Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи интихоботи президентӣ 30 август маълум мешавад


Дар ин рӯз баргузории иҷлосияи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар назар аст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 30 август иҷлосияи муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлси миллӣ баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он таърихи дақиқи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълон мешавад. Дар робита бо ин иҷлос имрӯз Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон амре содир кард. Имрӯз Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҷаласаи навбатии худро баргузор кард, ки дар ҷараёни он масъалаи даъвати иҷлоси якҷояи палатаҳои порлумон баррасӣ гардид.

Интизор меравад, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар аввалҳои моҳи ноябр баргузор шавад. То ҳол ҳеҷ як аз номзадҳои эҳтимолии калидӣ роҷеъ ба омодагии худ барои ширкат дар интихобот изҳори назар накардаанд. Дар ҳоле, ки гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат роҷеъ ба эҳтимоли дар интихобот пешбарӣ шудани номзадии президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон ҳарф мезананд, худи ӯ ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардааст.

Айни замон, намояндагони нирӯҳои мухолифин ҳам ҳанӯз ба тавофуқи назар наомадаанд, ки дар интихоботи президентии имсола ба кадом шакл ширкат хоҳанд кард. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки аз аҳзоби умдаи мухолифин ва ҳам созмонҳои ҷамъиятӣ иборат аст, мегӯяд, феълан сари ду роҳ андеша дорад - яке пешбарии номзади ягонаи мухолифин ва дигаре - пешбарии номзадҳои ҷудогона аз ҳар ҳизби сиёсӣ.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи ҷорӣ Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ гуфт, ки мехоҳад дар интихобот иштирок кунад.

5 август дар як гузоришаш роҷеъ ба фазои пешазинтихоботии Тоҷикистон як ҳайъати САҲА аз афзоиши "бефарқии мардум, бахусус ҷавонон, нисбат ба интихоботи моҳи ноябр" хабар дод. Ин ниҳод навишт, ки имсол ният дорад мушовирони САҲА-ро ба Тоҷикистон бифиристад, то бубинанд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шаффофу одилона хоҳад буд ё на.

Тибқи иттилои Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, имсол тақрибан 4 миллион нафар сокини ин кишвар ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботро ба даст меоранд. Аз ин шумор, ҳудуди 900 ҳазор нафарашон дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд.

Тибқи иттилои ахир, Комиссияи марказии интихобот ба ҳукуматҳои ноҳияву вилоятҳои Тоҷикистон ва ба масъулони 68 ҳавзаи интихоботӣ супориш додааст, ки ҷавонони аз 18-сола болоро ба қайд гиранд. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳақи ширкат дар интихоботҳоро доранд. Ин супориш як ҳафта дода шудааст.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG