Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чарогоҳи Худоён"-ро дар Бадахшон ёфтаанд


Сафари корӣ ба Бадахшон, барои омодагӣ ба наворгирии филм.

Тобистони имсол дар Бадахшони Тоҷикистон наворбардории филме бо номи «Чарогоҳи Худоён» шурӯъ мешавад, ки қарор аст, дар он ҳунарпешагони тоҷику рус ва фаронсавӣ нақшҳои асосиро иҷро кунанд.

Достони филм ҳам тасвири зиндагии мардуми Бадахшон аст, ки ба гуфтаи муаллифи достон, гӯсфандони кӯҳии онҳоро «париҳои осмонӣ» посбонӣ мекунанд ва агар касе онҳоро озор бидиҳад, ба хонааш мусибат меояд.

Алек Шаҳбозян, яке аз муаллифони сенария ва продюссери филм рӯзи 18-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди сафарҳои батакрор ба Тоҷикистон ва бахусус ба Бадахшон «ошиқи ин сарзамин» шуд ва тасмим гирифт, филмеро дар онҷо ба навор бигирад.

«Мо дар ин филм комилан Тоҷикистони дигареро мехоҳем нишон бидиҳем. На Равшану Ҷамшуд аз барномаи Наша Раша, балки фарҳанги чандҳазорсолаеро, ки метавон ба ҷаҳониён нишон дод.»

Филмро ширкати «Cinema Concept Production» ба навор мегирад ва ба гуфтаи Алек Шаҳбозян умедворанд, ки дар таҳияи филм киностудияи “Тоҷикфилм” низ бо онҳо ҳамкорӣ мекунад.

Интихоби ҳунарпешагон аз моҳи феврал шурӯъ шуд ва қарор аст, то моҳи март идома кунад.

Алек Шаҳбозян дар Помир
Алек Шаҳбозян дар Помир

“Барои иҷрои нақшҳо аз байни ҳунарпешагони рус аллакай интихоб кардем. Дар масъалаи интихоб аз ҳунарпешагони тоҷик ҳоло гуфтӯгуҳо идома доранд, чунки филм ҷиддӣ аст ва мехоҳем, касеро интихоб кунем, ки маҳорати хуби ҳунарпешагӣ дошта бошад.”

Нақши асосиро дар филм Игор Петренко, яке аз ҳунарпешагони маъруфи Русия бозӣ мекардааст. Ба гуфтаи Алек Шаҳбозян, аз Фаронса бо чаҳор ҳунарпеша гуфтӯгу доранд ва яке аз онҳо барои иҷрои нақши духтар даъват мешавад.

Муаллифи филм ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба мақомоти Тоҷикистон барои мусоидат ба наворбардории филм муроҷиат кардааст ва мунтазири посух ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, то кунун баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ ба онҳо гуфтаанд, ки тақозои онҳоро баррасӣ мекунанд.

Саҳнаҳои асосии филм дар Бадахшон ва моҳи июн то август ба навор гирифта мешавад ва ба гуфтаи Алек Шаҳбозян мумкин аст, филм баҳори соли оянда моҳи март, рӯи парда биёяд.

“Мехоҳем, филм моҳи марти соли 2019 намоиш дода шавад, ҳам дар кинотеатрҳои Русия ва ҳам дар Тоҷикистон. Дар рӯзи Наврӯз дар Тоҷикистон. Қасд дорем ба кишварҳои дигар низ филмро бифурӯшем.”

Офарандагони “Чарогоҳи Худоён” аз Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик хостаанд, ки барои филм оҳанг биофарад. Алек Шаҳбозян ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Далер Назаров, рӯи пешниҳоди онҳо андеша дорад.

Дар филми “Чарогоҳи Худоён” албатта ишқи инсонӣ ҳам як бахши асосии он аст ва муҳаббат байни Санҷар ва Париро нишон медиҳад, ки ба моҷароҳое мепечад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG