Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии меҳмонон дар 5 бозии даври 11-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон

Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Бозиҳои даври ёздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 12-14-уми июн доир гардиданд.

Дар панҷ бозӣ меҳмонон пирӯз шуданд ва танҳо як дидор бо ғалабаи мизбонон ба поён расид. Дар шаш бозӣ ҳамагӣ 17 гол зада шуд, ки 13-тоаш ба меҳмонон марбут аст.

КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе аз тими меҳмон - “Парвоз” (Фурудгоҳи Хуҷанд) – бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

«Барқчӣ» (Ҳисор) дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ «Хуҷанд» (Хуҷанд)-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. “Равшан»” (Кӯлоб) дар меҳмонӣ «Вахш» (Бохтар)-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. «Ҳосилот» (Фархор) дар сафар бар «Эсхата» (Хуҷанд) бо ҳисоби бузурги 6:1 ғолиб омад.

«Истиқлол»-и Душанбе дар шаҳри Истаравшан бар тими мизбон – “Истаравшан” – бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид. Бозии охирини даври ёздаҳум дар шаҳри Турсунзода миёни дастаҳои “Сардор” ва «Регар-ТадАЗ» баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи “Регар-ТадАЗ” хотима ёфт.

Ҳамчунин бозии мавқуфмондаи даври 9-уми мусобиқа байни тимҳои “Барқчӣ” ва “Парвоз”, ки 16-уми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ сурат гирифт, бо пирӯзии “Барқчӣ” бо ҳисоби 2:0 ба охир расид.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 22 имтиёз зинаи аввалро касб кардааст. Бояд зикр намуд, “Истиқлол” ягона дастаест, ки то ҳоло бохт надорад.

Дастаҳои “Ҳосилот” ва “Регар-ТадАЗ” бо 19-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуюму сеюм ҷойгир шудаанд.

Дастаҳои “Сардор” бо 5 имтиёз ва “Истаравшан” бо 3 имтиёз дар зинаҳои охирини ҷадвал қарор доранд. Дарвоқеъ, “Истаравшан” ягона дастаест, ки то ҳоло шаҳди ғалабаро начашидааст.

Дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра барпо мегардад, ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки имсол дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2026 бозиҳои гузаришӣ барпо мекунад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

ҶойДастаҳоБозӣТ/ТИмтиёз
1“Истиқлол”1013-322
2“Ҳосилот”1020-921
3«Регар-ТадАЗ»1014-721
4КМВА1012-919
5«Равшан»1116-1217
6«Барқчӣ»1113-1715
7«Эсхата»1114-2214
8«Хуҷанд»1110-1013
9“Вахш”1113-1413
10«Парвоз»109-1411
11«Сардор»1012-195
12«Истаравшан»97-153


Марҳалаи дуюм

Даври 12-ум

26-уми июн (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 19:00

«Истаравшан» – «Парвоз»

КМВА – «Ҳосилот»

27-уми июн (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 19:00

«Эсхата» – «Хуҷанд»

«Барқчӣ» – «Вахш»

28-уми июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 19:00

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ»

«Сардор» – «Истиқлол»

XS
SM
MD
LG