Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Таҳдид ба қатл” дигар нест? Парвандаи 6 муҳоҷири тоҷик ба додгоҳ рафт


Парвандаи шаш муҳоҷири тоҷик, ки дар робита ба қатли варзишгари рус Сергей Чуев боздошт шудаанд, ба додгоҳ расидааст. Ба қавли яке аз вакилони мудофеъ, онҳоро ба “авбошии гуруҳӣ” ва “латукӯб” айбдор мекунанд.

Дар моҳи ноябри соли 2019 гуфта мешуд, онҳо ба “қатл бо маслиҳати пешакӣ” низ муттаҳаманд, аммо вакили мудофеи яке аз гумонбарон гуфт, “ҳангоми тафтиши қазия моддаи таҳдид ба қатл ва дидаву дониста расондани зарари вазнин ба саломатӣ аз парванда берун карда шуд.”

Додситонии ҳавзаи ҷанубу ғарби Маскав, ки қазияро баррасӣ кардааст, ҳанӯз парвандаро шарҳ надодааст.

Гумонбарон – Фаридун Сафаров, Рустам Аминов, Фирӯз Сафаров, Неъматҷон Бобоев, Мирзошавкат Туфалангов ва Меъроҷиддин Аловиддинзода – сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҳастанд. Онҳоро як сол инҷониб дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд.

Игор Кайдан, вакили мудофеи Неъматҷон Бобоев, яке аз гумонбарон, 7-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, додрас аз онҳо хостааст, рӯзи сешанбе ба мурофиа ҳозир шаванд. “Ду айб аз парвандаи ҷавонон гирифта шуд. Се нафари онҳо, аз ҷумла шахси зери ҳимояи ман, Неъматҷон Бобоев, ба латукӯб муттаҳаманд, дигарон ба авбошии гуруҳӣ”, -- афзуд вай.

Сергей Чуев, варзишгари рус, шаби 8-уми июни соли гузашта дар ҳудуди боғи Ландшафтнийи минтақаи Бутовои ҷанубии шаҳри Маскав кушта шуд. Мақомоти Русия шаш муҳоҷири тоҷикро дастгир карда ва гуфтанд, “онҳо ба сару тани ҷабрдида осеб расониданд ва дар натиҷа ӯ ба об афтод. Дар ҳамон ҳолат ҳам латукӯби ӯро идома доданд ва дар натиҷа ӯ ғарқ шуд".

Додситонии Русия гуфта буд, шаҳрвандони Тоҷикистон "ба ҷабрдидаҳои дигар низ таҳдиди қатл карда, бо се нафари дигар ва як ноболиғ кирдорҳои хушунатомез анҷом доданд".

Ҷумъабой Сафаров, падари Фаридун Сафаров, яке аз гумонбарон рӯзи 7-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд муддат аст, ки дар Маскав қарор дорад ва як дафъа бо писараш мулоқот кардааст. Ӯ гуфт: “Фаридун таъкид кард, ки дар рӯзҳои аввали боздошт латукӯб шудааст, вале баъдан чунин ҳолат бо вай рух надодааст.”

Сафаров ба нақл аз писараш гуфт, “онҳо дар марги варзишгар Сергей Чуев худро гунаҳкор намешуморанд ва ба адолати додгоҳӣ умед доранд”.

Гумонбарон дар сохтмони биноҳо дар Русия кор мекарданд.

Боздошти шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2019 дар робита бо марги мармузи варзишгари рус мавриди таваҷҷӯҳи расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Аксҳои рӯ ба девор ва шимҳои даридаву танҳои нимурёни гумонбарон, ки зоҳиран аз ҷониби ходимони полис гирифтаву дар Интернет нашр шуданд, вокунишҳои зиёд дар пай дошт.

Дар Тоҷикистон бисёре аз корбарон ба ин таъкид карданд, ки ҳатто дар ҳолати гунаҳкор будани онҳо полис ҳақ надошт бо гумонбарон чунин рафтор кунад. Ҷониби Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ дар Русия далели чунин рафтори маъмурони полисро пурсиданд, вале зоҳиран ҳеч посух нагирифтанд.

Игор Кайдан, вакили мудофеи яке аз гумонбарон мегӯяд, ба иттилои ӯ ходимони полиси ноҳияи Зюзинский дар ин кор даст доранд, "вале мақомот барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо роҳ надоданд".

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст ва ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар он кору иқомат мекунанд. Дар гузашта бархе онҳо мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегирифтанд, аммо тайи се соли соли охир бештар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав, ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ ва даст доштан дар қатлҳои пурсарусадо муттаҳам шуда, дастгир, зиндонӣ ва ё ихроҷ мегарданд. Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон баъзе аз ин боздоштҳоро саҳнасозӣ медонанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG