Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео дар кишварҳои пасошӯравӣ. Аз "диктатори охирин" то ҳамсояи Тоҷикистон


Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, ҳангоми дидор бо раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар Минск. 1-уми феврали соли 2020
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, ҳангоми дидор бо раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар Минск. 1-уми феврали соли 2020

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар пайи мулоқоташ бо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, хоҳони "пешрафти воқеӣ" дар муносибатҳои дуҷониба шуд. Вай рӯзи 1-уми феврал дар нишасти матбуотии муштарак бо Лукашенко дар Минск гуфт, "бовар дорам, метавонем дар самтҳои гуногун пешрафти воқеӣ дошта бошем."

Лукашенко дар навбати худ ба Помпео гуфт: "Бисёр хуб аст, ки пас аз якдигарнофаҳмиҳои зиёде дар равобити байни Беларус ва Иёлоти Муттаҳида, сӯитафоҳумҳои комилан беасоси маъмуриятҳои пешини Амрико, таваккал кардаву ба Минск омадед, то ин кишварро бубинед. Мардумро бинед, ки чӣ гуна аст. Диктатураи инҷо чӣ гуна аст. Демократия кам аст, ё зиёд."

Ин сафари таърихии Помпео баъди 26 соли он сурат гирифт, ки Уоррен Кристофер, вазири пешини умури хориҷии Амрико, президенти вақт Бил Клинтонро ҳангоми сафараш ба Минск ҳамроҳӣ карда буд. Дар моҳи августи соли 2019 мушовири собиқи амнияти миллӣ Ҷон Болтон бо президенти Беларус мулоқот дошт.

Лукашенко рӯзи 1-уми феврал гуфт, умедвори боз шудани фасли наве дар муносибат бо Амрикост.

Ӯ аз соли 1994 боз президенти Беларус аст ва дар Ғарб бештар бо номи "диктатори охирини Аврупо" машҳур аст. Вай феълан дар пайи беҳбуди равобит бо Вашингтон аст, дар ҳоле ки вобастагии сахти кишварашро дар заминаи таъмини энержӣ ва буҷа аз Русия эътироф мекунад. Помпео гуфт, ширкатҳои амрикоӣ метавонанд дар ин масъала кумак кунанд.

Раиси ҷумҳурии Беларус охири рӯзи 24-уми январи имсол Русияро муттаҳам кард, ки барои ҳамоиши Минск бо Маскав нафт ва гази табииро ҳамчун аҳруми фишор истифода мекунад. "Мо кишвари худро дорем ва мустақил ҳастем. Бо мағзу дасти худ кор мекунем ва кишвари худро месозем. Мо наметавонем бахше аз кишвари дигар бошем. Ҳатто агар ман бо он мувофиқ бошам, белорусиҳо дар зарфи як сол маро зинда ба зинда мехӯранд," -- таъкид кард ӯ.

Равобити Иёлоти Муттаҳида бо Беларус, кишваре бо тақрибан даҳ миллион нафар аҳолӣ, беш аз як даҳаи пеш бад шуд. Замоне ки Вашингтон дар пайи интихоботи президентии соли 2006 дар Беларус ба далели нақзи ҳуқуқи башар ва саркӯбҳои сиёсӣ Лукашенкоро таҳрим кард. Беларус сипас сафири худро дар Вашингтон фаро хонд ва аз намояндаи расмии Иёлоти Муттаҳида хост, кишварро тарк кунад.

Помпео рӯзи 1-уми феврал гуфт, ки Вашингтон ба зудӣ сафири навро дар Беларус муаррифӣ мекунад.

Помпео ба Беларус баъд аз дидораш бо мақомҳои баландпояи Украина рафт. Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 31-уми январ дар Киев қавл дод, ки Вашингтон бо азми қавӣ пуштибониашро аз Украина идома медиҳад. Дар шарқи Украина ҷанг бо ҷудоиталабони рӯ ба Русия идома дорад.

Помпео баъд аз гуфтугӯ бо президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 31-уми январ гуфт, "Амрико дарк мекунад, ки Украина кишвари муҳим аст. Ин на танҳо ба хотири аз назари ҷуғрофӣ дар маркази Аврупо ҷойгир будани кишвар аст, балки ин як сангари миёни озодӣ ва худкомагӣ дар Аврупои Шарқӣ аст."

Вай афзуд, “ИМА мебинад, ки муборизаи Украина барои озодӣ, демократия ва шукуфоӣ як ҷасорат аст. Азми мо барои дастгирии ин ҳама қотеъ аст”.

Дар баробари кумаке, ки кишварҳои аврупоӣ ироа мекунанд, Киев ба кумакҳои дипломативу низомии Вашингтон барои харидани мушакҳои зиддитонкии “Ҷавелин” ва таҷҳизоти дигар умедвор аст. Помпео мақоми баландтарини амрикоист, ки аз замони шурӯи ҷараёни таҳқиқи нобоварӣ ба президенти ИМА Доналд Трамп аз Украина дидан мекунад.

Демократҳо Трампро барои фишор овардан ба Украина дар заминаи шурӯи таҳқиқи ҷиноии як рақиби интихоботиаш ба ивази кумакҳои низомӣ ба Киев айбдор карда, мегӯянд, ӯ аз мансаб сӯиистифода кардааст.

Помпео гӯё қатъ шудани кумакҳои низомиро ба Украина рад кард ва гуфт, бовар намекунад, ки “равобити гарму муҳими мо дар пайи мавзӯи радди салоҳият осеб дида бошад”. Ӯ гуфт, барои сафари Зеленский ба Амрико ҳеч шарте аз ҷониби Кохи Сафед гузошта нашудааст ва ин сафар дар фурсати дуруст барпо хоҳад шуд, аммо нагуфт, ин фурсат кай фаро мерасад.

Сафари Помпео ба Украина ҳамагӣ чанд рӯз баъди он барпо шуд, ки ӯ дар посух ба суоли як хабарнигори шабакаи амрикоии NPR бо қаҳр посух дод: “Шумо фикр мекунед амрикоиҳо дар фикри Украина ҳастанд?”

Пеш аз мулоқот бо вазири корҳои хориҷӣ Вадим Пристайко Помпео дар маросими поси хотири қурбониёни ҷанги шашсола дар шарқи Украина иштирок кард. Ҷанге, ки апрели соли 2014 оғоз ёфт ва то кунун ҷони беш аз 13 ҳазор нафарро гирифтааст. Ин ҳамон соле буд, ки Русия нимҷазираи Қримро ғасб кард, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ ин қаламравро ҳамчун бахше аз Русия эътироф намекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Украина хабар дод, ки Помпео ба равобити қавии миёни ду кишвар таъкид кардааст. Ӯ гуфтааст, дар баробари ин “ИМА ба зарурати суръат бахшидани ислоҳоти муассир дар Украина пойфишорӣ мекунад”.

Табодули тиҷоратии миёни ду кишвар соли 2018 ба 4 миллиард доллар расид ва бахши асосии ин муомилаҳоро захираҳои минералӣ, мошин, оҳану пӯлод ва маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.

Қарор аст, Помпео дар иддомаи сафараш ба Қазоқистон ва Узбекистон ҳам равад. Рӯзи 3-юми феврал дар Тошканд мулоқоти ӯ бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ дар назар аст. Пеш аз ин сафарҳо Помпео дар Лондон буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG