Изҳори нигаронии Иёлоти Муттаҳида аз он аст, ки Русия ин сарбозонро ба зидди Украина истифода хоҳад кард.
Генерал Пэт Райдер, сухангӯйи Пентагон, гуфт, нишонаҳое ҳастанд, ки шумораи ками онҳо аллакай дар вилояти Курск ҷойгир шудаанд. "Ду ҳазор нафари дигар ба он ҷо наздик шудаанд ё ба зудӣ мерасанд," -- афзуд ӯ.
Райдер ба хабарнигорон гуфт, Пентагон барои тасдиқи гузоришҳо дар бораи ҳузури нерӯҳои Куриёи Шимолӣ дар хоки Украина ҳеч иттилоъ надорад.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, гуфт, аз будани низомиёни Куриёи Шимолӣ дар вилояти Курски Русия нигарон аст. Вай хост, дар сурати убури сарбозони Куриёи Шимолӣ ба Украина, нерӯҳои Украина бояд посух гӯянд.