Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози ҳавопаймоҳои Қазоқистонро ба Аврупо дубора иҷозат доданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳамаи маҳдудиятҳои вобаста ба парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои Қазоқистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бекор шудаанд.

Расонаҳои Қазоқистон рӯзи 31-уми май иттилоъ доданд, ки маҳдудиятҳоро Кумитаи амнияти парвозҳои Кумисюни Аврупо, ки мақомоти ҳавонавардии 27 кишвар ба он шомил мешаванд, бекор кардааст.

Коршиносони Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, дар бахши авиатсияи Қазоқистон беҳбудиҳои назаррас мушоҳида мешавад.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Қирғизистон бо вуҷуди ҷараён доштани гуфтугӯҳо ҳанӯз ҳам дар "рӯйхати сиёҳ"-и кумисюн қарор доранд.

XS
SM
MD
LG