Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзҳои сулҳ" дар марз бо Қирғизистон


Дар ҳудуди 20 мактаби воқеъ дар манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз 22 сентябр маъракаи вижае бо номи "Рӯзҳои сулҳ" шурӯъ шудааст.

Аз 22-юми сентябр дар минтақаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон барномаи “Рӯзҳои сулҳ” рӯи даст гирифта мешавад. Давоми як ҳафта хонандагони ҳудуди 20 мактабҳои вилоятҳои Суғду Бодканд бо ҳам вохӯрда, гирди як миз сари масоили ҳамзистӣ сӯҳбат ва маҳфилҳои муштараки фарҳангиву адабӣ баргузор мекунанд. Ҷузъиёти бештари ин мавзуъ дар гузориши ҳамкорамон маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд.

Дар барномаи “Рӯзҳои сулҳ” хонандагони ҳудуди 20 мактаби миёна аз манотиқи наздимарзии Суғду Бодканд иштирок мекунанд. Манотиқе, ки дар чанд соли охир бо муноқишаҳои байни сокинонаш сари соҳибӣ ба обу заминҳои марзӣ ва бунёди роҳҳо дар сархати расонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон қарор дошт ва муносибатҳои суннатии халқҳои ҳамсояи тоҷику қирғиз дар ин минтақа ба сардӣ гароид. Баргузоркунандагони барномаи “Ҳафтаи сулҳ” мегӯянд, ҳадафи аслии онҳо ҳамоиши фарҳангии ҷавонони тоҷику қирғиз ва коҳиши шиддати авзоӣ дар минтақа аст.

Мушаррафа Ҳасанова, раҳбари созмони ҷамъиятии “пайванди шаҳрвандӣ” аз шаҳри Конибодом, аз баргузоркунандагони ин барнома, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи сулҳ ёдоварӣ ба хонандагон аз муносибати суннатии ҳамсоягӣ бо ҳамсояҳои узбаку қирғиз ва умед ба ояндаи нек ва барқарор шудани ҳусни ҳамсоягӣ аст. Ба гуфтаи хонум Ҳасанова, ҳафтаи сулҳ дар мактабҳои рақами 20 ва 49-уми Конибодом бо маҳфилҳои шеърхонӣ ба забонҳои мухталфи, озмунҳои расму бозӣ ва газетаи деворӣ баргузор мегардад.

Ба гуфтаи хонум Ҳасанова, барномаи “Ҳафтаи сулҳ” ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияҳои Бодканд ва Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистонро фаро мегирад. Ӯ афзуд, мулоқоти рӯ ба рӯ ва суҳбатҳои толибилмони тоҷику қирғиз дар минтақаҳое сурат мегирад, ки ин халқҳо дар канори ҳам зиндагӣ мекунанд.

Ин барномаро шабакаи созмонҳои ҷамъиятии Суғду Бодканд, мавсум ба “Водии сулҳ”, ки 14 созмон аз Суғду Бодканд ба он шомиланд, рӯи даст гирифтааст. Тӯли як ҳафта радиои “Салом” ( Бодканд) ва телевизиони СМ – 1 ( Хуҷанд ) барномаҳое аз маҳфилҳои ҳамоиши ҷавонони тоҷику қирғиз дар доираи “Рӯзҳои сулҳ” пахш хоҳанд кард.

Фаррух Аҳроров, раҳбари созмони ҷамъиятии “МҶМ ва Мерси” дар Хуҷанд, аз иштирокдорони ин барнома мегӯяд, мусоидат барои ҷилавгирӣ аз низоъ байни сокинони марзӣ ва коҳиши шиддати авзоъ мақсади аслии онҳо аст. Вай афзуд, созмонҳои ҷамъиятӣ бо пиёда кардани ин гуна барномаҳо мустақиман наметавонанд ба ҳалли масъалаҳои марзӣ даст ёбанд, вале таъкиди ҷонибҳо умдатан рӯи он хоҳад шуд, ки давлатҳои ин кишварҳо сари мушкилоти сокинони марзӣ кор мебаранд ва нигаҳ доштани муносибатҳои суннатии ҳамсоягӣ ва муҳим бидуни муноқишаву тирандозиҳо ва бо роҳи маслиҳат ва мусолиҳа ҳал кардани мушкилот аст.

Барномаи “Рӯзҳои сулҳ” дар ҳоле рӯи даст гирифта мешавад, ки марзҳои Тоҷикистону Узбакистон баста аст ва равуову муносибатҳои иқтисодиву фарҳангии сокинони марзӣ то ҳадди ақал коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Суғду Бодканд дар ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров муносибатҳои ҳамсоядории тоҷикону қирғизҳоро тира карда, мардуми ду тарафи марз ба ин далел аз ширкат дар маҳфилҳои ҳамдигар парҳез мекунанд. Рӯзҳои ҷашни Наврӯз сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон ба фарқ аз солҳои қаблӣ даъвати ҳамсояҳои тоҷикашон барои ширкат дар маҳфили наврӯзии ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфараро напазируфтанд.

Як ҷавон аз ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара, ки нахост аз вай ном бурда шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ҳарчанд роҳҳои марзӣ ба сӯи Исфараву Бодканд дубора боз шудаанд, вале муносибати марзбонҳову сокинони Қирғизистон ба мисли пешина нест: “Пеш мо бо ҷавонони ҳамсояи қирғиз ошноӣ доштем ва якдигарро ба маҳфилҳои ҳамдигар ва ба мусобиқаҳо даъват мекардем. Ҳозир якдигарро бинем, салом медиҳем, тамом. Як рафиқам ба шаҳри Бодканд рафта буд, вақти бозгашт сарҳадбонҳои қирғиз гуфтаанд, ки пул диҳад, набошад, иҷозати убураш намедиҳанд.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мусоҳибам, сокинони оддӣ аз ду ҷониб хостори беҳбуди муносибатҳову равобитанд ва баъд аз созиши ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон сари бунёди роҳҳову пулҳои муноқишаангез умедворанд, ки муносибатҳову робитаҳои дуҷониба мисли пештар гарм хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG