафтааст. Акбари Саттор, раиси ИЖТ, худи журналистонро душмани матбуоти тоҷик гуфтааст. Зеро бемасъулиятиву надоштани касбият ва матраҳ карда натавонистани масъала онҳоро паи ҷустуҷӯи душман равона месозад. Нуриддин Қаршибоев, роҳбари АМРМТ, иддаои Акбари Сатторро тақвият додааст, ки “худи матбуот ва баъзе журналистони гандумнамои ҷавфурӯш”. Рӯзноманигор Сайёфи Мизроб бошад, Акбари Саттор ва худашро душмани матбуоти тоҷик эълон кардааст. Зеро, ба таъкиди ӯ, “дар замоне, ки ҳама касбҳо профессионалӣ мешаванду журналистика профессионалитар дар ақсои олам, дар мо раванди баръакс мушоҳида мешавад”.


“Озодагон” дар арафаи Рӯзи матбуот бо суоли “Матбуоти тоҷикро дар 101-солагиаш чӣ интизор аст?” назари чанд нафар рӯзноманигорро пурсидааст. Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи “Наҷот”, бо таассуф гуфтааст, ки “фазои қабул кардани матолиби ВАО барои доираҳои манфиатхоҳи ҳукумат муносиб нест ва онҳо тавре рафтор мекунанд, ки бояд ҳар чизе мегӯянд, ҳамон тавр бояд дар матбуот матолибу гузоришот матраҳ бошад”. Ба иддаои сардабир, чунин бархурдро аксуламали дастҷамъона мебояд, то “ҳукумат натавонад дар қиболи матбуот чизе гуфта бошад. Бавижа матбуоти мустақил, ки назари худро озодона баён мекунад”. Рустами Ҷонӣ, бунёдгузори “ИмрӯзNews”, сарнавишти матбуотро аз тасмими имрӯзаи рӯзноманигорон вобаста донистааст, зеро ба иддаои ӯ, “имрӯз тақдир дар пеши матбуоти мо санҷиши ниҳоят душворро гузоштааст”. Аммо бунёдгузор дар зимн ин “санҷиши ниҳоят душвор”-ро шарҳ надодааст. Умед Бобохонов, муассиси медиахолдинги “Азия плюс”, душворшавии вазъи матбуоти хабарии Тоҷикистонро “дар соли интихобот” пешгӯӣ кардааст. Зеро “аҳзоби сиёсӣ кӯшиш мекунанд, то аз расонаҳои хабарӣ истифода баранд”. Тарси Умед Бобохонов аз он аст, ки сохторҳои давлатӣ “дар баъзе ҳолатҳо аз ҳад зиёд эҳсосӣ мешаванду баъзе чизҳои муқаррариро аз ҳад зиёд сахт мегиранд”. Вале дар мавриди мақому манзалати “баъзе чизҳои муқаррарӣ” муассиси медиахолдинг чизе нагуфтааст.


“Азия плюс” бо хулоса аз андешаҳои коршиносон соли гузаштаи 2012-ро барои матбуоти тоҷик “бархурд бо буҳрони сахт” унвон кардааст. Ба таъкиди нашрия, қарори президенти кишвар дар бораи бекор кардани таъқиби ҷиноии рӯзноманигорон барои “туҳмат ва таҳқир” агар ҷанбаи мусбат бошад, пас, эҷоди монеаҳо ба фаъолияти васоити ахбори омма дар соли 2012 ҷанбаи манфӣ дошт.
XS
SM
MD
LG