Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ёди Боғшоҳи Лашкарбек


Боғшоҳи Лашкарбек
Боғшоҳи Лашкарбек

Ин марсияро Муҳаммадназар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар марги забоншинос Боғшоҳи Лашкарбек гуфтааст. Ин донишманди шинохтаи тоҷик шаби 2 феврал дар Маскав даргузашт.

Бо ёди Ватан шоҳу гадоён ҳама рафтанд,
Озурда ғарибони пурармон ҳама рафтанд.

Сарҷамъ бурун рафта зи кошонаи рӯзӣ,
Шодон ба макон омада ҳайрон ҳама рафтанд.

Ойинадилон, некварон, ишқпарастон,
Покизатар аз барфи зимистон ҳама рафтанд.

Ҳар рӯз азизе равад аз дасти аҷал зор,
«Мо бо кӣ нишинем, азизон ҳама рафтанд.»

Чун селаи кавгони рав аз кӯҳи Бадахшон,
Хубону хиромону хушилҳон ҳама рафтанд.

Ин Боғи Бадахшӣ ки ба тороҷи хазон рафт,
Бо вай ҳама оҳанги ҳазорон ҳама рафтанд.

Сад оҳу дареғи дили ман гуфта Ғазолӣ.
«Мо монда сари роҳу саворон ҳама рафтанд».

Муҳаммадназар Мирзода, Санкт-Петербург, феврали 2014
XS
SM
MD
LG