Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент -- меҳмони хонаводаҳо. Ҳолпурсӣ ё оғози таблиғоти интихоботӣ?


Дар меҳмонии деҳқон Усмонов Муҳаммадамин. Ноҳияи Рӯдакӣ. 22.07.2020
Дар меҳмонии деҳқон Усмонов Муҳаммадамин. Ноҳияи Рӯдакӣ. 22.07.2020

Рӯзи интихоботи президентии Тоҷикистон расман эълон нашудааст. Вале бархе аз коршиносон бо ишора ба муҳтавои расонаҳои давлатӣ ва хадамоти матбуоти давлатӣ, аз омодагиҳо ба оғози чорабинии пешорӯ суҳбат мекунанд. Коршиносони дигар бар инанд, ки нуфузи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ бе ин ҳам баланд аст ва зарурат ба таблиғи пешазвақт нест.

Ба ҳар ҳол шабакаҳои давлатӣ моҳҳои ахир умдатан аз нақши волои сардори давлат дар овардани сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон ва нақши рақибони ӯ дар барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ ва талошҳои ноором кардани ҷумҳурӣ бештар ҳикоят мекунанд.

Сенарияҳои нав

Дар сафарҳо кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳо назар ба вақтҳои пеш бештар лаҳзаҳои эҳсосотӣ ба назар мерасанд. Ҳангоми сафари ахираш ба Ҳисор ва ноҳияи Рудакӣ 22 июл ӯ бори нахуст ба хонаи деҳқонҳои маҳаллӣ Талабшо Давлатов ва Муҳаммадин Усмонов меҳмон шуд.

Дар видеое, ки хадамоти матбуоти президент дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, лаҳзаҳои суҳбати Раҳмон бо хонаводаи деҳқонон сари дастархон сабт шудааст, ки ӯ аз таомҳои омодакарда мечашад ва бо аъзои хонавода суҳбат мекунад.

Наворҳои нашршуда дар як давраи кӯтоҳ ҳазорҳо аломати писанд ва шарҳҳои мусбат гирифтаанд. Чунин бархӯрди ҷомеа эҳтимолан, ба ин далел аст, ки инигуна сенарияҳои мулоқоти президент бо афроди хусусӣ ҳангоми сафарҳо ба минтақаҳо бори нахуст нашр мешаванд.

“Нишон додани наздикӣ бо мардум”

Рӯзноманигор Азиз Нақибзод ба хосияти пешазинтихоботӣ доштани ин наворҳо ишора мекунад. “Тамоми ҳукуматҳо кӯшиш мекунанд, ки пеш аз интихобот худро як навъ ба мардум наздик кунанд ва вохуриҳои расиҷумҳур ҳам агар аз рӯи нақша ҳам бошад ҳатман дар ин вохуриҳо як навъ тайёрӣ ба интихобот вуҷуд дорад. Дар ноҳияи Ҳисор раисҷумҳур меҳмони оила шуд, ки пештар собиқа надошт. Ин як навъ мардумӣ нишон додани шахсияти раиси ҷумҳур аст”, - тахмин мезанад Нақибзод.

25 июл хадамоти матбуот навори дигар ва аксҳоеро нашр кард, ки дар онҳо Эмомалӣ Раҳмон ва писараш, раиси палатаи болоии парлумон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Данғара машғули ҷамъоварии ҳосил буданд.

Маҳдӣ Собир, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегӣин андешаро, ки раисҷумҳур ба ин тартиб корзори пешазинтихоботиро оғоз кард, ҷонибдорӣ намекунад. “Президенти Тоҷикистон аз байни халқ баромадааст. Маҳз барои дар бари халқ буданаш ӯро унвони Пешвои миллат доданд. Моҳҳои ахир сафарҳояшон пешакӣ ба нақша гирифта шудаанд ва ба интихобот ягон рабте надоранд»- боварманд аст Собир. Дидори раисҷумҳурро бо деҳқонон коршинос талошҳои ривоҷ додани идеяи амнияти озуқаворӣ медонад, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлат аст.

