Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси коррупсия ва стратегияи миллӣ дар парлумон. ВИДЕО


Зимни баррасии тарҳи қонуни мубориза бо коррупсия - фасод ва андоз монеаи аслии рушди ҳама бахшҳои кишвар унвон шуд. Аз рӯи пурсишҳои афкори умум, ҳар нафари дуюм дар Тоҷикистон пора додааст ва сохторҳои ҳифзи қонун ва андозро аз олуда ба фасод мешуморад. Вале масъалаи аслии вуҷуди коррупсия, аз назари мунаққидон, ин аст, ки ба ҷавобгарӣ кашидани афроди бонуфузи олуда ба фасод мушкил аст ва мубориза бо он танҳо дар зинаҳои поёнии мақомоту масъулин маҳдуд мешавад.

Дар кишварҳое, ки низоми идоракунии комили иқтисод аз ҷониби давлат ба низоми бозоргонӣ мегузарад, дар ин марҳила ҳама гуна корҳои коррупсионӣ рушд меёбад. Рашид Ғанӣ Абдулло

Қабл аз қабули қонуни мубориза бо фасод, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аз доман паҳн кардани фасоду ришват изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ин масъала ҳатто дар фазои сармоягузории иқтисоди кишвар ҳам таъсири манфӣ гузоштааст. Зуҳуров мубориза бо фасодро муҳим ва қабули қонунро ҳам ҳатмӣ арзёбӣ кард.

Барои стратегияи рушди миллӣ $ 118 миллиард зарур, агар...

Изҳороти раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар робита ба фасод ва мушкили андоз дар кишвар дар ҳолест, ки вакилони Маҷлиси Намояндагон дар иҷлосияи навбатӣ Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030–ро ба тасвиб расониданд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Ҷаноби Ҳикматуллозода гуфт, барои татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи онро таъмини зиндагии шоистаи мардум арзёбӣ кардааст, ҳудуди 118 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Ҳамчунин ба гуфтаи вазир дар назар аст, ки ҳаҷми ММД сари ҳар сокин ду баробар зиёд гардида, истеҳсоли саноатӣ 4,5 баробар афзоиш ёбад ва Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил хоҳад ёфт.

Ба таъкиди вазири рушди иқтисод ва савдо сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 31 фоизи соли 2015 то ба 20 фоиз дар соли 2020 ва сатҳи миёнаи зиндагии аҳолӣ аз 22 фоизи соли 2015 то ба 30 фоиз дар соли 2020 бояд расонда шавад.

...коррупсия монеа нашавад

Аммо коршиносон аз андешаҳои Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон ҷонибдорӣ карда, коррупсия ва андозро ду омили миёншикани қомати иқтисоди Тоҷикистон унвон кардаанд.

Рашид Ғанӣ Абдулло, як коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки аксарияти соҳибкорон аз сабаби номувофиқ будани андозбандии Тоҷикистон фаъолияташонро қатъ мекунанд ва ин боиси рушд накардани иқтисоди кишвар мегардад. Вай гуфт: “Сари ҳар чанд вақт мо огоҳ мешавем, ки ин ё он ширкати бурунмарзӣ гирифтори мушкил бо сохтори андоз мегардад. Масалан, ширкати Тотал ва чанд ширкати дигар аз аввал гуфта буданд, ки сиёсати андозбандие, ки дар Тоҷикистон татбиқ мешавад, кори онҳоро дар ин кишвар ғайримуфид мегардонад, пас барои онҳо беҳтар аст, ки корро партофта ҷумҳуриро тарк кунанд”.

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Ҷаноби Абдулло меафзояд, коррупсияи Тоҷикистон, ки аз давлатҳои пасошӯравист, аз Русия маншаъ мегирад, чун дар ин давлат коррупсия дар сатҳҳои боло ҷой дорад ва “Тоҷикистон низ аз Русия қафо намемонад”. Ба назари ин коршинос дар кишварҳое, ки низоми идоракунии комили иқтисод аз ҷониби давлат ба низоми бозоргонӣ мегузарад, дар ин марҳила ҳама гуна корҳои коррупсионӣ рушд меёбад.

40 %: коррупсия дар сохторҳои давлатӣ баланд аст

Баҳс бар сари коррупсия дар порлумон дар ҳолест, ки Рустами Эмомалӣ - раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири ҳукумати Тоҷикистон натиҷаи таҳқиқот дар бораи сатҳи фасодкорӣ дар идораҳои давлатӣ ва роҳҳои мубориза бо онро эълон карда буд.

Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Дар пурсиши Оҷонсии зиддифасод 88 ҳазор нафар иштирок карда, аз ҳар 10 нафар 4 нафар гуфтаанд, ки сатҳи фасодкорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ баланд аст. Аз ҷумла, ба ақидаи нисфи пурсидашудаҳо мизони фасоду ришвахорӣ бештар дар ниҳодҳои додситонӣ, гумрук, андоз, пулис бозрасии давлатии автомобилӣ ва мақомоти додгоҳӣ мушоҳида мешавад. Яъне, сохторҳои масъули мубориза бо фасод худашон ба фасодкорӣ олуда будаанд.

Беш аз 30 дар сади пурсидашудаҳо дар посух ба суолҳои Оҷонсии зиддифасод як қатор идораҳои давлатӣ, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, инчунин, масъулони танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро аз ниҳодҳои фасодкор унвон кардаанд.

Порлумон масъалаи бонкҳои "кампул"-ро баррасӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

XS
SM
MD
LG