Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашмакаши ходимони пулис ва БДА дар Хоруғ


Як хизматчии нирӯҳои дохилии Вазорати дохилии Тоҷикистон дар Бадахош ба гумони авбошӣ ва баҳамзадани тартиботи ҷамъиятӣ бозпурсӣ мешавад.

Манобеи Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон мегӯянд, ки асноди зарурӣ барои оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи як афсари нирӯҳои дохилии ин вазорат бо ҷурми авбошӣ таҳия ва ба баррасии ВКД ирсол шуд.

Ҷурми ин хизматчии нирӯҳои дохилӣ, ки исмаш оварда намешавад, дар он будааст, ки ӯ рӯзи панҷшанбе дар пайи як ҷанҷол бо ходимони пулиси роҳ ва сипас бо як ҷавони раҳгузар вориди баҳс шуда, сипас ба ҳаво тир холӣ кардааст. Садои тир боиси таҷаммӯи як гурӯҳ ҷавонон дар назди биное шуд, ки дар он низомиён будубош доранд. Ин афсар яке аз низомиёнест, ки баъд аз ҳодисаҳои Хоруғ дар соли гузашта ҳамроҳ бо низомиёни дигари вазорат муваққатан дар ин минтақа мустақар шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, сарбозон се нафар буданд ва дар ҷараёни хархаша аз алфози қабеҳ истифода карданд ва ҳам ба сари ходимони БДА ва ҷавони раҳгузар даст бардоштанд.

Вале манобеи Раёсати умури дохилӣ ҷой доштани ҳодисаи зӯроварии хизматчиҳояш дар ин ҳодисаро рад мекунад ва мегӯяд, ҷурми онҳо танҳо дар ин аст, ки аз алфози қабеҳ истифода карданд ва тартиботи ҷамъиятиро баҳам задаанд.

Гуфта мешавад, ки кашмакаш ва садои тир боиси таҷаммӯи ҷавонҳо шуд ва онҳо танҳо дар ҳоле пароканда шуданд, ки хадамоти амният вайрокунандаҳои тартиботи ҷамъиятиро ба бозпурсӣ бурд.

Муовини сардори раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии вилоят Шагарф Қирғизов тасдиқ кард, ки бо айби хизматчиёни нирӯҳои дохилӣ дар байни онҳо ва нозирони БДА кашмакаш рух дод, вале ҳамзамон таъкид кард, ки нозирони БДА аз ин ҷанҷол осеб надидаанд.

Ба гуфтаи манобеи мо дар Бадахшон, кашмакаш байни хизматчиёни вазорати умури дохилӣ бо нозирони роҳ ва раҳгузарони ҷавон, наздик ба 50 нафар аз сокинони маҳаллиро дар назди қароргоҳи хизматчиён ҷамъ овард ва садои тир теъдоде аз мардумро безобита кардааст.
XS
SM
MD
LG