Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрди полис бо ҷавонони тарафдори ҳиҷоб дар Боку


Маъмурони пулис дар Озарбойҷон тазоҳуроти гурӯҳе аз тарафдорони ҳиҷобпӯширо бо зӯриву калтакҳои резинӣ пароканда карданд.

Бештар аз 100 озарӣ дар назди вазорати маориф дар шаҳри Боку ҷамъ омада ва талаб доштанд, ки қарори манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу донишгоҳҳои Озарбойҷон лағв карда шавад.

Дар муассисаҳои таълимии Озарбойҷон пӯшидани ҳиҷоб ва дигар либоси исломӣ манъ аст.

Онҳо дар даст шиорҳое бо мазмуни “Озодӣ ба ҳиҷоб” ва “Ислом пирӯз хоҳад шуд” доштанд. Маъмурони пулис чанд тазоҳургарро барои муқовимат ба онҳо боздошт кардааст.

Вазорати маорифи Озарбойҷон чун дар Тоҷикистон пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу донишгоҳҳоро мамнӯъ кардааст.


Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG