Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи КМИРТ ба даҳ суоли Озодӣ дар бораи интихоботи президентӣ


Ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ. Акс аз моҳи марти 2020
Ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ. Акс аз моҳи марти 2020

Радиои Озодӣ дар охири моҳи август аз раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) Бахтиёр Худоёрзода хост, ки ба даҳ суол дар бораи интихоботи президентӣ посух диҳад. Суолҳо хаттӣ пешниҳод шуда буданд.

Дар оғози моҳи сентябр бо имзои Носирҷон Салимӣ, раҳбари дафтари матбуоти ин ниҳод, ба суолҳо ҷавоб омад. Масъулони Кумисюн гуфтанд, Бахтиёр Худоёрзода ин шабу рӯз "серкор аст" ва наметавонад рӯ ба рӯ бо хабарнигорон суҳбат кунад. Инак, суолҳои пешниҳодии Радиои Озодӣ ва посухи масъулони КМИРТ.

- Дар чанд макон дар Русия, Қазоқистон ва кишварҳои дигар барои райъдиҳандагон имкон фароҳам оварда мешавад, ки дар интихобот иштирок кунанд?

- Бо мақсади таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандоне, ки дар хориҷа ҳастанд, дар 29 давлат 39 қитъаи интихоботӣ ташкид карда шудааст. Аз ҷумла, дар Федератсияи Русия 5 ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон ду қитъаи интихоботӣ ҳаст.

- Оё пандемияи коронавирус ба раванди интихобот чӣ таъсир дорад?

- Вазъияти вобаста ба коронавируси нав мушкилоти ҷаҳонӣ буда, Тоҷикистон танҳо кишваре нест, ки дар ин давра чунин маъракаи сиёсиро мегузаронад. Маълумот аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин давра дар кишварҳои гуногун маъракаҳои интихоботӣ гузаронда шудаанд, ё мешаванд. Комиссияҳои интихоботӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида интихоботро бо риояи чораҳои беҳдоштӣ мегузаронанд.

- Баъзе аз коршиносон пешниҳод кардаанд, ки интихоботи электронӣ ё ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ ба роҳ монда шавад. Чунин чизе таҷриба карда хоҳад шуд?

- Яке аз меъёрҳои байналмилалӣ дар мавриди баргузории интихоботҳои шаффофу демократӣ риояи қонунгузорӣ дар бораи интихобот аст. Вобаста ба ин, Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" интихоботи раёсатҷумҳуриро аз тарафи шаҳрвандон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ муқаррар намудааст. Шакли дигари овоздиҳӣ дар қонунгузории кишвар муқаррар нашудааст.

- Дар интихоботи порлумонӣ аз як силсила қонуншиканиҳо шикоят мешуд, аз ҷумла овоз додани як кас ба ҷойи чанд кас, ба беморон нарасондани имконияти раъйдиҳӣ, тақаллуб дар шумориши оро, дар ду ё зиёда қитъа овоз додани одамон ва ғайра. Ягон кас барои чунин корҳо ҷазо гирифт?

- Ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, инчунин, ба комиссияҳои поёнии интихобот вобаста ба раванди овоздиҳӣ дар интихоботи парламентӣ шикоят ворид нагардидааст.

- Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шикоят мекунад, ки наздики 80 дарсади аъзои комиссияҳои интихоботӣ аз ҳизби ҳокиманд. Ба ин чӣ назар доред?

- Чунин маълумот асоси воқеӣ надорад. Мувофиқи моддаи 17-и қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" узви комиссия бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳо ширкат варзад. Ҳамин тавр, аъзои комиссияи интихоботӣ дар давраи кор узвияти худро дар ҳизб бозмедоранд. Дигар ин ки ба узвияти комиссияҳои интихоботӣ новобаста аз аъзои кадом ҳизби сиёсӣ будан, шахсони ботаҷриба, дорои қобилияти баланди корӣ, ташкилотчигӣ ва хусусияти мусбати шахсӣ пешниҳод карда мешаванд.

- Баробарӣ дар маъракаи таблиғотии номзадҳо чӣ гуна нигоҳ дошта ва назорат карда мешавад? Масалан, яке аз номзадҳо мегӯяд, намоиши президенти амалкунанда дар телевизион бо баҳонаи хабарҳо баробариро аз байн мебарад. Назари КМИРТ чист?

