Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овардани "баклажка" ба бозии "Равшан"-"Истиқлол" мамнӯъ шуд


Мақомот дар шаҳри Кӯлоб иқдомоти ҷилавгирӣ аз эҳтимоли вуқӯи беназмиҳо дар бозии футбол миёни тими «Равшан» ва «Истиқлол» -ро рӯи даст гирифтаанд.

Телевизиони маҳаллии Кӯлоб шоми дирӯз хитоб ба мухлисони ин бозии футбол гуфтааст, ки «бо баклашка ва дигар зарфҳои плостикии обнӯшӣ ба варзишгоҳ наоед!».

Баҳром Рустамов, раиси бахши кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб ва ҳамзамон сардори дастаи «Равшан» рӯзи ҷумъаи 14 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «пешниҳоди манъи вуруд бо баклашкаҳо ва дигар зарфҳои плостикии обнӯшӣ бо дархости Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рӯи даст гирифта шудааст.»

Ҷаноби Рустамов гуфт, ки онҳо мухлисони бозии футболро бо оби нӯшокӣ дар дохили варзишгоҳ таъмин хоҳанд кард. Ба гуфтаи вай, ин иқдомот ба он хотир рӯи даст гирифта мешавад, ки мухлисон бо ҳаво додани «баклашкаҳо ва дигар зарфҳои плостикии обдор» ҷараёни бозӣ дар майдони футболро халалдор накунанд.

Рустамов афзуд: «Мо мухлисонро бо об таъмин мекунем.Тариқи зарфҳои плостикии истифодаашон як маротибагӣ. Ин ба он хотир аст, ки мумкин аст, зарфҳоро ҳангоми бозӣ ва мухлисӣ ба варзишгоҳ партоянд. Шукри Худо, ки дар як соли ахир чунин нашудааст, аммо кормандони милиса барои эҳтиёт ин пешниҳодро карданд. Мухлисон хело боодоб шудаанд ва ҳатто ин саҳар бо ибтикори худашон омада стадионро тоза карданд.»

Масъулони Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ба он хотир чунин тасмим гирифтанд, ки дар баъзе аз бозиҳо мухлисон ҳангоми бурд ё бохти дастаи дӯстдоштаашон аз ҷой баланд мешаванд ва зарфҳои обдори худро сӯи майдон ҳаво медиҳанд. Милисаҳо, ки дар сафи пеш ба хотири назорати тартибот истодаанд, ин зарфҳо аксаран болои онҳо мерезанд.

Аммо Баҳодур, як мухлиси дастаи «Равшан» мегӯяд, дар ҳоле, ки ҳаво аз 37 то 40 дараҷа гарм аст, об нагирифтан бо худ ҳангоми мухлисӣ номумкин аст. Ӯ бовар надорад, ки дар сурати об набурдан, масъулин мухлисонро бо об таъмин намояд.

Аз ин рӯ, Баҳодур мегӯяд: «Ҳамин ҷангу ҷанҷол аз се чиз мешавад. Ё гурусна мемонӣ ё ташна ё дар асабҳоят мерасанд. Ташна, ки шудӣ маҷбурӣ барои об даъво кунӣ. Аз ҳомиёни ҳуқуқ хоҳиш дорам, ки кори худро кунанд, рост бо таҳқир ба чашми мухлисон нигоҳ накунанду паи кори худ бошанд. Агар ҳаминҳо бо камераашон мухлисонро асабӣ накунанд, ҳеҷ гапе намешавад. Ҳама бозиро тамошо карда меравад. »

Дар бозии навбатии миёни дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе аз тамоми минтақаи Кӯлоб кормандони милиса барои назорати тартиботӣ ҷамъиятӣ ҷалб мешаванд. Аммо аксари мухлисон мегӯянд, беҳтараш кормандони милисаи танҳо Кӯлоб ба ин кор кифоя ҳаст, ки мухлисонро ҳам медонанд ва ҳам бо онҳо зуд забон меёбанд.

Шамшоди Назирмад, як мухлиси дигар мегӯяд: «Варзишгоҳи мо ҷои нишасти бисёр надорад. Дар бозиҳо то 30 ҳазор мухлис мехоҳад иштирок кунад. Лекин дар ҳамин ҷои кам, нисфашро милисаҳо мегиранд. Онҳо дар сафи пеш менишинанд ва рост меистанд, ки пеши чашми мухлисонро мегиранд. Барои ҳамин доду вой мешавад, вагарна ҳама мехоҳад, тинҷ тамошо карда биравад. Тартиботи ҷамъиятро назорат кардан хуб аст, лек мухлисонро ҳам бояд ба назар гирифт.»

Ду соли пеш маҳз дар ҳамин шабу рӯз поёнии бозии ин ду даста ба беназмиҳо печида буд. Ҳоло мақомот талош доранд, то пеши роҳи ҳамагуна беназмиҳо гирифта шавад.

Дар ҳамин ҳол бозии футбол миёни дастаҳои «Равшан» -и Кӯлоб ва «Истиқлол» -и Душанбе фардо, яъне рӯзи шанбеи 15 июн ба соати 17.00 баргузор мешавад. Барои доварӣ ба ин бозӣ мутахассион аз хориҷи кишвар даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG