Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодагон: «Тоҷикистон бояд бар ивази транзит талаби маблағ кунад»


Берун кардани таҷҳизоти низомии НАТО ва шариконаш аз Афғонистон, махфӣ эълон шудани мурофиаҳо дар додгоҳҳо ва норӯшаниҳои кодекси нави андоз дар меҳвари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор дорад.

“Озодагон” барои иҷозаи Тоҷикистон ҷиҳати транзити таҷҳизоту муҳимоти неруҳои байналмилалӣ аз Афғонистон талаби маблағ карда ва аз коршиносон пурсидааст, ки дар хуруҷи нерӯҳо ва таҷҳизот Тоҷикистон чӣ манфиате дошта метавонад? Коршиноси масоили амниятӣ Комёб Ҷалилов дар посух ба ин суоли нашрия гуфтааст, ки “бар ивази истифодаи қаламрави худ Тоҷикистон танҳо як шарт – талаби маблағи муайянро бояд пеш гузорад”. Маҳмадалӣ Ҳайит, яке дигар аз коршиносони тоҷик низ ба ҳамин нукта ишора кардааст ва талаби маблағро бар ивази транзит пешниҳоди судманд хондааст.

“Миллат” дар ин мавзӯъ ба музокирати миёни Тоҷикистон ва Бритониё ишора карда ва навиштааст, ки «Бритониё тарҳи берун овардани муҳимоти ҷангии худро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ду моҳ қабл ба давлати Тоҷикистон пешниҳод карда буд». Ба таъкиди нашрия, “бархе аз расонаҳои бритониёӣ гузориш кардаанд, ки низомиёни Бритониё ҳангоми тарки Афғонистон ҳудуди 40 дарсад аз васоили низомии худро бо худ ба Бритониё нахоҳанд бурд”. Нашрия дар истинод ба гузоришҳои расонаҳои хабарӣ навиштааст, ки интизор меравад таҷҳизоти низомии Бритониё дар Афғонистон ба маблағи зиёд фурӯхта шавад ва ё ҳадя гардад. Аммо дар мавриди ба кӣ ва бо чӣ қиммат фурӯхта шудан ва ё ҳадя гардидани ин таҷҳизоти низомӣ “Миллат” чизе нагуфтааст.

“Азия плюс” пушти дарҳои баста ва зери муҳри “махфӣ” баргузор шудани мурофиаҳо дар додгоҳҳоро “гардиши нав дар системаи судии Тоҷикистон” унвон кардааст ва пурсидааст, ки бо ин амали хеш “мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти судӣ чиро пинҳон медоранд?” Нашрия ба мурофиаҳои додгоҳии “Парвандаи исфарагиҳо”, “Баррасии парвандаи қатли генерал Назаров дар додгоҳи Хоруғ”, “Қаллобии махфӣ”, “Парвандаи Ҳукумов”, “Парвандаи Холмуъмин Сафаров”, ишора кардааст, ки ин қазияҳо аз сӯи додгоҳ махфӣ эълон шуданду пушти дарҳои баста ҷараён доранд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик дар робита ба ин мавзӯъ ба нашрия гуфтааст, ки «ба таври пӯшида ҷараён гирифтани мурофиаҳоро дар додгоҳ қонун иҷозат медиҳад, вале мутаассифона, вақтҳои охир ин меъёри қонун аз сӯи додгоҳҳо мавриди сӯистифода қарор гирифтаву як навъ ба анъана ҳам табдил ёфтааст». Ин ҳуқуқдон вуҷуди фасод дар доираҳои болоии ҳукумат ва даст доштани мақомот дар содиршавии ҷиноятҳоро яке аз сабабҳои махфӣ гардидани мурофиаҳои додгоҳӣ донистааст.

“Фараж” дар бастагӣ ба ин мавзӯъ навиштааст, ки “системаи судии мо мустақил нест ва дар ин маврид даҳҳо бор гуфтаанду навиштаанд”. Ба иддаои нашрия, обрӯю нуфузи даъвогарон судяҳоро “лолу музтар” кардааст. Нашрия ба хотири ҷилавгирӣ аз айбдорсозиҳои қалбакӣ пешниҳод кардааст, ки “сохтори детективи хусусӣ иҷозат дода шавад, то дар рафти тафтишот парванда ба таври васеъ омӯхта ва баррасӣ гардад”.

“Нигоҳ” кодекси андозро меҳвар қарор додаву иддао пеш овардааст, ки дар кодекси нав манфиати андозқабулкунандагон бештар ба ҳисоб гирифта шудааст. Ба гуфти нашрия, дар ду моҳи амалкарди ин санад аллакай ду эътироз ва коршикании бузурги тоҷирон алайҳи андозбандии баланд ва ғайриодилонаи давлат ба миён омад. Дар баробари тоҷирон, чандин муассисаҳои таълимӣ низ алайҳи кодекси нави андоз садо баланд карданд. Нашрия менависад, ки солҳои охир “атрофиёни президенти кишвар на ҳамеша ӯро дуруст мефаҳманд ва таклифу дархостҳои Ҷаноби Олиро дар баъзе мавридҳо баръакс иҷро мекунанд”. Ба иддаои нашрия, гоҳо зердастони президент “ҳатто муқобили дархосту пешниҳоди ӯ кор мебаранд. Агар чунин нест, пас, чаро дархости президенти кишвар дар бораи ворид намудани сабукиҳо ба кодекси нави андоз ба инобат гирифта нашуд?”

“Имрӯз News” низ бо ишора бо норӯшаниҳо дар кодекси нави андоз навиштааст, ки “ихтилофҳо дар кодекс бисёранд”. Рӯзномагирон Сафват Бурҳонов даъво пеш овардааст, ки “муғлақтар, нофаҳмотар аз ин кодекс асареро нахондаам”. Дар зимн, рӯзноманигор бо тааҷҷуб пурсидааст, ки “ин қонун барои андозсупоранда эҷод шудааст ё барои хатмкардагони Гарвард?”

Нашрияи тозатаъсиси фарҳангии “Дишидак” низ роҷеъ ба масъалаи андозситонӣ дар матлабе бо номи “Кишвари қонунзада ва таназзули ҳунар” бо ишора ба норӯшаниҳои кодекси нави андоз иддао кардааст, ки “агар қонун маҳз ба хотири ситонидани андозу назорати фаъолияти косибон ба тасвиб расад, сад дар сад мегӯем, ки ҳунари миллӣ мемирад ва ҷойи онро ҳама чизи бадсифати чинӣ забт мекунад”.
XS
SM
MD
LG