Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори КМИР ва сарони аҳзоб дар ростои интихобот


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон тасмим дорад, бо раҳбарони аҳзоби расмӣ, ки нияти ширкат дар интихоботи парлумониро доранд, мулоқот анҷом диҳад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ё КМИРТ дар доираи барномаи омодагӣ ба интихобот тасмим гирифтааст, ки бо намояндагони ҳизбҳои сабтиномшудаи кишвар, ки барои соҳиб шудан ба курсиҳои Маҷлиси намояндагон вориди корзори интихоботӣ хоҳанд шуд, мулоқот кунад ва сипас бо намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ сӯҳбати ошкор анҷом диҳад.

Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи 2 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз 10 декабр дар доираи барномаи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагон, масъулони Кумисияи мазкур бо раисони 8 ҳизби расмии сиёсии Тоҷикистон мулоқот анҷом хоҳанд дод. Вай афзуд баъди он бо намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ нишасти хабарӣ сурат хоҳад гирифт

Ҷаноби Додоев афзуд, намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихобот дар 68 ноҳия ва шаҳру вилоятҳо оид ба ифтитоҳ ва омодагиҳои ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ бо масъулон мулоқот намуда ива баргаштанд.

Ба иттилои Кумиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, пас аз фармони президентоид ба баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки интизор меравад то 10 декабр сурат гирад, барномаи омодагӣ ба интихобот аз тарафи комиссия рӯи даст гирифта мешавад.

Зимнан бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (БДИПЧ) дар назар гирифтааст, ки ба интихоботи маҷлиси намояндагони Тоҷикистон беш аз 100 нозири худро фиристад.

Интизор меравад, ки интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли оянда баргузор шавад. Дар парлумони кунунии Тоҷикистон ба ҷуз Ҳизби ҳокими халқӣ -демократӣ, ки аксарияти курсиҳо ба он тааллуқ доранд, ҳамчунин аз ҲНИТ, ҲКТ, ҲАТ ва ҲИИ дунафарӣ намояндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG