Ин ҳамлаи панҷуми мушакии нерӯҳои Русия ба пойтахти Украина дар моҳи август будааст.
Мақомоти Украина гуфтанд, қабл аз ҳамлаи мушаки навъи “Искандар К” дар Киев, ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин сабт шуд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои мақомоти шаҳри Тернопили Украина, дар ин минтақа сӯхтори калон сар зад ва ба сокинон машварат дода шудааст, ки ҳаракат накунанд. Феълан сабаби сӯхтор маълум нест.