Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) зери раҳбарии Ҷаъфар Аҳмадов дар бозии сеюмаш дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2026, ки дар Узбекистон ҷараён дорад, 11-уми апрел тими Афғонистонро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.
Қаблан дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии нахустинаш дар мусобиқаи қаҳрамонии СAFA-2026 бар тими Туркманистон бо ҳисоби 5:1 ва дар бозии дуюмаш бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда буд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2026 дар варзишгоҳи “Дӯстлик”-и Тошканд бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон 13-уми апрел ба поён мерасад.
Пас аз натиҷагирии бозиҳои чаҳор даври мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудааст. Тими мизбон – Узбекистон – бо 7 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад. Ҷойи сеюмро мунтахаби Қирғизистон бо 3 имтиёз ишғол кардааст.
Дар даври охирин, 13-уми апрел, дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Узбекистон рақобат мекунад.
Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2026 байни дастаҳои наврасони то 16-сола
Даври 1-ум
Туркманистон - Тоҷикистон – 1:5
Афғонистон - Қирғизистон - 1:2
Даври 2-юм
Узбекистон – Қирғизистон – 2:1
Туркманистон – Афғонистон – 0:0
Даври 3-юм
Тоҷикистон – Қирғизистон – 4:0
Узбекистон – Афғонистон – 3:0
Даври 4-ум
Тоҷикистон – Афғонистон - 3:2
Узбекистон – Туркманистан – 3:3
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
1.Тоҷикистон - 3 бозӣ, 9 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 12-3
2. Узбекистон - 3 бозӣ, 7 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 8-4
3. Қирғизистон - 3 бозӣ, 3 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 3-7 4.Туркманистон – 3 бозӣ, 2 имтиёз, таносуби тӯбҳо –4-8
5. Афғонистон - 4 бозӣ, 1 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 3-8
Даври 5-ум
13-уми апрел (душанбе)
Қирғизистон - Туркманистон, 13:00
Узбекистон - Тоҷикистон, 16:00