Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноӣ ба зидди наврасе, ки ҳамсолашро бо корд зад


Ҳодиса рӯзи 25-уми май дар як хиёбони Ёвон рух додааст
Ҳодиса рӯзи 25-уми май дар як хиёбони Ёвон рух додааст

Ба зидди як хонандаи мактаб аз ноҳияи Ёвон барои бо корд захмӣ кардани ҳамсолаш парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Мақомот аз ӯ ном намебаранд. Пештар баъзе аз манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Х.М. писари раиси бозори марказӣ дар Ёвон аст ва боздошт шудааст.

Ҳамин манобеъ ҷабрдидаро писари муҳосиби собиқи бозор номбар карда буданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 31-уми май дар иттилоияе гуфт, ин навраси 15-сола ба авбошӣ бо истифода аз силоҳ муттаҳам аст. Тибқи қонун ба ӯ аз панҷ то ҳафт сол зиндонро дар назар дорад.

Ҳодиса рӯзи 25-уми май рӯй дод ва ба дунболи он Гулшан Бобизода, мудири маорифи ноҳияи Ёвонро аз мақомаш барканор карданд.

Кордзанӣ чанд сол боз миёни хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон ба мушкили доғ табдил ёфтааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳар сол бо гузарондани амалиёти “Корд” хонандагонро бозҷӯӣ ва садҳо кордро аз онҳо мусодира мекунад.

Дар ҷанҷоле миёни хонандагон дар Кӯлоб моҳи марти соли гузашта як хонандаи синфи 10-ум кушта шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январи соли гузашта як ноболиғи сокини ноҳияи Рӯдакиро барои занозанӣ ва қатли ҳамсолаш ба 11 сол зиндон маҳкум карда буд.

XS
SM
MD
LG