Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулчинии «Помир энержӣ» бо шеваи "Бародарӣ - баробарӣ"


Нирӯгоҳи "Помир-1"
Нирӯгоҳи "Помир-1"

Сокинони навоҳии дурдасти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, ширкати «Помир энержӣ» аз онҳо пули барқро новобаста аз миқдори масрафкардаашон меситонанд.

Саодатшо Амонатов, сокини минтақаи Язғуломи ин вилоят мегӯяд, бо вуҷуди он ки шиддати қувваи барқ, ки то манзили сокинон мерасад, хеле паст аст, «ҳар моҳ масъулони ширкат меоянд ва мегӯянд, ки ин моҳ ҳар як хонавода бояд, барои мисол, 30 сомонӣ пули барқ супоранд. Онҳо як ҳисобкунаки калонро дар назди худи нерӯгоҳ насб кардаанд ва охири ҳар моҳ барқи масрафшударо чен карда, бр сари аҳолӣ баробар тақсим мекунанд.»

Ҷаноби Амонатов афзуд, ки қувваи барқи то ба манзилҳои сокинон мерасида ҳудуди 36 волт аст ва лапочкаҳои маъмулӣ бо ин қувваи барқ кор намекунанд. Бинобар ин сокинон баҳри рӯшан кардани хонаҳояшон аз лампочкаҳои хурди 18-волта истифода мекунанду халос. Ба таъкиди ин сокини Язғулом, дар ин мавзеъ сокинон наметавонанд аз дигар таҷҳизоти барқӣ бо сабаби паст будани қувваи барқ истифода кунанд.

Шеваи ғайриоддии чидани пули барқ дар Бадахшон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00
Линки мустақим


Айни чунин шикоятҳоро дар сӯҳбат ба Озодӣ сокинони Дарвоз, Мурғоб ва Ванҷ арза доштанд. Аммо сокинони шаҳри Хоруғ мегӯянд, онҳо низ чанд соли пеш айни чунин мушкилро доштанд ва борҳо ба ширкати «Помир энержӣ» шикоят ҳам бурданд ва ширкат дар хонаи ҳар сокини ин шаҳр ҳисобкунаки рақамӣ насб кард. Онҳо мегӯянд, акнун пули ҳамон миқдор барқеро пардохт мекунанд, ки бевосита масраф кардаанд.

Масъулони ширкати «Помир энержӣ» ба далели дар сафари кории хориҷӣ будани роҳбари ширкат Далер Ҷумъаев аз изҳори назар дар ин маврид худдорӣ карданд. Танҳо як масъули ширкат ба шарти набурдани номаш гуфт, ки навоҳии Бадахшон аз ҳам дур-дур ҷойгиранд ва талафоти барқ дар роҳ хеле зиёд аст. Агар ширкат дар хонаи ҳар сокин ҳисобкунаки алоҳида насб кунад, онгоҳ маҷбур мешавад ин талафоти барқро худаш ҷуброн кунад, на аҳолӣ.
Аммо ин масъули ширкат гуфт, «Помир энержӣ» бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ кӯшиш мекунад, ки сокинони ноҳияҳои дурдастро низ бо ҳисобкунаки рақамӣ таъмин созад.

Вале Фаридун Шоҳинбеков, корманди Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон мегӯяд, талаби ширкати «Помир энержӣ» аз сокинон ҷиҳати пардохти миқдори баробари пул барои барқ ғайриқонунӣ аст: «Мувофиқи банди 6-и қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», ҳар як муштарӣ бояд пули ҳамон миқдор мол ва ё хадамотеро пардохт кунад, ки худаш бевосита истеъмол кардааст. Фарқ намекунад, ки ширкат хусусӣ аст ва ё давлатӣ. Бояд муштариён ҳамон миқдор пуле бидиҳанд, ки мол, хадамот ва ё ягон хидмати дигарро истифода кардаанд, на оне ки ширкат талаб мекунад.»

Агар дар даврони шӯравӣ сокинони Бадахшон дар амри истифодаи барқ имитиёз доштанд ва дар қиёс бо дигар манотиқи Тоҷикистон барқро арзонтар мехариданд, ҳоло вазъ баръакс шудааст. Сокинони Бадахшон як киловатт/соат барқро аз ширкати «Помир Энержӣ» бо арзиши 13 дирам, яъне ду дирам гаронтар аз сокинони дигар манотиқи Тоҷикистон харидорӣ мекунанд.

Ширкати «Помир энержӣ» лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон, Бунёди Оғохон ва Корпоратсияи байналмилалии молӣ, як ниҳоди марбут ба гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ва Ожонсии рушди Швейтсария аст. Ҳаҷми умумии ин лоиҳа 26, 5 миллион доллари амрикоӣ буда, танҳо 10 миллион доллараш саҳми давлати Тоҷикистон аст.

Шартнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ин созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди баҳрабардорӣ аз нирӯгоҳи Помир барои 25 сол баста шудааст ва танҳо баъди он ин ширкат бо тамоми дастгоҳҳои тавлиду интиқоли нирӯи барқаш ба ихтиёри ҳукумати Тоҷиикистон мегузарад.
XS
SM
MD
LG