Масъалаи истеъфои Кулеба ва чанд мансабдори дигари баландпояи Украина рӯзи 5-уми сентябр дар “Верховная Рада” (порлумон) баррасӣ шуд.
Вакили мардумӣ Ярослав Железняк гуфт, “порлумон Дмитро Кулебаро аз мақоми вазири корҳои хориҷии Украина барканор кард.”
Вай афзуд, аз зиёда аз 450 вакили “Верховная Рада” (порлумони Украина) 240 нафар ба тарафдорӣ аз қабули истеъфои Кулеба рой додаанд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 5-уми сентябр аз намояндагони порлумон хост, номзадии Андрей Сибиҳа, муовини Кулебаро ба мансаби вазири корҳои хориҷӣ тасдиқ кунанд.
Дмитро Кулеба, дипломати 43-солаи украинӣ, аз моҳи марти соли 2020 вазири умури хориҷии Украина буд.
Тағйири таркиби ҳукумат дар Украина бо гузашти дувуним сол аз оғози таҷовузи Русия ба Украина сурат мегирад. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, овардани вазирону мансабдорони дигари баландпоя барои тақвияти ҳукумат ва бароварда кардани ниёзҳои Украина аст.