Қаҳрамонону зиддиқаҳрамонҳо

Шахспарастӣ ё кеши шахсияти президенти Тоҷикистон дар кишвар аз хеле ҳолати доимӣ гирифтааст. Вале дар шабу рӯзи наздик шудани интихобот таваҷҷуҳи вижаро талаб мекунад. «Хабарнигори нав» (Новый репортер) дар як матлабе, ки якуми июл нашр карда буд навиштааст, ки чӣ гуна шабакаҳои давлатӣ дар мавриди ҷанги шаҳрвандӣ як моҳ қабл аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ намоишҳо пахш мекунанд.

Муаллифон ба ин таваҷҷуҳ карда буданд, ки чӣ гуна аз оғози июн дар шабакаҳои давлатӣ сужетҳои ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум бахшидашударо намоиш медоданд ва пасон ҳамарӯза наворҳоро дар бораи як сол баъди соли 1997 бо ҳузури фаъоли президент зимни ифтитоҳи иншооти гуногун нишон доданд.

Дар миёнаҳои июн филми чандсериягии «Хиёнат» руйи оинаи телевизионҳо омад, ки дар он ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ дар барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ ва талошҳои барҳам задани субот дар Тоҷикистон муттаҳам карда мешавад.

Дар остонаи ид филми «Марди роҳ» дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои ӯ ба унвони сарвари давлат намоиш дода шуд.

Зимнан, филми «Хиёнат» бино ба иттилои бархе аз намояндаҳои ҷамъиятҳо дар қаламрави Русия нишон дода шуд. Чунин эълонро дар саҳифаи фейсбукии худ 28 июл роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази фарҳангии тоҷикон» Хуршеда Ҳамроқулова нашр намуд.

Ба ҷуз ин, 15 июл Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон барои баррасии ин филм конфронси илмиву амалӣ ташкил намуд.

Рӯзноманигор Азиз Нақибзод ин гуна ташаббусҳои мақомотро талоши ҳифзи мавқеи худ ном мебарад. “Чун мо камбудиҳои зиёд дорем ин камбудиҳоро мехоҳем бо роҳҳои дигар пӯшонем, яъне бо танқиди мухолифин. Дар ҳоле ки панҷ сол мешавад, ки мухолифин дар кишвар вуҷуд надоранд ва ягон таъсире аз онҳо ба назар намерасад,- таъкид мекунад Нақибзод. Ин тарзи кор ба гуфтаи ӯ, барои боло бурдани обрӯйи мақомот, ки худро ҳамчун неруи таъминкунандаи сулҳу субот ба намоиш мегузоранд, нигаронида шудааст.

“Бидуни анъанаҳо ва сиёсатофариҳо”

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки корзори иттилоотии пешазинтихоботии мақомоти тоҷик аз ҷузъҳои идеологӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ иборат аст, ки таъсирбахшии он дар остонаи интихобот равшантар маълум мешавад.

“Бояд дар хотир дошт, ки таъсири ҳар гуна корзори тарғиботӣ ё пешазинтихоботӣ ҳамчунин аз омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ – яъне сатҳи зиндагии мардум, бекорӣ, даромад ва ғайра вобаста аст. Аз ин рӯ, корзори интихоботии беҳтар – ин беҳтар кардани зиндагии мардум аст”, - тавзеҳ медиҳад сиёсатшинос.

Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон бар асари набуди зарурат ҳанӯз анъанаҳо ва технологияҳои махсуси корзорҳои пешазинтихоботии монанд ба кишварҳои пешрафта коркард нашудааст, ки ба далели он гузаштан аз пропагандаи ҳаррӯза ба корзори интихоботӣ зуд маълум намешавад.

Раиси маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 20 июл қарори баргузории ҷаласаи навбатии муштараки ҳарду маҷлисро имзо кард, ки 6 август баргузор мешавад. Хабаргузории «Азия-плюс» бо такя ба манбаъҳои худ иттилоъ дод, ки дар ин руз таърихи баргузории интихобот таъин карда мешавад.

Сар аз соли 1994 дар ҳама чор интихоботи гузашта бидуни тағйир президенти феълии кишвар Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шудааст.

Ҳеҷ интихоботи Тоҷикистон аз замони касби истиқлол то кунун аз сӯйи ниҳодҳои ғарбӣ ҳамчун интихоботи озоду демкратӣ эътироф нашудааст.

XS
SM
MD
LG