Аббос Ароқчӣ аз соли 2013 то 2021 музокиракунандаи баландпоя дар гуфтугӯҳои ҳастаии Теҳрон ва қудратҳои ҷаҳон буд.
Ӯ дар мақоми сафири Эрон дар Туркия ва Ҷопон ва ду сол ба ҳайси муовини вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ кор кардааст.
Дар замоне ки Муҳаммадҷаводи Зариф вазири корҳои хориҷии Эрон буд, Аббос Ароқчӣ мансабдори дувуми бонуфузи вазорат ба шумор мерафт. Як муддат сухангӯйи ҳамин вазорат буд.
Масъуд Пизишкиёни 69-сола дар моҳи июни имсол дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Эрон пирӯз шуд. Интихобот баъди он баргузор шуд, ки раиси ҷумҳури пешин Иброҳим Раисӣ дар тасодуфе бо чархболаш ба ҳалокат расид.