Дар як баррасӣ, ки Пентагон ё Вазорати дифои Амрико ба ҳимояти Конгресси ин кишвар солона ду бор анҷом медиҳад, омадааст, 68 ҳазор сарбози амрикоии мустақар дар Афғонистон ва муттаҳидини онҳо натавонистаанд ҷилави пешрафтҳои Толибонро гирифта, талафоти мулкӣ дар он кишварро маҳдуд созанд.
Вале ба гуфтаи ин гузориш, дар ҳоле ки нерӯҳои амрикоӣ барои хуруҷи комил аз Афғонистон омодагӣ мегиранд, идомаи мавҷудияти махфигоҳҳои амни Толибон дар Покистон ва тавони маҳдуди ҳукумати Ағонистон дар мубориза бар зидди фасод, таҳдидҳои ҷиддиро барои он кишвар ба бор овардааст.
Ин гузориши Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида, ки рӯйдодҳои моҳҳои апрел-сентябри соли ҷориро дар бар мегирад, рӯзи душанбе ба Конгресси Амрико таслим шуд. Дар ин гузориш аз беҳбуди равобит ва коҳиши танишҳо миёни Вашингтону Исломобод низ ёд шудааст. Танишҳое, ки баъд аз ҳамлаи ҳавоии НАТО дар моҳи ноябри соли гузашта, ки 24 сарбози покистониро кушта бар ҷо гузошт, ба вуҷуд омада буд.