Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қазоқистон қонун "Дар бораи ВАО"-ро қабул кард


Порлумони Қазоқистон.
Порлумони Қазоқистон.

Сенати порлумони Қазоқистон 6 июн лоиҳаи қонун "Дар бораи воситаҳои ахбори ом"-ро қабул кард.

Ин лоиҳаи қонунро палатаи поёнии порлумони Қазоқистон моҳи апрели имсол қабул карда буд. Акнун он барои имзо ба президенти кишвар Қосимҷомарт Тоқаев пешниҳод мешавад.

Қонуни нав муҳлати эътибори даъво ба матлаби расонаҳоро аз 3 то ба 1 сол кам карда, замони баррасии дархости воситаҳои ахбори омро аз 7 то ба 5 рӯз коҳиш медиҳад.

Дар лоиҳаи қабулшуда меъёрҳои пешниҳодшуда дар бораи "кортҳои рӯзноманигорӣ" ва "манъи таблиғи муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" шомил нашудаанд.

Қаблан Пажӯҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот ё "International Press Institute" (IPI) гуфта буд, лоиҳаи қонун "Дар бораи воситаҳои ахбори ом", ки дар порлумони Қазоқистон баррасӣ мешавад, метавонад ба вазъи озодии баён дар ин кишвар таъсири манфӣ расонад.

XS
SM
MD
LG