Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо Tbilisi Grand Slam 2026, ки рӯзҳои 20-22-юми март дар пойтахти Гурҷистон доир гардид, ноком шуданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тифлис 386 варзишгар (236 мард ва 150 зан) аз 51 кишвари чаҳор қораи ҷаҳон ширкат доштанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш нафар варзишгарони ҷавони аз 18 то 22-сола дохил буданд, ки дар сабқати мардон рақобат карданд: -60 кг – Рамзиддин Азизов, -66 кг – Искандар Маҳмадхоҷазода, -81 кг – Сайфиддин Сайфиддинзода, -81 кг – Абубакр Шеров, -90 кг – Ардашери Ҳамза ва -90 кг — Озаррахш Ҳомидов.
Рақобатҳои паҳлавонони ҷавони тоҷик дар ин мусобиқаи пурнуфуз аз он шаҳодат дод, ки онҳо нисбат ба рақибони пуртаҷрибаашон хеле заиф буданд ва бинобар ин, дар даврҳои муқаддамотӣ ба шикаст мувоҷеҳ шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Исроил бо касби 5 медал (3 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Русия бо касби 7 медал (2 тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) зинаи дуюм ва мунтахаби Гурҷистон бо касби 6 медал (2 тило ва 4 биринҷӣ) зинаи сеюмро ишғол карданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишонҳои биринҷӣ бо 1500-евроӣ мукофотонида шуданд. Инчунин варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ гаштанд.
Зимнан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли гузашта низ дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 дар ҳайати ҳашт варзишгар дар сабқати мардон иштирок карда, бе медал монда буд.
Умуман, дар таърихи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тифлис паҳлавонони тоҷик танҳо як медал гирифтаанд, ки ба Шаҳбоз Саидаброров марбут аст. Вай соли 2021 дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.
Ғолибону ҷоизадорони Tbilisi Grand Slam 2026:
Мардон
-60 кг
1. АШПИЗ Ижак (Исроил)
2. ДОМБУУ Ачити (Русия)
3. ҚУЧҚОРОВ Самариддин (Узбекистон)
3. ОРИНБАССАР Талгат (Қазоқистон)
-66 кг
1. СЕРИКБОЕВ Нурқанот (Қазоқистон)
2. БАЙРАМОВ Туран (Озарбойҷон)
3. АБДУЛЛОЕВ Рамазон (Русия)
3. ГИГАУРИ Торнике (Гурҷистон)
-73 кг
1. ВАЛЕРИАНИ Леонардо (Италия)
2. ОЛИН Валттери (Финляндия)
3. ЛОЛАДЗЕ Георгий (Гурҷистон)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)
-81 кг
1. АЛБАЙРАҚ Ваҳдат (Туркия)
2. СВИДРАК Михаил (Украина)
3. СИМИН Михаил (Сербистон)
3. КАССЕ Матиас (Белгия)
-90 кг
1. МАЙСУРАДЗЕ Лука (Гурҷистон)
2. МАЙДОВ Неманя (Сербистон)
3. ҶАВАХИШВИЛИ Лука (Гурҷистон)
3. ШИМИДТ Гилерме (Бразилия)
-100 кг
1. БИФОВ Идар (Русия)
2. БИЛОЛОВ Ниёз (Русия)
3. КАТАРИНА Симеон (Нидерланд)
3. ФЛОРЕНТИНО Роберт (Ҷумҳурии Доминикан)
+100 кг
1. ДЕМЕТРАШВИЛИ Ираклий (Гурҷистон)
2. КОНЕ Лоссени (Олмон)
3. ИНАНЕИШВИЛИ Саба (Гурҷистон)
3. СПАЙКЕРС Ҷур (Нидерланд)