- Мувофиқи моддаи 27-и қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" номзадҳо аз лаҳзаи сабтином шудан барои истифодаи имкониятҳои воситаҳои ахбори умуми кишвар дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқи баробар доранд. То имрӯз Комиссияи марказӣ ягон номзадро ба мансаби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд нагирифтааст. Ҳоло марҳилаи пешбарии номзадҳо идома дорад. Ба ҳар як номзад ба мансаби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телевизиони Тоҷикистон, Сафина, Ҷаҳоннамо, радиои Тоҷикистон, Овози Тоҷик, Садои Душанбе, Фарҳанг ва радиову телевизионҳои маҳаллӣ то 40 дақиқа ва барои шахсони боэътимоди онҳо (якнафарӣ аз ҳар номзад) то 20 дақиқа эфири ройгон ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин барои номзадҳо ба мансаби президент дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ чопи ройгони маводи иттиллотӣ дар ҳудуди 12 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14, кафолат дода мешавад.

- Иштироки хабарнигорон дар бозтоби интихобот чӣ гуна таъмин карда мешавад?

- Иштироки намояндагони воситаҳои ахбори умум дар ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистон бо тартиби иштироки намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ ва маҳаллӣ, ки бо қарори Комиссия аз 19-уми июни соли 2020 қабул гардидааст, муқаррар карда шудааст. Тартиби мазкур дар сомонаи Комиссияи марказӣ ва замимаи мобилии "Интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2020" ҷойгир карда шудааст.

- Бархе аз аҳзоби сиёсӣ ва низ коршиносони мустақил ҷамъоварии тақрибан 260 ҳазор имзоро ба тарафдории номзад ба президентӣ ғайриимкон медонанд. Ба назари Шумо, оё ин як рақами калон нест ва раванди ширкати афрод дар интихоботро душвор ва маҳдуд намекунад?

- Мувофиқи моддаи 65-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ба номзадии президент сабт карда мешавад, ки ҳадди ақал 5 дарсади интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд. Меъёри мазкур бо раъйи мардуми шарифи Тоҷикистон қабул гардида, мустақиман амал мекунад. Ҳамзамон чунин меъёр дар моддаи 24-и қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" низ пешбинӣ шудааст. Чунин таҷруба дар давлатҳои дигар низ мавҷуд аст.

- Афроди зиёде ҳастанд, ки душаҳрвандӣ доранд -- ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ва ҳам аз Русия. Бар асоси қонунҳои интихоботӣ, оё онҳо ҳаққи раъй доданро доранд ё на?

- Созишномаи байни Тоҷикистону Русия дар бораи ба танзим даровардани масъалаҳои душаҳрвандӣ аз 7-уми сентябри соли 1995 баста шуда, аз 26-уми апрели соли 1997 ба қувваи қонунӣ даромадааст. Бино ба он, шахсони дорои душаҳрвандӣ дар ҳолати истиқомати доимӣ доштан дар ҳудуди яке аз давлатҳои тарафи шартнома аз ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандони он давлат, аз ҷумла ҳуқуқи интихоботӣ пурра истифода менамоянд. Шахсоне, ки душаҳрвандӣ дошта, дар ҳудуди Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, дар интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи овоз доданро доранд.

- Бархе аз аҳзоби сиёcӣ дар мавриди тағйири замони интихобот аз моҳи ноябр ба моҳи октябр мулоҳизоти худро доранд ва онро «ғайриқонунӣ» мегӯянд. Назари КМИР чист?

- Тибқи моддаи 55-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъини интихоботи президент ваколати истисноии ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон мебошад. Тартиби таъини интихоботи президентӣ дар моддаи 6-и қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар гардидааст. Тибқи он, интихобот аз тарафи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон на дертар аз ду моҳи ба охир расидани муҳлати ваколати раиси ҷумҳур таъин карда мешавад. Интихоботи президентӣ дар доираи Конститутсия ва қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин гардидааст.

XS
SM
MD
LG