Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷуброни пасту баландии барқро кӣ мепардозад? ВИДЕО


Бӯҳрони чандсолаи барқ дар Тоҷикистон имкон надодааст, ки масъалаи бо кадом сифат ба хонаи мардум расондани нерӯи рӯшноӣ ба таври васеъ баррасӣ шавад. Бархе аз сокинон гуфтанд, гоҳо ба далели пасту баландии шиддати нерӯи барқ даҳҳо ҷиҳози хонаашон "аз кор баромада" ва касе ҳам ҷуброни онро напардохтааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Ҷуброни пасту баландии барқро кӣ мепардозад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

​Ба Зеваршоҳ Маҳмадов – сокини Душанбе – на танҳо доштани нерӯи барқ муҳим аст, балки ӯ ба сифаташ ҳам диққат медиҳад. Чун, ба қавли ӯ, як дафъа зиёни пасту баландии шиддати нерӯи барқро дидааст. "Ду сол пеш ба сабаби пасту баланд шудани барқ, телевизору компютер, яхдон ва магнитофонам корношоям шуданд. Ҷиҳози харобшударо таъмир карда, ба шаҳрдорӣ аз интиқоли бесифати барқ шикоят кардам. Баъд аз якҳафтааш кормандони шабакаи барқи Душанбе ва ноҳияи Сино омаданд", - гуфт Маҳмадов.

Вай афзуд, дертар кормандони Идораи зиддиинҳисорӣ мақомоти шабакаҳои барқи ноҳияи Синои пойтахтро муваззаф кардаанд, то пулеро, ки барои таъмири ҷиҳози хонааш сарф шуда буд, пардохт намоянд.

Бархе аз сокинон гуфтанд, гоҳо ба далели пасту баландии шиддати нерӯи барқ даҳҳо ҷиҳози хонаашон "аз кор баромада" ва касе ҳам ҷуброни онро напардохтааст.

Мақомоти пойтахт гуфтанд, ки вобаста ба интиқоли барқ ва сифати он дар соли гузашта 16 шикояти хаттиву шифоҳӣ гирифтаанд. Насим Каримов, як масъули Шабакаҳои барқи Душанбе гуфт, «бештар аз ҳама дар бораи сифати барқ ба мо муроҷиат мешавад. Мутахассисони мо рафта, дар ҷояш камбудҳоеро, ки ҷой доранд, бартараф мекунанд.»

Бо вуҷуди онки санҷиши сифати барқ содда ба назар мерасад, вале зоҳиран мардум ба он назари ҷиддӣ надоранд. Зеваршоҳ Маҳмадов ҳам мегӯяд, ба ҳамсояҳои худ тавсия додааст, то дар чунин ҳолат ба мақомот ва шабакаҳои барқи маҳалли зисташон нома навишта ва ҷубронпулиро тақозо кунанд. "Фикр мекунам, вақте ки мардум хостҳои худро талаб мекунанд, метавонанд ҳаққи худро бигиранд. То талаб накунӣ, касе ҳаққатро намедиҳад", - афзуд ӯ.

Бино ба муқаррарот, ширкатҳои таъминкунандаи барқ бояд ҷуброни нерӯи бесифатро ба муштарӣ пардохт кунанд. Ба гуфтаи мақомот, барои гирифтани ҷубронпулӣ истифодабарандагон бояд бо ширкатҳои таъминкунандаи барқ шартнома банданд. Сайидаҳмад Ҳайитов, корманди Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энержӣ гуфт, «вале нозирон мушоҳида кардаанд, ки дар аксар ҳол байни истеъмолгарони оддӣ ва ширкати барқдиҳӣ шартнома вуҷуд надорад.»

Фариддин Шоинбеков, муовини раиси иҷроияи Иттиҳоди истеъмолгарони Тоҷикистон мегӯяд, шартномаи таъмини барқ шартномаи оммавист ва бар тибқи қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон бастани он ҳатмӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси қонунҳои соли 2014 бастани шартнома ӯҳдадории худи таъминкунандаи барқ аст.

"Тибқи ГОСТ-ҳои мавҷуда оид ба барқ муайян шудааст, ки интиқоли барқ бояд 220 волт бошад. Ҳадди поин 180 ва ҳадди баландтарин 240. Ширкати таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ки зарари аз сифати пасти барқ расидаро пурра ҷуброн кунад", - гуфт Шоинбеков.

Ин масъули Иттиҳоди истеъмолгарони Тоҷикистон гуфт, ба дафтари онҳо дар мавриди сифати барқ хеле кам муроҷиат мекунанд. Бо ин ҳол Зеваршоҳ Маҳмадов баъди онки ҷиҳози хонааш сӯхт, ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори он дунболи як дастгоҳ рафтааст, ки ҳадди меъёри барқро ҳифз мекунад. Ӯ мегӯяд, дар сурате ки мардум роҳи муроҷиат ба мақомотро намедонанд ваё барои ҳалли мушкилашон бовар надоранд, беҳтар аст, бо чунин дастгоҳ буҷаи хонаводаро аз зиёни эҳтимолӣ эмин нигоҳ доранд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG