Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз мина гурехтанд ва ба зиндон афтоданд


Намое аз шаҳри Панҷакент. Акс аз бойгонӣ.
Намое аз шаҳри Панҷакент. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи Панҷакент ду сокини зиндамондаи ин ноҳия аз таркиши мина дар марзи Узбакистонро барои убури ғайриқонунии сарҳад, аз панҷ то ҳафт сол равонаи зиндон кард.

Ду сокини ноҳияи Панҷакент, ки аз таркиши мина дар марзи Узбакистон зинда монда буданд, барои убури ғайриқонунии сарҳад, аз панҷ то ҳафт сол зиндон шуданд. Додгоҳ бар асоси моддаи 335, банди 2, яъне “убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо маслиҳати пешакӣ” Ниёз Шодмоновро барои панҷ сол ва Улфат Мухторовро барои ҳафт сол равонаи зиндон кард.

Тавре аз ҳукми додгоҳ бармеояд, чаҳор сокини Панҷакент моҳи октябри соли 2015 бо маслиҳати пешакӣ бо қасди дуздӣ вориди марзи Узбакистон мешаванд. Аммо ҳангоми 250 метр вориди хоки Узбакистон шудан, Сиддиқ Субҳонови 28-сола ва Сафаралӣ Тошеви 36- сола, сокинони деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакент ба ҳалокат мерасанд. Ниёз ва Улфат, ки ҳамакнун бо ҳукми додгоҳ пушти Панҷара рафтанд, пас аз инфиҷори мина ба хоки Тоҷикистон бозпас мегарданд. Ҷасади ду сокини ҳалокшудаи Панҷакент танҳо пас аз панҷ рӯз аз ҷониби марзбонони узбак ба наздиконашон супурда мешавад.

Урунбой Субҳонов, падари Сиддиқ, яке аз ҳалокшудагон аз таркиши мина, рӯзи 23-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро бо роҳи фиреб вориди хоки Узбакистон кардаанд. Ӯ гуфт, дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳамчун шоҳид аз аввал то охир ширкат дошта, ба ҳукми додгоҳ ҳеҷ эътироз надорад, вале боздошт нашудани таҳрикдиҳандагони аслӣ дар ин ҳодиса, ӯро нигарон кардааст.

-Ҳукм нисбат ба ин ду нафар дуруст буд. Лекин кори асосиро Шодмонов Маҳмадшариф, бародари Ниёз Шодмонов карда буд, ки ҳоло номаълум дар куҷо ҳаст. Ҳамин тавр ду каси дигар низ бо онҳо шарик буданд, ки то ҳол ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд. Шодмоновҳо ба ман қасос доштанд ва чун дар Русия будам, онҳо аз ин истифода карда, писарамро ба куштан доданд. Хоҳиш мекунам, ӯ ҳам боздошт ва ҷазо дода шавад,-гуфт, Урунбой Субҳонов.

Ба гуфтаи падари ин ҷавони кушташуда, Маҳмадшариф Шодмонов ин нафаронро дар хонаи худ ҷамъ карда, ба Узбакистон фиристодааст, вале пас аз сар задани ҳодиса, ба Русия фирор мекунад.

Наздикони афроде, ки дар убури марз ва ба куштан додани ду ҳамроҳашон муттаҳам мешаванд, аз ҳукми додгоҳ норизоянд. Қайюм Алиев, наздикони яке аз маҳкумшудаҳо 23-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мекунанд. Ӯ гуфт, наздикони онҳо на барои дуздӣ вориди хоки Узбакистон шудаанд, балки ҳангоми шикор ноогоҳона марзро убур кардаанд.

-Онҳо якҷоя шикор рафта буданд. Ҳеҷ нақшае надоштанд, вале чун ҳаво торик мешавад, роҳгум мезананд ва ин ҳодиса рух медиҳад. Онҳо омада, аз ин кор ҳамаро огоҳ карда буданд. Мутаассифона додгоҳ қазияро ба дигар шакл баррасӣ кард, ки мо аз он шикоят мекунем,-гуфт,Алиев.

Зокирбой Урунов, раиси маҳаллаи Фароби ноҳияи Панҷакент 23-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, пайваста сокинонро огоҳ месозанд, ки ҳангоми гаштугузор дар мавзеҳои наздимарзӣ эҳтиёт бошанд, зеро аксари ин мавзеъҳо минкорӣ шудаанд.

Ҳукми додгоҳ ба ду сокини марзшикан дар ҳолест, ки соли гузашта ҳангоми нопадидшудани ду сокини ноҳияи Панҷакент сару садо пайдо шуд, ки онҳо аз ҷониби сарҳадбонони Узбакистон бо зарби тир кушта шудаанд.

Раёсати сарҳадбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пас аз тамос бо ҳамтоёни узбаки худ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки 6 сокини ноҳияи Панҷакент ба 300-метрии хоки Узбакистон ворид шуда, бар асари таркиш ду нафари онҳо фавтида ва чаҳор нафари дигар ба дохили Тоҷикистон фирор карда пинҳон шудаанд.

Бино ба иттилои Маркази миллии Тоҷикистон оид ба поккорӣ аз минаҳо, то ҳол 11,2 километри мураббаъ майдон дар ин кишвар аз мина ва дигар маводи тарканда поксозӣ нашудааст. Аммо дар маҷмӯъ, тайи даҳ соли охир 190 майдони минадор дар 14 ноҳияи кишвар, ба вижа дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон поксозӣ шуда, беш аз 12 километри мураббаъ аз мина озод карда шудааст. Шумори қурбониёни таркиши минаҳо дар 15 соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 800 нафар арзёбӣ мешавад, ки 90 дарсади онҳо сокинони осоиштаанд.

Бино ба маълумоти созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ҳоло 350 ҳазор нафар дар минтақаҳои хатарнок ба сар мебаранд. Тоҷикистон узви Аҳдномаи Оттава мебошад ва тибқи он бояд то якуми апрели соли 2020 ҳудуди ин кишвар аз минаҳову маводи тарканда поккорӣ шавад.

XS
SM
MD
LG