Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти созмонҳои журналистӣ зидди тағйири қонуни матбуот


Созмонҳои журналистӣ тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни матбуотро талоши "ҷомаи қонунӣ пӯшондан ба сензура" номида, аз вакилони парлумон талаб кардаанд, ки аз тасвибаш худдорӣ кунанд.

Чор созмони журналистии Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи матбуоти даврӣ ва дигари воситаҳои ахбори омма"-ро нақзи озодии баён хонда ва аз Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии парлумон - талаб кардаанд, ки аз қабулаш худдорӣ кунад. Ин изҳорот рӯзи 1 феврал бо имзои раҳбарони Иттифоқи журналистон, Шӯрои васоити ахбори омма, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва ташкилоти "Хома" нашр шуд.

Чор созмони журналистӣ дар изҳороти худ гуфтаанд, "ин тағйирот маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон мебошад, зеро ба мақомоти баҳисобгирии ВАО ва прокуратура имкони манъ кардани фаъолияти дилхоҳ расонаҳоро дода, амалан пиёдагардонии тартиби ғайрисудии манъи кору фаъолияти ВАО аст."

Созмонҳои журналистӣ дар идома пешниҳоди ин тарҳро талоши "ҷомаи қонунӣ пӯшондан ба сензура" номидаанд. "Тартиби боздошти фаъолияти расонаҳое, ки меъёрҳои ҳуқуқиро риоя намекунанд, дар қонунгузории ҷорӣ равшану фаҳмо оварда шудааст ва ҳеч зарурат ба тағйирот надорад," – таъкид кардаанд онҳо.

Муаллифони изҳорот дар сурати қабул шуданаш тарҳи мазкурро "зарбаи сахт ба матбуоти миллӣ" дониста ва гуфтаанд, ки ин вазъ "заминаи мусоидро барои ғасби фазои иттилотии Тоҷикистон аз ҷониби расонаҳои хориҷӣ дар марҳилаи ҳассоси мухолифатҳои минтақавию ҷаҳонӣ фароҳам меорад".

Ҳукумати Тоҷикистон ба қонун дар бораи "Матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма" як силсила тағйиротеро пешниҳод кардааст, ки ба ин қонун як банди махсус дар бораи тартиби боздошти фаъолияти расонаҳоро илова мекунад. Ин тарҳ тоза ба дасти вакилони парлумон расида, ҳанӯз баррасӣ нашудааст. Бар асоси ин тағйирот, ки нусхаи он ба Озодӣ низ дастрас шуд, ба додситони кулл ва додситонҳои тобеи ӯ низ ҳақ дода мешавад, барои рафъи қонуншиканиҳо аввал ба расонаҳо амри хаттӣ дода ва дар сурати риоя нашудани ин амр барои қатъи фаъолияти расонаҳо дархост фиристанд.

Дар ин тағйирот гуфта шудааст: "Агар дар мӯҳлати муайяншуда қонуншиканиҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералӣ ё прокурорҳои тобеи ӯ метавонанд ба мақоми ваколатдори баҳисобгирии ВАО дар хусуси боздоштани фаъолияти ВАО бо ариза муроҷиат намоянд. Дар ин маврид мақоми ваколатдори баҳисобгирии ВАО ҳуқуқ дорад, фаъолияти ВАО-ро ба мӯҳлати то 3 моҳ боздорад."

​Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки дар сурати тасвибаш ин тарҳи қонун ба додситони кулл ва додситонҳои дигар барои қатъи фаъолияти расонаҳо дасти дарозтар медиҳад. Аммо вакили парлумон Олим Салимзода рӯзи 1 феврал дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон гуфтааст, ки "тарҳи қонуни мазкур бо мақсади беҳтар кардани назорат оид ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва таъмину таҳкими амнияти иттилоотӣ таҳия ва пешниҳод шудааст".

Қонун дар бораи "Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" соли 1990 тасвиб шуда, то имрӯз ба он 6 бор тағйиру иловаҳо ворид шудааст. Дар таҳрири охирини қонуни матбуоти Тоҷикистон, ки соли 2013 аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, тартиби қатъи фаъолияти васоити ахбори омма вуҷуд надошт. Бо ин ҳол, созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳоло умед доранд, ҳангоми баррасии тарҳи иловаҳо ба қонуни матбуот ҳам, ки ҳоло дар дасти омӯзиши парлумон қарор дорад, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои марбута ҳам ҷалб ва андешаву пешниҳоди онҳо ба инобат гирифта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG