Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадиқбол Зоҳидовро кӣ латукӯб кард?


Аризаи наздикони Муҳаммадиқбол Зоҳидов ба унвони раиси ҷумҳур.
Аризаи наздикони Муҳаммадиқбол Зоҳидов ба унвони раиси ҷумҳур.

Маҳмадшариф Зоҳидов ва ҳамсари ӯ Сафармоҳ Саидова, сокинони ноҳияи Ҳисор аз президент мехоҳанд, ки дар ошкор кардани омилони латукӯби фарзанди маҳбуси онҳо мусоидат кунад.

Маҳмадшариф Зоҳидов ва Сафармоҳ Саидова - волидони як зиндонии маҳбаси Ваҳдат ("Кирпичний"), ки мегӯянд, фарзанди зиндонии онҳо Муҳаммадиқбол Зоҳидов шадидан дар зиндон латукӯб шудааст, субҳи 28 октябр ба назди Қасри президент омада, ба маъмурони қабулгоҳи дастгоҳи президент гуфтаанд, ки мехоҳанд арзи худро ба президент расонанд.

Маҳмадшариф Зоҳидов ва ҳамсари ӯ Сафармоҳ Саидова мегӯянд, ду рӯз аст, ки ба фарзанди худ дастрасӣ надоранд ва тавре шарикони писари ин ду нафар аз дохили зиндон хабар додаанд, вазъи ӯ рӯз то рӯз бадтар мешавад.

Маҳмадшариф Зоҳидов, падари маҳбус Муҳаммадиқбол Зоҳидов.
Маҳмадшариф Зоҳидов, падари маҳбус Муҳаммадиқбол Зоҳидов.
Падари Муҳаммадиқбол Зоҳидов мегӯяд, то нафаҳмад, ки фарзанди ӯро киҳо дар зиндон ба ин ҳол овардаанд, аз назди Қасри президент намеравад, зеро мегӯяд, умеди охиринаш ҳаминҷост.

Маҳмадшариф Зоҳидов гуфт: "Ман рӯзи шанбе ба раёсати маҳбасҳо рафтам, ба ман иҷоза надоданд ва гуфтанд, ки якшанбе ҳам наоед. Қариб се рӯз боз фарзанди ман аз зарби латукӯб аз гап мондааст, мо наметавонем аз аҳволаш бохабар шавему доруҳои заруриро барем».

Ба қавли Маҳмадшариф Зоҳидов, шаби панҷшанбе ба ҷумъа фарзанди ӯ Муҳаммадиқбол Зоҳидовро дар маҳбаси «Кирпичний» ба андозае латукӯб кардаанд, ки аз ҷояш хеста наметавонад ва фарзандашро барои мулоқот дар рӯи аробаба наздаш овардаанд. Вай субҳи ҷумъа пас аз шунидани хабари латукӯби фарзандаш ба идораи маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рафт ва бо муовини сардори ин ниҳод мулоқот кард.

Бо мусоидати идораи маҳбасҳо дар нимаи дуввуми рӯз Маҳмадшариф Зоҳидов ҳамроҳи ҳамсараш Сафармоҳ Саидова ба маҳбаси шаҳри Ваҳдат рафтанд: «Ба ман рӯзи ҷумъа иҷозаи вуруд доданд, ман писарамро дидам, вай гап зада наметавонист, сару рӯяш сиёҳ шуда, доғҳои лату зарб рӯшан буд, роҳ рафта наметавонист. Вайро бо "каталка" ба назди ман оварданд.»

Сафармо Саидова, модари Муҳаммадиқбол Зоҳидов.
Сафармо Саидова, модари Муҳаммадиқбол Зоҳидов.
Ба нақли Маҳмадшариф Зоҳидов, сардори маҳбас ба вай гуфтааст, ки маҳбусҳо миёни худашон дар соати яки шаб муноқиша кардаанд ва Муҳаммадиқбол ҳангоми занозанӣ ҷароҳат гирифтааст. Аммо ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки ба ҳарфҳои сардори маҳбас бовар надорад ва мехоҳад омилони аслии латукӯби фарзандашро донад.

Муҳаммадиқбол Зоҳидов 10 сол қабл барои роҳзанӣ тибқи моддаи 249, қисми 4 барои 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд. То кунун вай 10 соли давраи ҷазои худро сипарӣ карда, бояд 5 соли дигар дар зиндон бимонад.
XS
SM
MD
LG