Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 ҷангҷӯи Толибонро ба дор овехтанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Покистон 4 ҷангҷӯи Толибонро, ки дар ҳамлаи хунин ба як мактаб муҷрим шинохта шудаанд, ба дор овехтанд.

Мақомоти Покистон рӯзи 2 декабр 4 мардро ба далели ширкаташон дар ҳамлаи хунини як соли пеши ҷангҷӯёни Толибон ба мактаби ҷамъиятии артиши Покистон ба дор овехтанд. Мақомоти амниятии Покистон гуфтанд, ин 4 нафарро, ки ҳукми қатлашон рӯзи 13 август содир шуда буд, рӯзи чоршанбе дар саҳнаи зиндони марказии шаҳри Кӯҳат ба дор кашидаанд.

Ҳамлаи рӯзи 16 декабри ҷанҷӯёни Толибон ба мактаби таҳти идораи низомиҳо дар шаҳри Пешовар дар шимолуғарби Покистон 151 кушта ба ҷо гузошт. Аксари қурбониёни он ҳамла, ки масъулияташро гурӯҳи ситезаҷӯи Таҳрики Толибони Покистон бар ӯҳда гирифт, толибилмони ноболиғ буданд. Дар ин мактаб асосан фарзандони афсарони покистонӣ таҳсил мекарданд.

Ин ҳамлаи хунин боис шуд, ки Покистон саркӯби ифротгароёнро боз ҳам тақвият дода, аз ҷумла мораторий ба иҷрои ҳукми эъломро, ки аз соли 2008 ҷорӣ карда буд, лағв кунад. Баъди лағви ин мораторий, бино ба ҳисобҳо, наздики 300 нафар эъдом шудаанд, вале асосан афроди дастдошта дар ҷиноятҳои сангин, на ҷангҷӯён.

4 нафаре, ки рӯзи 2 декабр ҳукми эъдомашон иҷро шуд, нахустин нафарон аз афроди дастдошта дар ҳамлаи хунини Пешоваранд, ки ҳукми қатлашон ба иҷро расид. Ҳамаи онҳо марбут ба гурӯҳи Тавҳидвол Ҷиҳод, як шохаи то ҳол ноошнои Толибон будаанд.

Таҳрики Толибони Покистон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки бо ҳадафи бунёди давлати исломӣ дар Покистон чандин сол боз алайҳи нирӯҳои давлатӣ меҷангад. Ҷангҷӯёни Толибон бахусус дар сарзаминҳои қабиланишини шимоли Покистон, дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон фаъоланд.

Бо ин ҳол, наздикони қурбониёни ҳамлаи як соли пеш ва ҳамин тавр, онҳое, ки аз он ҳамла ҷон ба саломат бурданд, ба дор овехтани 4 тан аз ҳамлагаронро бо қаноатмандӣ пазируфтаанд.

Ваҳид Анҷум, ки дар рӯзи он ҳамла 17 сол дошт ва дар он мактаб таҳсил мекард, аз ду даст ва сари синааш се тир хӯрда буд. Ӯ ба хабарнигори Франс Пресс гуфтааст, ки “бояд тамоми ҳамлагарони дигарро низ дастгир кунанд, касе аз онҳо набояд амон ёбад.”

Малик Тоҳир Овон, ки дар ҳамлаи Пешовар писарашро аз даст додааст, низ ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, “ҳамаи онҳое ки дар ҳамла ба мактаби ҷамъиятии артиш ба гунае даст доштанд, бояд ба дор кашида шаванд. 16 декабр, ки наздик меояд, рӯзест, ки ман писарамро аз даст додам. Ва ман ҳеҷ гоҳ ин рӯзи сахтро фаромӯш карда наметавонам.”

Сарвазири Покистон Навоз Шариф моҳи ноябр аз раисиҷумҳур хоста буд, то дархости афви ин 4 маҳкум ба қатлро рад кунад.

Фармони ба дор кашидани ин 4 ҷангҷӯро, ки бо ҷурми даст доштан дар қатли даҳҳо тифли бегуноҳ маҳкум ба қатл шуда буданд, чанд рӯз пеш фармондеҳи артиши Покистон генерал Роҳил Шариф содир кардааст.

XS
SM
MD
LG