Дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо Tokyo Grand Slam 2025, ки рӯзҳои 6-7-уми декабр дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио - доир гардид, паҳлавонони тоҷик натавонистанд медал бигиранд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар охирин мусобиқаи мавсими имсола “Тоскулоҳи бузург”-и Токио 303 гуштигир (169 мард ва 134 зан) аз 41 кишвари ҷаҳон иштирок кард.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа шаш паҳлавон муаррифӣ намуд: Обид Ҷебов, Мусаниф Миробов (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 81 кг), Мизробшо Лоиқов (-90 кг) ва Муҳсин Малаев (-100 кг).
Аз байни онҳо натиҷаи Обид Ҷебов беҳтар аст. Вай дар вазни то 66 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Герман Кобетс аз Русия дастболо шуд. Аммо Ҷебов дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Шинсеи Ҳаттории 21-солаи ҷопонӣ мағлуб гардид. Сипас Обид дар даври тасаллобахш бар Даикии Боуба аз Фаронса ғолиб омад. Вале паҳлавони 27-солаи тоҷик барои медали биринҷӣ аз қаҳрамони феълии ҷаҳон Такеши Такеокаи 26-солаи ҷопонӣ ноком шуда, дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.
Дарвоқеъ, соли гузашта дар Tokyo Grand Slam 2024 медали ягонаи Тоҷикистонро Обид Ҷебов ба даст оварда буд. Вай дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Ҳината Онои ҷопонӣ дастболо шудааст.
Дар Tokyo Grand Slam 2025 Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Ҷангарай Нергуи аз Муғулистон ғалаба кард. Аммо паҳлавони 30-солаи тоҷик дар даври 1/8-ниҳоӣ аз Маттиас Кассеи 28-сола аз Белгия шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Чаҳор паҳлавони дигари тоҷик дар даври аввал ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза бенасиб монданд. Мусаниф Миробов дар вазни то 66 кило аз Чаниёнг Ким (Кореяи Ҷанубӣ), Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило аз Сотаро Фуҷивара (Ҷопон), Мизробшо Лоиқов дар вазни то 90 кило аз Ҳидетоши Токумочи (Ҷопон) ва Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кило аз Михал Йедржевский (Лаҳистон) мағлуб шуданд.
Барномаи Tokyo Grand Slam 2025 чунин буд:
6-уми декабр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг,-63 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
7-уми декабр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -70 кг,-78 кг, +78 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг байни мардон.
Дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2025 дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 37 медал (11 тило, 11 нуқра ва 15 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Русия бо касби 5 медал (1 тило, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи дуюмро гирифт. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 3 медал (1 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол намуд. Тоҷикистон бо як ҷойи панҷум зинаи 15-умро азони худ кард.
Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал тӯҳфаҳои молӣ тақдим гардид. Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евро муқаррар шуда буд: барои ҷойи 1-ум 5000 евро, барои ҷойи 2-юм 3000 евро ва барои ҷойҳои 3-юм 1500-евроӣ.
Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи мазкур соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо шуданд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз гирифтанд.
Ғолибону ҷоизадорони Tokyo Grand Slam 2025:
Мардон
-60 кг
1. Ҳаято КОНДО (Ҷопон)
2. Таики НАКАМУРА (Ҷопон)
3. Харим ЛИ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Рюдзю НАГАЯМА (Ҷопон)
-66 кг
1. Ҳифуми АБЕ (Ҷопон)
2. Каири КЕНТОКУ (Ҷопон)
3. Шиншеи ҲАТТОРИ (Ҷопон)
3. Такеши ТАКЕОКА (Ҷопон)
-73 кг
1. Руюга ТАНАКА (Ҷопон)
2. Кеито КИХАРА (Ҷопон)
3. Уранбаяр ОДГЕРЕЛ (Муғулистон)
3. Сюсуке УЧИМУРА (Ҷопон)
-81 кг
1. Юсей ОИНО (Ҷопон)
2. Сотаро ФУҶИВАРА (Ҷопон)
3. Темур АРБУЗОВ (Русия)
3. Ёшито ХОҶО (Ҷопон)
-90 кг
1. Санширо МУРАО (Ҷопон)
2. Гоки ТАҶИМА (Ҷопон)
3. Комеи КУБАТА (Ҷопон)
3. Георгий ҶАБНИАШВИЛИ (Гурҷистон)
-100 кг
1. Иля СУЛАМАНИДЗЕ (Гурҷистон)
2. Дота АРАИ (Ҷопон)
3. Рётаро МАСУЧИ (Ҷопон)
3. Матвей КАНИКОВСКИЙ (Русия)
+100 кг
1. Валерий ЕНДОВИТСКИЙ (Русия)
2. Хёга ОТА (Ҷопон)
3. Канта НАКАНА (Ҷопон)
3. Инал ТАСОЕВ (Русия)