Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Паразит" -- намоиши фарқи ҷомеаи сарватмандон ва нодорон


Тақдими ҷоизаи "Оскар"
Тақдими ҷоизаи "Оскар"

Филми "Паразит", барандаи имсолаи ҷоизаи "Оскар"-ро мазҳакаи "сиёҳ"-е ном бурданд, ки шикоф дар ҷомеаи сарватмандон ва нодоронро мавриди истеҳзо қарор додааст. Филми коргардон Пон Ҷун Ҳо ​аз Кореяи Ҷанубӣ, ки ба забони модариаш гирифта шудааст, аз ҷониби Академияи филмсозони амрикоӣ беҳтарин филми соли 2020 номида шуд.

Шаби 9 ба 10-уми феврал дар Лос-Анҷелес бори 92-юм ҷоизаи маъруфи синамои ҷаҳон тақдим шуд ва мисли ҳамеша барои номзадҳояш хабарҳои хубу нохуш дошт.

Филмсози кореягӣ Пон Ҷун Ҳо барои филмаш "Паразит" ё "Муфтхӯр" беҳтарин коргардон номида шуд. Ин филм ҳамчунин дар бахшҳои "Беҳтарин филми хориҷӣ" ва ҳам "Сенарияи ғайриоддӣ" ҷоизаи "Оскар"-ро ба даст овард.

Дар маросими ҷоизасупорӣ, инчунин, Ҳоакин Фениск барои нақши мард дар филми "Ҷокер", Рене Зеллвегер барои беҳтарин нақши зан дар филми "Ҷудӣ", Бред Питт барои нақши дувум дар филми "Рӯзе дар... Ҳолливуд" соҳиби ҷоизаи олии синамо шуданд.

Филми беҳтарини аниматсионӣ "Таърихи бозичаҳо-4” гардид, вале бар хилофи интизориҳо, дар бахши филми хурди аниматсионӣ на мултфилми “Духтар”-и коргардони зодаи Тоҷикистон Даря Кашеева, балки “Ишқи мӯй”-и Мэттю Черри ва Карен Руперт Толивер соҳибҷоиза гардид.

"Оскар" ҳар сол дар 24 бахш тақдим мешавад.

Пон Ҷун Ҳо, коргардони филми "Паразит"
Пон Ҷун Ҳо, коргардони филми "Паразит"

Қиссаи филми "Паразит" аз саргузаштҳои мазҳакавии хонаводаҳои Пак ва Ким қисса мекунад, ки тафовути азими зиндагии сарватмандон ва бечораҳову нодоронро ба намоиш мегузорад. Оилаи Ким, ки поинтарин сатҳ дар як таҳхонаи шаҳри Сеул зиндагӣ мекунад, танҳо аз роҳи сохтани қуттии питса даромад мебинад.

Рӯзе писари ин хонадон бо роҳи фиреб ба хонаи Пак ба кор медарояд ва тадриҷан роҳи аъзои дигари оиларо барои кору зиндагӣ дар қасри Пакҳо боз мекунад. Баробар бо ин, оилаи Ким на танҳо зиндагии худро беҳтар мекунад, балки хидматгорони дигареро, ки дар хонадон нон меёфтанд, ба ҳолати вобастагӣ аз худ қарор медиҳанд.

Шореҳон мегӯянд, тамошобин дар ҷараёни филм пайваста посухи ин суолро меҷӯяд, ки билохира дар ин қисса муфтхӯр кист ва қаҳрамони асосии филм кӣ аст – оилаи Кимҳои нодору бечора, ки бо роҳи фиребу найранг ба мақом даст меёбад, хонаводаи Пак, ки кораш айшу ишрат аст ваё ҷомеаи Корея, ки шароити зиндагиро барои чунин Пакҳову Кимҳо фароҳам овардааст?

Мунаққидон мегӯянд, ин филм истеҳзо ё мазҳакаи тарзи зиндагӣ дар Кореяи Ҷанубӣ аст, ки ҷомеаро ба ду тақсим кардаву як бахшро дар тарафи сафед ва қишри дигарро дар тарафи сиёҳи зиндагӣ қарор додааст.

Коргардон Пон Ҷун Ҳо беибо бисёр саҳнаҳоро аз зиндагии воқеии имрӯзаи мардуми кишвараш нусхабардорӣ кардааст.

Худи Пон Ҷун Ҳо, ки дар маросими ҷоизаи "Оскар" ба забонҳои омехтаи кореягиву англисӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ҳадафи онҳо танҳо ишора кардан ба воқеиятҳои як кишвар набуд: "Навиштани сенария ҳамеша батанҳоӣ анҷом мешавад. Мо ҳеч гоҳ ба хотири танҳо муаррифии кишвари худ кор намекунем. Вале ин нахустин “Оскар”-и Кореяи Ҷанубӣ аст."

Бархе дар ин филм воқеиятҳои сиёсати кунунии Кореяро ҳам дарёфта мегӯянд, дар филм ба мушкилоти иқтисодии кишвар зери раёсати президент Мун Чжэ Ин ишора шудааст. Худи Мун дар паёми табрикиаш гуфт, “ин филм дилҳои мардумро дар саросари ҷаҳон бо як қиссаи ноби кореягӣ тасхир кард”.

Оҷонсии “Рейтерс” менависад, баъди солҳои 1950-53-и нимҷазираи Корея ва ба ду тақсим шудани кишварҳо, боз ҳам имрӯз Кореяи Ҷанубӣ аз назари бисёр сокинонаш ояндаи номуайян дорад. Бар асоси як пурсиши Пажӯҳишгоҳи умури беҳдошту масоили иҷтимоӣ, ки як ниҳоди наздик ба ҳукумат аст, 85 дарсади мардум гуфтаанд, дар кишвар шикоф ё тафовути шадиде миёни қишри дорову нодор вуҷуд дорад ва барои муваффақ шудани инсон дар ин кишвар ӯ бояд аз оилаи доро бошад.

Филми “Паразит” ба ҳамин вижагиҳои кишвар ишора мекунад ва зоҳиран ба ҳамин хотир ҳам тавонист мавриди ситоиши филмсозони ҷаҳон гардад.

XS
SM
MD
LG